МИРЗО ТУРСУНЗОДА — ВАССОФИ СУЛҲ ВА ДӮСТӢ

0 11

​Баъд аз Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардонидани устод Мирзо Турсунзода бо унвони Қаҳрамони Тоҷикистон, мо, фарзандони миллати тоҷикро водор месозад, ки чун ин абармарди пурифтихори миллат кору фаъолият намуда, бо садоқат дар хидмати халқу Ватани азизамон бошем. Ҳамин иқдоми Сарвари миллатдӯсту меҳанпараст дар қалби миллионҳо фарзандони миллати тоҷик муҳаббат ва садоқатро ба ин фарзанди фарзонаи миллат зиёд намуда, ба кору фаъолияти эшон пайравӣ мекунанд.

​Мирзо Турсунзода чун шоири шаҳир, маҳбуби халқ ва сухангӯи боистеъдод дар байни хосу ом эҳтироми махсус дошт. Мардуми тоҷик ӯро дӯст медоштанд, ашъорашро такрор ба такрор қироат мекарданд, дар ҷашну маъракаҳои бошукуҳ шеърҳои ноби ин адиби забардаст бо шавқ хонда мешуд.

​Мирзо Турсунзода дар радифи поягузорони адабиёти шӯравии тоҷик, устодон С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ қарор дошт. Зиёда аз сӣ соли ҳаёти пурбаракати хешро чун сарвари оқилу дурандеши Иттифоқи адибони ҷумҳурӣ фидо намуда, дар тарбияи даҳҳо нафар адибони умедбахши муосири тоҷик нақши мондагор гузоштааст.

​Устод Мирзо Турсунзода шоире буд, ки баробари қарни худ қадам гузошт, аз ҳавои асри худ нафас кашид, аз дастархони пурнеъмати асри хеш ғизо гирифт ва дар сипоси он неъматҳо шукронаҳояшро рӯйи коғаз овард. Мирзо Турсунзода дар давоми умри бобаракаташ ба бисёр кишварҳои Осиё, Африқо, Аврупо, Америка сафар карда ва дар чандин анҷуманҳои бонуфузи байналхалқӣ фаъолона ширкат варзидааст. Устод Бозор Собир дар ин маврид бисёр хуб гуфтааст:

​Халқ бар шеъри тару бар гармии дидори ӯ,

Чун ба иқлими Ватан бисёр одат карда буд.

Ҳар куҷое буд Турсунзода Мирзо, халқ буд,

Ҳар куҷое халқ буд, Мирзои Турсунзода буд.

​Имрӯз ҳама Мирзо Турсунзодаро вассофи сулҳу дӯстӣ меҳисобанд. Зеро сулҳу амният ва муборизаи озодихоҳонаи халқҳо дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода мавқеи ба худ хос дорад. Сулҳу амонӣ дар тасвири шоир асоси ободии ҳар кишвар ва манбаи хушбахтии инсонҳо мебошад. Сулҳ монанди офтоб, баҳор ё замин азизу шафиқи ҳамагон аст. Ин шоири зиндаёд дар тӯли фаъолияти серҷанбааш ба бисёр мамолики дунё сафар намуда, баҳри дӯстиву рафоқат, барқарории сулҳ кӯшишҳои зиёде кардааст. Мавзуи сулњу дӯстӣ дар бисёр асарҳои шоир мавқеи намоён дорад. Шоири ширинкалом ин фикрро дар шеърҳои «Бозгашт», «Дӯстонро гум макун», «Африқо», «Хоҳари мубориз» ва дигар асарҳои безаволаш, ки имрӯз мо наслҳои баъдӣ аз он баҳравар гардида истодаем, идома додааст.

​Дӯстӣ неъмати бебаҳост. Дар ашъори Мирзо Турсунзода мавзуъҳои сулҳу амонӣ ва дӯстиву рафоқат чун гушту нохун ба ҳам пайвастанд, зеро ҳама медонем, ки сулҳу амонӣ ба туфайли дӯстиву рафоқат боз ҳам пойдору устувор мегардад. Ин маънӣ дар шеъри «Дӯстонро гум макун» сода ва хеле самимӣ таъкид гардидааст:

​То тавонӣ дӯстонро гум макун,

Дӯстони меҳрубонро гум макун.

Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,

Мушкилосонкункасонро гум макун.

​Шеъри «Дӯстонро гум макун» аз силсилаи шеърҳои «Дастовез» аст ва ин силсила аз 17 шеър иборат буда, моҳҳои июн ва июли соли 1975 дар бемористони шаҳри Москва эҷод гардидааст. Бинобар ин, шеъри мазкурро ҳамчун васияту насиҳати шоир нисбат ба халқи худ донистан мумкин аст. Дар ҷойи дигари шеъри зикршуда муаллиф мегӯяд:

​Дӯст ояд сахт дар оғӯш гир,

Расми хуби тоҷиконро гум макун.

​Ҳангоме ки ин мисраъҳоро мехонему мешунавем, бешубҳа, як савол ба миён меояд. Расми хуби тоҷикон чист? Чаро шоир ин суханро таъкид кардааст? Ҷавоби онро боз дар яке аз байтҳои шеъри мазкур мебинем:

​Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,

Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.

​Албатта, расми хуби тоҷикон меҳнатдӯстӣ, бо ҳам тифоқ будан, сулҳпарварӣ, ростқавлӣ ва дигар хислатҳои хуби инсон мебошад. Бо шунидани ин мисраъҳои ба дил наздик бешубҳа, сулҳпарвар будани ин шоири бузургро дарк мекунем. Дар шеъри «Суруди сулҳ» ин маъниро барҷастатар ифода кардааст:

​Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,

Бо тапиданҳои беороми рӯзафзуни дил.

То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон,

Ҷангҷӯёнро кунад шармандаи рӯйи ҷаҳон.

​Яъне, ба қавли шоир, сулҳ яроқе мебошад, ки ҷангҷӯёнро шармандаи рӯйи ҷаҳон мегардонад. Боз дар яке аз шеърҳои дигараш устод сулҳро чунин васф кардааст:

​Сулҳ дар гул-гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст,

Дар шуои офтоби толеу баҳру бар аст.

Дар суруди аллаву бедор чашми модарон,

Хоби орому табассумҳои хуррам кӯдакон.

​Мирзо Турсунзодаро на фақат дар Осиё ва Африқо, балки дар тамоми дунё мешиносанд ва то имрӯз номашро бо некӣ ба ёд меоваранд. Зеро ӯ тавонист, ки тавассути сухани гарм дар дили мардуми кишварҳои дунё маъво гирад.

​Ҳамин ҷасорат у фасоҳати ӯ буд, ки дӯстони хуберо аз тамоми кишварҳои олам пайдо намуд. Баъд аз соли 1941-1945 вазъияти ҷаҳон куллан дигаргун шуда, олам ба ду қисмат ҷудо шуда буд. Дар ин давр ҳам одамонро як навъ тарсу ваҳшат фаро гирифта буд. Таҳдидҳои пай дар пай инсониятро ба хатар дучор мекард. Дар ин солҳо Ҳиндустон барои озодихоҳӣ мубориза мебурд ва ба ин мақсад бо ташаббуси Ҷ. Неҳру дар Деҳлӣ конгресси байналхалқии халқҳои Осиё даъват карда шуд, ки устод Мирзо Турсунзода низ дар он иштирок дошт.

​Мирзо Турсунзода, ҳангоме ки дар ин анҷуман суханронӣ мекард, аз андарзҳои Саъдӣ, Ҳофиз ва Хайём намунаҳо меовард ва бо сухани Саъдии ширинкалом «Бани одам аъзои якдигаранд» ҳамаро мутаассир гардонид. Барои муборизаву пешгирии хатарҳо ва роҳ надодан ба фоҷиаҳои навбатӣ ташкилоте бо номи «Кумитаи умумиҷаҳонии муҳофизати сулҳ» таъсис дода шуд, ки намояндагони асосии онро олимон ва равшанфикрони тамоми дунё ташкил медоданд ва Мирзо Турсунзода дар он чун узви фаъол интихоб шуда, то охири умр бо дилу ҷон хидмати пурсамар намуд.

​Дар чунин лаҳзаҳои фоҷиабор барои башар суруди сулҳи Турсунзода бо «Садои Осиё» пахш шуд ва ба мардуми Осиё бонги бедориро овард.

​Осиё гӯяд сухан овози онро бишнавед,

Мавҷи дарё, ғурриши баҳри дамонро бишнавед.

Осиё бедор шуд, бедор тарки хоб кард,

Ростиву дӯстиро оқибат дарёб кард….

​Ҳангоми достони «Садои Осиё»-ро мутолиа намудан шоҳиди он мегардем, ки баландтарин фикру ақидаҳои сулҳхоҳонаи шоир дар достон таҷассум гардидааст. Аз достони мазкур муҳаққиқон чун намунаи хуби шеъри публисистӣ ёд кардаанд. Ӯ чун як фарди инсонпарвар ва адолатхоҳ аз мардуми бенавову бечора “гадою зинда дар гӯр” ҳикоят мекунад. Дили қаҳрамони лирикии шоир дар достони “Садои Осиё” ба ҳоли деҳқонони Чин, писари Ангола, маҳбусони паси панҷараи Осиё месӯзад.

Осиёро ман ба чашми хештан санҷидаам,

Чеҳраи хандони фарзандони онро дидаам.

Осиё ҳамроҳи Африқо сухан оғоз кард,

Бо ду дасти худ дари иқболи худро боз кард.

Баҳри озодӣ Садои Осиё омад ба гӯш,

Хуни халқи Осиё омад ба ҷӯш, омад ба ҷӯш…

​Ин ғояҳои ҷовидонаи инсонпарварона дар достони “Ҷони ширин”, ки онро шоир ба ҳамсари худ бахшидааст, барҷаста зоҳир мегардад. Мирзо Турсунзода дар вақти сафарҳояш ба Ҳиндустону Покистон хотироташро чун намунаи адаб ҷамъоварӣ карда, ба шакли китоб чоп мекунад, то мардуми олам аз ҳаёту зиндагии ин халқҳо ва орзую омоли онҳо огоҳӣ пайдо кунанд. Зеро ӯ дар тамоми сафарҳо ва мулоқотҳояш иродаи мардуми сулҳҷӯро дар Ҳиндустону Покистон ба чашми худ дидаву баён кардааст. Ҳамаи инро дар достони “Ҷони ширин” соли 1959 ба ёду зикри дӯстонаш ба мисли Николай Тихонов ва Файз Аҳмади Файз ба риштаи тасвир кашидааст.

​Достони “Ҷони ширин” қуллаи баланди эҷодиёти шоир дар мавзуи дӯстии инсонҳо низ мебошад. Шоир дар ин боб чунин мегӯяд:

​Мо сафар дорем бо амри Ватан,

Бо супоришҳои халқи хештан.

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо….

​Мирзо Турсунзода чун шоири намоёни миллати тоҷик бо асарҳои баландмазмуни худ ва бо забони шевою услуби баёнаш миёни хонандагони шеър маъруфият пайдо кардааст. Ашъори ӯро на танҳо дар кишвари азизамон, балки дар тамоми давлатҳо ҳанӯз дар замони дар қайди ҳаёт буданаш мехонданд ва писандида буданд. Мақоми Мирзо Турсунзода дар зинаи тараққиёти маънавии миллати тоҷик хеле баланд аст. Бо баракати осори ӯ мардуми тоҷик ва Тоҷикистонро аз нимаи дуюми асри ХХ дар саросари ҷаҳон шинохтанд.

​Мирзо Турсунзода Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, вакили Шӯрои Олии ИҶШС, раиси Кумитаи тоҷикистонии сулҳ, раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо, узви Кумитаи умумииттифоқии Мукофоти Ленинӣ, узви ҳайати раёсат ва котиби Иттифоқи нависандагони ИҶШС, Академики Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи Рӯдакӣ, Шоири халқии Тоҷикистон ва боз даҳҳо вазифаю унвонҳои дигарро сазовор аст.

​Суханвари бузург, номбардори миллат, мунодии сулҳу дӯстии байни халқҳо устод Мирзо Турсунзода мактаби азими эҷодии чеҳраҳои соҳибистеъдоду садоқатпешаро гузашта, ҳамеша бо садоқату самимият хостгори он буданд, ки мароми хоксорона ва инсонпарастонаи хешро дар симои маънавии шогирдон таҷаллӣ дода бошанд.

​Ба ин манзур ин марди соҳибҳунари сиёсатмадор ба хубӣ эҳсос менамуд, ки афзоиши софи неруҳои эҷодӣ шукуҳу шаҳомати симои зоҳириву ботинӣ ва маънавии халқу миллатанд. Чӣ қадаре, ки парвози хаёлоти дақиқназаронаи қаламкашон баландтар бошад, ҳамон андоза шаҳомату азамати осори ҳунарии онҳо маърифатовару мондагортар рушду нумӯъ мекунад. Назми оламгири ин шоири шаҳир дар миқёси олам обрӯю эътибори адабиёти муосири тоҷикро баланд бардошт. Достони «Писари Ватан», «Хазон ва баҳор», «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё», «Аз Ганг то Кремл», «Ҷони ширин», «Духтари муқаддас», силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон», «Ман аз Шарқи Озод» далели ин гуфтаҳоянд.

​Силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон», яке аз қуллаҳои баландтарини эҷодиёт ва намоёнгари барҷастаи саодатманишию ободидӯстӣ, ҳақгӯиву ҳақҷӯӣ, адолатхоҳию инсонпарварии устод Мирзо Турсунзода аст. Шахсе бо чунин тинат табиатан бисёр одил аст ва натанҳо нисбати худ, балки дар мавриди ҳамагон заррае тоқати ноҳақию беадолатӣ надорад, инсонро як мавҷуди озоду озода, шарафманду арҷманд мешиносад ва ҳамеша танҳо ҳамин гунааш дидан мехоҳад.

​«Қиссаи Ҳиндустон»-и устод Мирзо Турсунзода моломоли фикру андешаҳои амиқи сиёсӣ ва фалсафист. Муқаддас донистани Ватан, ватандорӣ, шаъну шарафи инсонӣ ва ваҳдати халқҳо, сарфи назар аз нажоду миллату мазҳаби онҳо, муҳимтарин арзишҳои ин асари ахлоқӣ маҳсуб меёбанд.

​Дар натиҷаи сафарҳояш ба давлатҳои ҷаҳон устод Мирзо Турсунзода чун шахсияти барҷастаи фарҳангию иҷтимоӣ ба камол расид ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба оламиён муаррифӣ намуд. Ҳиссаи устод Мирзо Турсунзода чун муборизи матин дар роҳи муҳофизати сулҳу амнияти халқҳо калон аст. Ӯ дар чандин конгрессу симпозиумҳои байналмилалӣ иштирок намуда, аз номи халқи тоҷик суханронӣ намудааст. Мавқеи ҷамъиятии устод Мирзо Турсунзода чун паҳнкунандаи ғояҳои сулҳпарварӣ дар ҷаҳон машҳур аст. Устод Мирзо Турсунзода ҳамчун вассофи сулҳ, адабиётшиноси амиқназар, олими барҷаста, инсони пухтакор ва муаррихи хосса пеши назар меояд. Осори ӯ дар раванди ҷомеасозиву давлатдории миллати мо нақши бузург мебозад.

​Дар «Қиссаи Ҳиндустон» ғояи баланд ва ҳунару маҳорати волои бадеӣ ба мушоҳида мерасад. Гуфтаҳои устод имрӯз рӯзмарраю замонавӣ садо медиҳанд.

​Дидам анвои киштии вазнин,

Сангару қалъаҳои фӯлодин.

Ҳар тараф ганҷҳои бемиқдор,

Пурбаҳо нафт — конҳо бисёр,

Дидаам тўдаи ғуломонро,

Пою сарҳо бараҳна инсонро,

Писару духтарони бе касу кӯй,

Арабу форсҳои маъвоҷӯй.

​Ҷои дигар меорад:

​Моҷарое буд дар ин сарзамин,

Аз барои пахтаи абрешимин.

Моҷарое дар сари рангин фулуз,

Аз барои ҳукмронию нуфуз…

Меравад, меорад аз иқлими дур,

Бар сари ин сарзамин иғвою шӯр.

Дар Ироқ оварда он бисёрҳо,

Коммунистонро ба рӯйи дорҳо…

​Имрӯзҳо низ чунин мушкилиҳо дар бисёр мамлакатҳои Шарқи Наздик дида мешаванд. Бояд гуфт, ки ғояи озодихоҳиву адолатҷӯӣ, ки асосу ҷавҳари «Қиссаи Ҳиндустон»-ро ташкил медиҳад, дар замони мо низ чун омили асосии ҳастии миллату халқҳо бо рангу ҷилои нав зоҳир мешавад.

​«Қиссаи Ҳиндустон» яке аз асарҳои ҷовидонаи адабиёти тоҷик аст ва шеъри устод Турсунзода дар шароити печидаи имрӯз ҳам яке аз фаъолтарин муборизони роҳи озодиву истиқлолияти миллатҳову давлатҳо мебошад. Қайд кардан бамаврид аст, ки мардуми кишвари офтобии Ҳиндустон дар шахсияти Мирзо Турсунзода фарзанди азизу ғамгусор ва аҳли дарди хешро эҳсос намуд. Аз ин ҷост, ки ҳама мардуми ин кишвар ӯро шоири миллии Ҳинд эълон карда буданд. Рамзист, ки ҳар тоҷике, ки азми сафари Ҳиндустон мекунад ҳатман китоби «Қиссаи Ҳиндустон»-ро бо худ мегирад, шеърҳои онро қироат намуда, дар бораи дӯстии ҷудонашавандаи тоҷику ҳинд сухан мегӯяд.

​Хулоса намуда, гуфтаниам, ки фарзанди фарзонаи миллат шахсияте буд, ки бо матонату ҷасорати олияш дар қалби ҳамаи мардумони тараққихоҳи дунё ҳамчун адиб ва шоири озодихоҳу сулҳпарвар ҷой гирифта буд ва то ҳол ӯро ба некӣ ёд мекунанд. Шоири маъруфи Покистон Файз Аҳмади Файз дар ҳаққи ӯ чунин гуфтааст: “Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки муътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик низ буд. Дар ҳама ҷо ӯро дӯст медоранд. Ӯ Ватани худро, халқи худро дӯст медошт”.

Бобошоева Ҳавасмоҳ

Китобдори МДТ-и «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳмонулло Азиз»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.