ИСТИҚЛОЛИЯТ ПОЯИ ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛИВУ ДАВЛАТДОРӢ

0 1

Истиқлолият дар баробари ин, ки омолу орзуи деринаи халқи мост, инчунин лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва кору фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад.

Ҳамин ҳисси баланди масъулият дар назди гузашта ва имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат ҳар яки моро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишвари азизамон бо тамоми ҳастӣ талош варзем, содиқонаву аҳлона заҳмат кашем, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон доим зираку ҳушёр бошем, то қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор адо намоем.

Бо дарки ин масъулияти бузург давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон то ба имрӯз пайваста талош дорад, ки пояҳои сиёсиву иқтисодӣ ва заминаҳои иҷтимоиву маънавии истиқлолияти давлатиро тақвият бахшида, барои рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеаи кишвар шароити мусоид фароҳам созад.

Тамоми ҳамватанони кишвари соҳибистиқлоли мо имрӯз ифтихор доранд, ки сиву чор сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории милли худро ниҳода аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем. Дар таҳкими Иқтиқлоли тоҷикон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши назаррас дар ташаккул ва таҳкими пойдевори аввалин давлатии милли дунявии тоҷикон нақши калидӣ доранд.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки бисту нуҳ сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.

Воқеан ҳам Тоҷикистон тавонист дар даврони соҳибистиқлолии худ бо роҳбари арзандаву сулҳпарвараш баҳри рушди кишвар чораҳои заруриро андишад. Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон аъзои чандин созмонҳои байналмилалӣ гардид. Равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаро қариб бо тамоми кишварҳои дунё ба роҳ монда, баҳри боз ҳам рушд намудани сиёсати хориҷӣ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва дигар соҳаҳои мухталиф кишвар корҳои арзандае ба сомон расонида шуд.

Акнун замони он расида буд, ки мардум бо диди тоза ба оянда нигаранд, дидаи умед ба фардои беҳтар, фардое, ки сарнавишти худро бо дастони худ бисозанд ва вобастаи касе набошанд. Ин душманони аёну ноаён дар тули таърих ба ин сарзамин ва ба ин миллате, ки аз азал соҳиби воқеии ин марзу бум аст, нигоҳи бадхоҳона доштанд. Онҳо намехостанд, ки миллате ки номардиҳои таърихро таҳаммул карда ва бо орзуву умеди чандин ҳазорсолаи худ, ки тавонист давлати нав бунёд кунад дар ҷой қарор нишинанд. Бо ин мақсадҳои нопоку разилонаи худ нотавонбинон ва хоинони миллат давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ба вартаи ҷанги нанговари шаҳрвандӣ тела намуданд. Қариб буд давлате, ки нав дар харитаи сиёсии ҷаҳон намудор шуда буд, пора пора намоянд. Ин ҳама ҳодисаву воқеаҳое, ки дар даврони нав истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистони азиз буд, ҳеҷгоҳ аз хотираҳо пок нахоҳад шуд. Аммо душманони кишвар натавонистанд ба ин мақсади ифлоси худ расанд. Миллате, ки решаи бунёдии он аз умқи таърих манша мегирад фарзандонеро тавалид мекунад ки ҷонашро баҳри пойдории сулҳу субот ва оромии давлату миллат фидо мекунад.

Соҳибихтиёрӣ ё худ истиқлолияти комил доштани давлат ин молики ҳақиқии воситаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ будани халқро мефаҳмонад. Эълон гардидани соҳибистиқлолии давлат, сохтани атрибутҳои давлатӣ ҳатто дар дараҷаи конститутсионӣ ҳанӯз комилҳуқуқии онро таъмин карда наметавонад. Барои ин боз эътирофи давлатҳо дар сатҳи байналмилалӣ зарур аст.

Бояд тазаккур дод, ки ба туфайли соҳибистиқлол эълон гардидан Тоҷикистон ҳудуди сиёсати дохилӣ ва хориҷии мустақилона муайян намуданро пайдо кард. Маҳз ба туфайли соҳибистиқлолии давлатӣ аллакай чанде аз роҳбарони давлатӣ, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон дар анҷуманҳои Асамблеяи Генералии Созмони Милали Мутаҳид на фақат иштирок дошт, балки аз минбарҳои баланди он ба ҷаҳониён дар бораи пайдоши давлати нав, сиёсати дохилию хориҷии он ахборот дод.

«Дар андешаи Сарвари давлат истиқлолият аз бузургтарин муқаддасоти моддӣ ва маънавии миллати тоҷик тафсир карда мешавад. Мантиқи сохтории ин истилоҳ посух гуфтан ба ниёзҳои созгор ба манфиатҳои миллиро дар бар мегирад. Барои дарки амиқи масъала Пешвои миллат арзишҳои умумимиллӣ ва умумибашарии «Ватан», «миллат» ва «ваҳдат»-ро, ки аз ҷиҳати семантикӣ ҳамрадифи «истиқлол» мебошанд, истифода менамояд. Чунин тарзи изҳори назар илман асоснок аст».

«Агар муҳимтарин офаридаҳои табиат обу ҳаво бошанд, ки бе онҳо дар рӯйи замин ҳаёт вуҷуд дошта наметавонад, дар суханҳои ҳикматомӯзи Сарвари давлат истиқлол барои миллат айнан ҳамин ҷойгоҳро дорад».

«Сарвари давлат ҳимоя ва таъмини ҳадафҳои истиқлоли миллиро аз вазифаҳои муштараки, пеш аз ҳама, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ тавассути ба эътибор гирифтани воқеияти моддӣ, маънавӣ, амалкарди давлатдории миллӣ ва таҷрибаи фарҳанги сиёсии сатҳи байналмилалӣ мешуморад».

Дар асоси воқеияти таърихиву сиёсии гузаштаву муосир ва бо дарназардошти манфиатҳои имрӯзу ояндаи милливу давлатӣ, халқи Тоҷикистон бо майлу иродаи худ ва бо изҳори раъйи озодона сохти давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намуд, ки акнун он ҳамчун иродаи қатъии мардуми кишвар дар моддаи аввали Конститутсияи мо барои ҳамеша сабт гаштааст.

Ҳоло Тоҷикистон дар роҳи бунёди ин низоми давлатдорӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Таҷрибаи ҳосилшуда ва таҳаввулоте, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир мегузарад, бори дигар собит месозад, ки интихоби давлатдории дунявӣ интихоби дурусту дурбинона буда, имрӯз худи ҳамин ғоя ба яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи ҷомеа табдил ёфтааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба Ҳукумати мамлакат муяссар гардид, ки бо бунёди роҳу нақбҳо, нерӯгоҳу хатҳои интиқоли барқ ва садҳо корхонаи саноатӣ зерсохтори асосии коммуникатсионӣ ва энергетикиву саноатии кишварро эҳё намуда, Тоҷикистонро ба як қаламрави воҳид табдил диҳад.

Дар баробари ин ҳама, ба мо муяссар гардид, ки бо пуштибониву дастгирии самимонаи мардуми шарифи кишвар сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дар ватани худ барқарор намуда, барои зиндагии осудаи халқамон шароити мусоид фароҳам созем.

Ҳоло дар вазъияти ошуфтаву бесуботи ҷаҳони муосир ва зиндагии фоҷеабори баъзе халқу миллатҳо ҳар як шаҳрванди огоҳи Тоҷикистон бо камоли шукргузорӣ дарк мекунад, ки аз баракати сулҳу субот мо ба чӣ неъмати бузурге даст ёфтаем.

Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк мекунанд, ки истиқлолият ва озодӣ арзиши нахустин ва бисёр азизу муқаддас дар ҳаёти ҳар як шахси огоҳу бонангу номус ва шарти муҳимтарини зиндагии шоистаи ҳар як фарди Ватан мебошад.

Назирмадова Рисолат

декани Декани факултети Кори момодоягии МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.