Душманону хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати тоҷикон мехостанд, ки бо зӯри силоҳ, бо роҳи тарсонидан ва қатлу куштори бераҳмона фарҳанги бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд ва дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд намоянд.
Дар натиҷа кишварро беқонуниву бенизомӣ фаро гирифт, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд, беш аз як миллион нафар ҳамватанонамон ба гурезаи иҷборӣ табдил ёфтанд ва дар як муддати кӯтоҳ даҳҳо ҳазор шаҳрвандони бегуноҳи мо, аз ҷумла занону кӯдакон ва одамони калонсол ба ҳалокат расиданд.
Инчунин, бар асари ҷанг даҳҳо ҳазор кӯдакон ятим ва модарону занон бесаробон монданд.
Даҳшати бузургтарини ҷанг дар он буд, ки хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд.
Дар чунин шароити ниҳоят вазнин ва воқеан тақдирсоз фарзандони огоҳи миллат ва қувваҳои солими ҷомеа ба хотири наҷоти давлат ва миллат муттаҳид шуданд ва тамоми саъю талоши худро барои аз гирдоби ҷанги бародаркуши таҳмилӣ раҳоӣ бахшидани мардум сафарбар намуданд.
Мо бо майлу иродаи халқи тоҷик ва эътимод ба ояндаи неки кишвари азизамон тамоми кӯшишу имкониятҳои худро, дар навбати аввал, ба ҳалли мушкилоти ниҳоят сангини ҳаёти давлат ва ҷомеа сафарбар намуда, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлатро ҳифз кардем.
Дар он марҳалаи бисёр мураккаб мардуми тоҷик аркони давлати ҷавонамон – мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатиро барқарор кард ва фаъолияти онҳоро барои хизмат кардан ба манфиати мардум ва давлати соҳибистиқлоламон равона сохт.
Яъне бо мақсади ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа Артиши миллӣ ва дигар сохтору мақомоти босалоҳият, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳокимияти иҷроияро таъсис додем ва рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон, аз ҷумла Парчам ва Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва Конститутсия – бахтномаи миллатро қабул кардем.
Дар баробари ин, ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ ва барои онҳо ташкил кардани шароити зарурии зиндагӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат буд, ки дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ амалӣ гардид.
Истиқлолият, ба маънои аслӣ, на танҳо истиқлолияти сиёсӣ ва иқтисодӣ аст, балки ҳамчунин истиқлолияти маънавӣ ва илмӣ мебошад. Таърихи Тоҷикистон, ки аз ҳазорон сол пеш оғоз ёфтааст, бо худ орзуи озодӣ, рушди илм ва фарҳангро ҳамроҳ доштааст. Ин орзуҳо бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз рӯзҳои аввали истиқлолият нақши калидӣ дар ташаккули ҳокимияти навини Тоҷикистон доштанд, амалӣ шуданд.
Талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани сулҳ ва субот, инчунин қатъият ва хирадмандии ӯ ба кишвар имкон доданд, ки аз бисёр душвориҳо гузарад. Ин ҷараён на танҳо натиҷаи меҳнати пурмашаққати ӯ, балки далели хирад ва устувории миллат аст, ки барои рушди ҳамаҷониба талош мекунад.
Истиқлолият заминаи қавии истиқлоли фикриро ба вуҷуд меорад. Маориф дар мавриди худшиносии миллū бояд дар андешаи эҷодии миллат саҳм бигирад. Дар ин росто кори фалсафа, мантиқ ва илмҳои дақиқу табиатшиносӣ ниҳоят бузург аст. Дар замони ҳозира илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар мактабҳои миёна ва олӣ таълим дода мешаванд, аммо мантиқ ва фалсафа аз доираи таълим дар мактабҳои миёна соқит шудаанд. Ҳол он ки дар бисёр мамлакатҳои хориҷӣ ин илмҳо ба таври шоиста таълим дода мешаванд ва дар тафаккури шуури эҷодии миллат саҳм мегиранд. Дар ҷаҳонбинии мутамаддин ба таълими фалсафа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ба ин маъно, ки фалсафа сарчашмаи огоҳӣ, бедорӣ ва истиқлоли фикрии миллат мебошад. Барои мисол метавон аз файласуфони машҳури немис Артур Шопенгауэр ва Фридрих Нитше ёдовар шуд, ки доир ба таълими фалсафа дар донишгоҳҳои Олмон ба ҳассосияти фавқулодда изҳори назар намудаанд. Номбурдагон таълими улуми фалсафиро дар донишгоҳҳо норасо ҳисобида, аз мақомоти давлатӣ ва вазоратҳои дахлдор беҳбудии ин соҳаро ҷиддан талаб намудаанд.
Истиқлолият ва раванди истиқлолиятгароӣ масъалаи муҳими ташаккул ва рушди минбаъдаи кишварҳои мухталиф мебошад. Кишварҳои зиёд маҳз дар раванди истиқлолиятгароӣ имконияти ба даст овардани мустақилияти сиёсиро аз метрополия, баъзан аз субъекти асосии федератсия ва баҳри озод намудани кишвар аз истилолгарон пайдо намуданд. Дар ибтидо ин амал бо озодшавӣ аз таъсири беруна оғоз гардида буд. Баъдан, он бо омилҳои дигари давлатдорӣ ба мисли ҳифзи истиқлолият ва амнияти пойдории он, муайян намудани мавқеи худ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва ғайра алоқамандӣ дошт.
Таҳти роҳбарии Пешвои миллат, ислоҳотҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ гузаронида шуданд, ки аз соли 2000 то имрӯз идома доранд. Аз ҷумла, бунёди неругоҳҳои барқии обӣ, ба мисли Неругоҳи Роғун, ва таҳкими сарҳадҳо бо Афғонистон, махсусан пас аз соли 2021, аз дастовардҳои муҳим буданд. Пешвои миллат дар сиёсати хориҷӣ низ фаъол аст, ки аз соли 1992 то имрӯз идома дорад, аз ҷумла ташаббусҳои обӣ дар СММ, ки ба таҳкими мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ кӯмак кардааст. Ин дастовардҳо Пешвои миллатро ҳамчун сиёсатмадори хирадманд ва меъмори давлатдории миллӣ муаррифӣ мекунанд. Пешвои миллат ҳамчун тарғибгари арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, сиёсати ҳуқуқиро ҳамчун воситаи таҳкими равобити ҷамъиятӣ ва рушди устувори давлат истифода кардааст, ки ин ба таҳкими волоияти қонун мусоидат намуд. Фаъолияти Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳ ва ваҳдат заминаи устувории сиёсӣ ва ҳуқуқиро фароҳам овард, ки ҳатто дар шароити танқидҳои байналмилалӣ, дастовардҳои ҳуқуқиро мустаҳкам гардонид.