ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ҲАМЧУН ЗАМИНАИ ТАҲКИМИ ИНФРАСОХТОРИ ТИББӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 0 3 Мубодила кардан Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои муҳими таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои таъмини сулҳу субот, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ заминаи устувор фароҳам овардааст. Пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997, дар кишвар марҳилаи нави рушди ҷомеа оғоз гардид. Дар ин давра соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла тандурустӣ, ба рушди босуръат ноил шуданд. Маҳз фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ имконият фароҳам овард, ки сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ тақвият ёфта, инфрасохтори тиббӣ марҳила ба марҳила рушд намояд. Суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ барои татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ шароити мусоид муҳайё намуд. Дар шароити сулҳу оромӣ давлат тавонист захираҳои молиявӣ ва инсонӣ, инчунин имкониятҳои шарикони рушдро барои беҳтар намудани вазъи муассисаҳои тиббӣ равона созад. Дар солҳои аввали истиқлолият ва махсусан дар давраи низои шаҳрвандӣ, қисми зиёди муассисаҳои тандурустӣ бо мушкилоти ҷиддӣ, аз ҷумла норасоии таҷҳизот, фарсудашавии биноҳо ва камбуди кадрҳои баландихтисос рӯ ба рӯ буданд. Бо барқарор гардидани сулҳ ва ваҳдати миллӣ имконият ба вуҷуд омад, ки ин мушкилот тадриҷан ҳал гардида, соҳаи тандурустӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёбад. Имрӯз рушди муассисаҳои тиббӣ ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ гардида, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ нақши муассир мебозад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ, бахусус дар давраи ваҳдати миллӣ, садҳо муассисаҳои нави тиббӣ сохта ва мавриди истифода қарор дода шуданд. Беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва муассисаҳои махсусгардонидашуда дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёд ва таҷдид гардиданд. Яке аз самтҳои муҳими рушди инфрасохтори тиббӣ азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои мавҷуда мебошад. Дар доираи барномаҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти муосири ташхисиву табобатӣ таъмин карда шуданд. Истифодаи технологияҳои нав имконият фароҳам овард, ки сифати хизматрасонии тиббӣ беҳтар гардида, ташхиси саривақтии бемориҳо таъмин карда шавад. Ҳамзамон, шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ низ густариш ёфт. Дар бисёр минтақаҳои дурдасти кишвар марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ таъсис дода шуданд, ки дастрасии аҳолиро ба хизматрасониҳои тиббӣ беҳтар намуданд. Дар даврони ваҳдати миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор стратегияҳо ва барномаҳои давлатиро дар самти рушди соҳаи тандурустӣ қабул ва амалӣ намуд. Ин ҳуҷҷатҳои стратегӣ ба баланд бардоштани сатҳи ҳифзи саломатии аҳолӣ, такмили хизматрасонии тиббӣ ва рушди инфрасохтори соҳа нигаронида шудаанд. Таваҷҷуҳи махсус ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, пешгирии бемориҳои сироятӣ, рушди тибби оилавӣ ва мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои тиббӣ равона гардидааст. Дар натиҷаи амалисозии чунин тадбирҳо нишондиҳандаҳои асосии саломатии аҳолӣ беҳтар шуда, дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳои тиббӣ афзоиш ёфт. Илова бар ин, ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд дар шароити сулҳу суботи сиёсӣ густариш ёфта, барои ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаи тандурустӣ мусоидат намуд. Яке аз омилҳои муҳими рушди муассисаҳои тиббӣ таъмини онҳо бо кадрҳои баландихтисос мебошад. Дар солҳои ваҳдати миллӣ барои омодасозии табибон, ҳамшираҳои тиббӣ ва дигар кормандони соҳа шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ ва марказҳои такмили ихтисос фаъолияти худро густариш дода, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати касбии кормандони тиб саҳми назаррас гузоштанд. Дар баробари ин, имкониятҳои омӯзиш дар хориҷи кишвар ва иштирок дар барномаҳои байналмилалӣ барои мутахассисони соҳаи тиб бештар гардид. Рушди захираҳои инсонӣ дар навбати худ ба баланд шудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва самаранокии фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ мусоидат намуд. Таҳлили вазъи кунунии соҳаи тандурустии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар давраи ваҳдати миллӣ дастовардҳои назаррас ба даст омадаанд. Аз ҷумла: афзоиши шумораи муассисаҳои тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ; беҳтар гардидани заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои тандурустӣ; ҷорӣ гардидани технологияҳои муосири ташхис ва табобат; баланд шудани сатҳи дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ; беҳтар шудани нишондиҳандаҳои демографӣ ва иҷтимоӣ; рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи тандурустӣ; тақвият ёфтани иқтидори кадрии муассисаҳои тиббӣ. Ин дастовардҳо бевосита ба фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ алоқаманд буда, натиҷаи сиёсати иҷтимоии давлат дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошанд. Ҳамин тариқ, Ваҳдати миллӣ ҳамчун яке аз арзишҳои бузурги ҷомеаи Тоҷикистон барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла тандурустӣ, заминаи боэътимод фароҳам овардааст. Маҳз дар шароити сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ имконият муҳайё гардид, ки инфрасохтори тиббӣ рушд ёфта, муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда шаванд ва сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ба маротиб беҳтар гардад. Таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи тандурустӣ бе сулҳу ваҳдати миллӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муҳимми пешрафти иҷтимоӣ ва кафолати рушди минбаъдаи муассисаҳои тиббӣ аҳаммияти стратегӣ дошта, барои беҳбудии зиндагии шаҳрвандон ва рушди устувори кишвар нақши калидӣ мебозад. Дилафрӯз Бобоева Сармутахассиси шуъбаи таълими МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» 0 3 Мубодила кардан