ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПОЯИ ОБОДКОРӢ ВА СОЗАНДАГӢ

0 0

Ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик яке аз муқаддастарин ва арзишмандтарин дастовардҳои таърихӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ Тоҷикистони азизи мо аз вартаи ҷангу низоъ раҳо ёфта, ба роҳи рушду тараққиёт ва ободонӣ қадам гузошт. Имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар бо ифтихор аз он ёдовар мешавад, ки Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик на танҳо рамзи сулҳу оромӣ, балки пояи устувори давлатдорӣ, кафили зиндагии осоишта ва сарчашмаи ҳамаи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун рӯзи сарнавиштсоз бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Дар ҳамин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шуд. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ барои халқи тоҷик оғози марҳилаи нави рушд ва пешрафт гардид. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот дар кишвар барқарор гардида, барои зиндагии шоиста ва рушди минбаъдаи давлат заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Имрӯз натиҷаҳои неки сулҳу ваҳдат дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба таври равшан эҳсос мегарданд. Дар даврони истиқлолият ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳо ва дигар иншооти муҳими давлатӣ бунёд гардидаанд. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар корҳои азими созандагию бунёдкорӣ идома дошта, симои Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз аз рӯз зеботар ва ободтар мегардад.

Маҳз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ имконият фароҳам овард, ки дар соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва иқтисодиёт дигаргуниҳои назаррас ба амал оянд. Дар заминаи сиёсати созандаи давлат шароити мусоид барои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ муҳайё гардида, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар шудааст. Ин ҳама дастовардҳо маҳсули сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ мебошанд.

Барои кормандони соҳаи хоҷагӣ ва хизматрасонӣ низ Ваҳдати миллӣ аҳамияти бузург дорад. Зеро ободонӣ, тозагӣ, кабудизоркунӣ, сохтмон ва нигоҳдории иншоот танҳо дар шароити сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ имконпазир мебошад. Ҳар як гӯшаи ободу зебои Ватан, ҳар як муассисаи таълимӣ ва ҳар як иншооти иҷтимоӣ самараи сулҳу ваҳдат ва меҳнати созандаи мардум мебошад.

Имрӯз вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон саҳми арзандаи худро гузорем. Ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба сулҳу субот аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди бузургтарин ва муқаддастарин арзиши миллӣ мебошад, зеро маҳз ба шарофати он мо тавонистем давлатамонро аз парокандагӣ наҷот дода, барои рушди устувори он заминаи боэътимод фароҳам созем.»

Имрӯз ҷавонони кишвар бояд дарк намоянд, ки сулҳу ваҳдат ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои ба даст овардани ин неъмати бебаҳо ҳазорон нафар ҷоннисорӣ намудаанд. Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон мебошад.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи ягонагӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бояд ҳамеша дар қалби ҳар як тоҷик ҷой дошта бошад. Танҳо бо иттиҳоду ҳамбастагӣ, меҳнати содиқона ва ҳисси баланди ватандӯстӣ метавонем Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободтару пешрафтатар гардонем.

Бигзор Ваҳдати миллӣ ҳамеша пойдор бошад, осмони Тоҷикистони соҳибистиқлол софу беғубор бимонад ва мардуми сарбаланди тоҷик дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагии хушу осоишта дошта бошанд. Ваҳдати миллӣ – сарчашмаи ҳамаи пирӯзиҳо ва кафили фардои дурахшони Тоҷикистони маҳбуби мост!

Бахтовар Бобоев

Муовини директор оид ба корҳои хоҷагии МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.