Дӯстӣ неъмати бебаҳост. Дар ашъори Мирзо Турсунзода мавзуъҳои сулҳу амонӣ ва дӯстиву рафоқат чун гушту нохун ба ҳам пайвастанд, зеро ҳама медонем, ки сулҳу амонӣ ба туфайли дӯстиву рафоқат боз ҳам пойдору устувор мегардад. Ин маънӣ дар шеъри «Дӯстонро гум макун» сода ва хеле самимӣ таъкид гардидааст:
То тавонӣ дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,
Мушкилосонкункасонро гум макун.
Шеъри «Дӯстонро гум макун» аз силсилаи шеърҳои «Дастовез» аст ва ин силсила аз 17 шеър иборат буда, моҳҳои июн ва июли соли 1975 дар бемористони шаҳри Москва эҷод гардидааст. Бинобар ин, шеъри мазкурро ҳамчун васияту насиҳати шоир нисбат ба халқи худ донистан мумкин аст. Дар ҷойи дигари шеъри зикршуда муаллиф мегӯяд:
Дӯст ояд сахт дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.
Ҳангоме ки ин мисраъҳоро мехонему мешунавем, бешубҳа, як савол ба миён меояд. Расми хуби тоҷикон чист? Чаро шоир ин суханро таъкид кардааст? Ҷавоби онро боз дар яке аз байтҳои шеъри мазкур мебинем:
Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,
Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.
Албатта, расми хуби тоҷикон меҳнатдӯстӣ, бо ҳам тифоқ будан, сулҳпарварӣ, ростқавлӣ ва дигар хислатҳои хуби инсон мебошад. Бо шунидани ин мисраъҳои ба дил наздик бешубҳа, сулҳпарвар будани ин шоири бузургро дарк мекунем. Дар шеъри «Суруди сулҳ» ин маъниро барҷастатар ифода кардааст:
Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,
Бо тапиданҳои беороми рӯзафзуни дил.
То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон,
Ҷангҷӯёнро кунад шармандаи рӯйи ҷаҳон.
Яъне, ба қавли шоир, сулҳ яроқе мебошад, ки ҷангҷӯёнро шармандаи рӯйи ҷаҳон мегардонад. Боз дар яке аз шеърҳои дигараш устод сулҳро чунин васф кардааст:
Сулҳ дар гул-гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст,
Дар шуои офтоби толеу баҳру бар аст.
Дар суруди аллаву бедор чашми модарон,
Хоби орому табассумҳои хуррам кӯдакон.
Мирзо Турсунзодаро на фақат дар Осиё ва Африқо, балки дар тамоми дунё мешиносанд ва то имрӯз номашро бо некӣ ба ёд меоваранд. Зеро ӯ тавонист, ки тавассути сухани гарм дар дили мардуми кишварҳои дунё маъво гирад.
Ҳамин ҷасорат у фасоҳати ӯ буд, ки дӯстони хуберо аз тамоми кишварҳои олам пайдо намуд. Баъд аз соли 1941-1945 вазъияти ҷаҳон куллан дигаргун шуда, олам ба ду қисмат ҷудо шуда буд. Дар ин давр ҳам одамонро як навъ тарсу ваҳшат фаро гирифта буд. Таҳдидҳои пай дар пай инсониятро ба хатар дучор мекард. Дар ин солҳо Ҳиндустон барои озодихоҳӣ мубориза мебурд ва ба ин мақсад бо ташаббуси Ҷ. Неҳру дар Деҳлӣ конгресси байналхалқии халқҳои Осиё даъват карда шуд, ки устод Мирзо Турсунзода низ дар он иштирок дошт.
Мирзо Турсунзода, ҳангоме ки дар ин анҷуман суханронӣ мекард, аз андарзҳои Саъдӣ, Ҳофиз ва Хайём намунаҳо меовард ва бо сухани Саъдии ширинкалом «Бани одам аъзои якдигаранд» ҳамаро мутаассир гардонид. Барои муборизаву пешгирии хатарҳо ва роҳ надодан ба фоҷиаҳои навбатӣ ташкилоте бо номи «Кумитаи умумиҷаҳонии муҳофизати сулҳ» таъсис дода шуд, ки намояндагони асосии онро олимон ва равшанфикрони тамоми дунё ташкил медоданд ва Мирзо Турсунзода дар он чун узви фаъол интихоб шуда, то охири умр бо дилу ҷон хидмати пурсамар намуд.
Дар чунин лаҳзаҳои фоҷиабор барои башар суруди сулҳи Турсунзода бо «Садои Осиё» пахш шуд ва ба мардуми Осиё бонги бедориро овард.
Осиё гӯяд сухан овози онро бишнавед,
Мавҷи дарё, ғурриши баҳри дамонро бишнавед.
Осиё бедор шуд, бедор тарки хоб кард,
Ростиву дӯстиро оқибат дарёб кард….
Ҳангоми достони «Садои Осиё»-ро мутолиа намудан шоҳиди он мегардем, ки баландтарин фикру ақидаҳои сулҳхоҳонаи шоир дар достон таҷассум гардидааст. Аз достони мазкур муҳаққиқон чун намунаи хуби шеъри публисистӣ ёд кардаанд. Ӯ чун як фарди инсонпарвар ва адолатхоҳ аз мардуми бенавову бечора “гадою зинда дар гӯр” ҳикоят мекунад. Дили қаҳрамони лирикии шоир дар достони “Садои Осиё” ба ҳоли деҳқонони Чин, писари Ангола, маҳбусони паси панҷараи Осиё месӯзад.