ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ ЭҶОДИИ УСТОД МИРЗО ТУРСУНЗОДА 0 12 Мубодила кардан Мирзо Турсунзода моҳи майи соли 1911 дар хонадони Турсунмуроди ҳунарманду фарҳангдӯст ба дунё омад. Падар тифли навзодро Мирзо ном ниҳод ва ба тарбияи фарзанд ҷиддан машғул шуд. Соли 1920 минтақаи Ҳисорро бемории вабо фаро гирифт. Ин офат модари Мирзо — Холбибиро низ ба коми марг кашид. Мирзо ҳамагӣ нуҳ сол дошт, ки аз меҳрубониву навозиши модар маҳрум монд: Тифл мондам аз ту, модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту, чашми ту, абрӯи ту дар ёд нест. Баъд аз таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон (1924) дар мамлакат мактабҳои усули нав мавқеъ пайдо карданд. Чунин мактаб дар Қаратоғ соли 1925 ба фаъолият пардохт ва Мирзо яке аз аввалин толибилмони он буд. Соли 1926 ӯ ба Душанбе омада, дар сафи толибилмони интернат қарор гирифт. Маъмурияти интернат Мирзоро соли 1927 ҳамроҳи як гурӯҳ ҷавонони лаёқатманд ба Дорулмуаллимин дар Тошканд фиристод. Соли 1933 Мирзо Турсунзода аз падар маҳрум гардид. Соли 1934 ба муносибати Анҷумани аввали нависандагони СССР як гурӯҳ адибони тоҷик, аз ҷумла Мирзо Турсунзода, ба узвияти Иттиҳодияи нависандагон пазируфта шуданд. Дар солҳои пурдаҳшати сиюм адиб аз рӯи зарурат як муддат Душанберо тарк карда, дар Хуҷанд истиқомат намуд. Мирзо Турсунзода соли 1936 ба Душанбе омада, то соли 1946 дар вазифаҳои гуногуни адабиву рӯзноманигорӣ фаъолият кард. Соли 1946 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуд ва то охири умр ин вазифаро ба уҳда дошт. Аз ҳамин сол сар карда, ӯ ҳамеша намояндаи халқ дар парлумони шӯравӣ буд ва дар баробари фаъолияти эҷодӣ, дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъолона иштирок менамуд. Дар натиҷаи сафарҳояш ба шаҳрҳои Теҳрон, Деҳлӣ, Исломобод, Париж, Варшава, Вена, Қоҳира, Стокҳолм, Хелсинки, Доруссалом ва Ҷакарта Мирзо Турсунзода чун шахсияти барҷастаи фарҳангиву иҷтимоӣ ба камол расид ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷикро ҳамчун кишвари сулҳдӯст ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Шоир дар шеъри «Ватан» чунин мегӯяд: Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт, Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт. Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт. Мирзо Турсунзода бо чандин ордену медалҳои ҳукуматӣ қадр шудааст. Аввалҳои тирамоҳи соли 1977 устод Турсунзода бистарӣ шуда, 24 сентябри соли 1977 шоири шаҳир аз олам даргузашт. Ҷасади шоирро дар яке аз баландиҳои шаҳри Душанбе — теппаи Лучоб ба хок супориданд ва минбаъд ин макон бо номи «Марқади Турсунзода» маъруф гардид. Ӯ академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1951), Шоири халқи Тоҷикистон (1961), Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ (1967) ва барандаи бисёр ҷоизаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ мебошад. Ҳукумати давр баъди вафоташ як ноҳия, як донишкада ва хиёбонеро ба номи ӯ гузошт, ҳайкалҳо бунёд кард, ҷоизаҳо ва муассисаҳо таъсис дод. Моҳи майи соли 2001 ба муносибати 90-солагии зодрӯз ба шоир унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Раҳимова Гулбаҳор, Омӯзгори кафедраи «таърих ва ҳуқуқ»-и МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» 0 12 Мубодила кардан