9 МАЙ – РӮЗИ ИФТИХОР ВА ХОТИРА

0 3

Ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватани ҷон фидо намудаанд ва барои қадрдонии онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9 май ҳамчун Иди ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос медорад ва онҳоеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд мавриди дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоса қарор додааст. Ҷанги Бузурги Ватанӣ 22 июни соли 1941 оғоз ёфта, 1418 рӯз давом кард. Дар ин муддат зиёда аз 60 миллион нафар дар саросари ҷаҳон ҷони худро аз даст доданд. Танҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ ин рақам зиёда аз 27 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои дур бо меҳру садоқат ба Ватан, меҳанпарастӣ ва ҳуввияти баланди милли хеш машҳури ҷаҳон буданд. Таърих гувоҳ аст, ки фарзанди тоҷик ҳамеша ҳимояи марзу буми хешро ба ивази ҷони хеш ҳам бошад, адо кардааст. Дар тули таърих фарзонафарзандони диловари тоҷик аз қабили Спитамен, Муқаннаъ, Абумуслим, Темурмалик, Восеъ ва дигарон ҷони худро ба кафи даст гирифта, мардонавор ҷон супурданро аз таслими душман шудан беҳтар донистанд.

Дар ин ҷанг аз Тоҷикистон низ ҳазорон нафар ба фронт рафта, бо шуҷоат ва мардонагӣ дар муҳорибаҳои шадид иштирок карданд. Бисёре аз онҳо қаҳрамониҳои бемисл нишон дода, барои озодии Ватан ва сулҳи ҷаҳон ҷон бохтанд. Номи онҳо дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст ва хотираашон ҳамеша зинда хоҳад монд. Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд.

Баргузории ид 9 май тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, ҳамчун Рӯзи Ғалабаи халқҳо дар Ҷанги Бузургии Ватани (1941 – 1945) эълон гардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Далериву шуҷоат ва мардонагиву қаҳрамонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватани саҳифаи дурахшони таърихи моро ташкил медиҳад. Маҳз ин ҷоннисориву фидокориҳои онҳо буд, ки тамоми халқҳои давлати Шуравӣ аз ҷанҷоли фашистони хунхор раҳои ёфтанд. Ҳануз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Эҳсоси ватандустии онҳо имрӯз барои мо, ки Истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки солҳои 1941 – 1945 идома ёфта, ҳазорҳо одамонро ба гирдоби мусибат кашид. Дар ин ҷанг на танҳо мардон балки занону кудакон ва ҷавонони зиёд барои ҳифзи Ватан мубориза бурда ҷони худро фидо намуданд. Ба муносибати Рӯзи Пирӯзи дар шаҳру вилояту ноҳияҳои Тоҷикистон якчанд кӯча, майдон ва боғи Ғалаба дар Душанбе номгузорӣ шудааст. Ҳоло мо дар остонаи таҷлили 81- умин солгарди ғалаба бар фашизм қарор дорем. Қудрату тавоноии артиши шурави аз матонату садоқати афсаронаш ибтидо мегирифт.

Аз шуҷоати сарбозонаш, ки рози буданд баҳри ҳифзи халқу Ватан ҷони худро фидо кунанд. Ба ин гуфта, қаҳрамониҳои сарбозони тоҷик, ки худро ба болои мили танки душман партофтаанд, гувоҳ шуда метавонад. Сокинони Тоҷикистон хотираи онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштаанд, яъне ҷони худро ба хотири озодӣ аз истеъмори фашистӣ қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намекунанд ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоранд.

Ҷашн гирифтани Рӯзи ғалаба махсусан барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, садоқат ба давлату миллати хеш ва далериву ҷавонмардӣ, бузург кардани насли ҷавону наврас нақши бузург дорад. Инчунин, пос доштани номи онҳое, ки ба хотири рӯзгори орому осудаи мо ҷонбозӣ намудаанд, қарзи виҷдонии ҳар яки мост.

Дар рӯзи ғалаба дар бисёр кишварҳо чорабиниҳои тантанавӣ баргузор мешаванд: аз ҷумла парадҳои ҳарбӣ, гузоштани гулҳо назди ёдгориҳо, вохӯриҳо бо собиқадорон ва иштирокчиёни ҷанг, консертҳои идона. Яке аз анъанаҳои машҳур аксияи “Бессмертный полк» мебошад, ки дар он одамон бо аксҳои хешовандони худ иштирокчиёни ҷанг ба кӯчаҳо мебароянд. Ин рӯз ба мо хотиррасон мекунад, ки сулҳ бо чӣ қадар қурбонӣ ба даст омадааст. Миллионҳо одамон дар фронтҳо ва ақибгоҳ ҳалок шуданд. Рӯзи Ғалаба моро меомӯзонад, ки таърихро эҳтиром кунем, қаҳрамонии гузаштагонро фаромӯш накунем ва зиндагии осоиштаро қадр намоем. 9 май на танҳо иди пирӯзӣ, балки рӯзи ёдбуд ва сипосгузорӣ низ мебошад. Одамони наслҳои гуногун ҷамъ меоянд, то қаҳрамонии ҷангро гиромӣ доранд ва хотираи рӯйдодҳои гузаштаро нигоҳ доранд.

Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд.

Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон эҳтироми беандозаи худро ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва оилаҳои онҳо изҳор менамоянд. Ғалаба дар ин ҷанг барои наслҳои оянда дарси бузурги ватанпарастӣ, мардонагӣ ва истодагарӣ мебошад. Бо гузашти солҳо аҳамияти Рӯзи Ғалаба кам намешавад. Он ҳамчунон рамзи ягонагӣ, ифтихор ва хотираи муштараки халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ мемонад. Ин рӯз моро водор месозад, ки қадри сулҳу осоиштагиро бидонем ва ба сарзамини худамон хизмати шоиста кунем.

Ёди неки ин мардони шуҷоъ дар хотираҳои ҳар як хурду калони Тоҷикистон абадӣ аст. Ҷоннисориҳои ин далерон намунаи ватандӯстӣ ва қудрати мардонагӣ барои ҷавонмардон аст. Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд. Рӯзи ғалаба на танҳо рӯзи шодӣ аз пирӯзи, балки рӯзи андӯҳ ва ёдоварӣ аз қурбониҳои бузургест, ки дар ин ҷанг оварда шудаанд. Дар ин ҷанги бузург, миллати тоҷик низ саҳми хеле арзанда гузошт. Аз ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор нафар ба ҷабҳа сафарбар гардиданд. Аз ин шумора зиёда аз 100 ҳазор нафар барнагаштанд. Ин маънои онро дорад, ки қариб ҳар як оилаи тоҷик аз ин ҷанг осеб дидааст. Бо вуҷуди ин, фарзандони тоҷик бо ҷасорат, садоқат ва муҳҳабат ба Ватан дар майдонҳои ҷанг мубориза бурда, барои пирӯзӣ саҳми бузург гузоштанд.

Малоҳати Қурбон

Муовини директор оид ба корҳои тарбиявии МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.