БАРГУ СОЗИ МО КИТОБУ ҲИКМАТ АСТ

0 1

Солҳои соҳибистиқлолӣ бо иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи китобдор дар мамлакат рушду такомул ёфта, даҳҳо китобхонаҳо шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дарҳои худро ба рӯйи хонандагон боз карданд, ки бозгӯйӣ сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат мебошад. Дар ростои татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки ҳар сол дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – ватани азизи ман» миёни таълимгирандагони муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои ибтидоӣ- миёна, муассисаҳои олӣ доир ва ба ин восита онҳо ба китобу китобхонӣ ҷалб карда шаванд. Дар робита ба ин масъулинро муаззаф сохтанд, ки минбаъд фаъолияти хуби китобхонаҳоро дар мақомот, ташкилот, муассисаву корхонаҳо ва ҷамоатҳои деҳот таҳти назорат гирифта, китобхона бунёд созанд ва онҳоро бо китоб бадеӣ ва дигар адабиёт, инчунин осори адибони ватанию ҷаҳонӣ таъмин намоянд.

Ҳадафи ин амал баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, таҳкими худшиносӣ ва ҷаҳони маънавии ҳар сокини мамлакат мебошад. Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуровро аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп намуда, то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Пешвои миллат ба ҳар як оилаи мамлакат ҳадя намояд.

Таърих гувоҳ аст, ки бархе аз сиёсатмадорону сарватмандон, мустамликадорон, матаассибони дин бо истифода аз кӯрдилию ҷаҳолат ва нотавонбинии худ муҳимтарин китобҳои халқу миллатҳоро дар тӯли таърих оташ зада, дар об андохта ё дар зери замин гӯронида, несту нобуд карданд. Лашкаркаш Искандари Мақдунӣ «Авесто»-ро сӯзонд. Рӯдакиро кӯр карданд. Шоҳ Маҳмуди Ғазнавӣ аз барои «Шоҳнома» ҳукм баровард ва Фирдавсиро дар зери пойи филҳо андозанд. Ибни Сино барои табобати одамон як умр дар бадарға ва саргардон гашт. Ҳилолиро сангсор карда куштанд.

Китобхониву китобдӯстӣ инсонро ҳатман ба қуллаи мурод мерасонад, дар ҷамъият обрӯю нуфуз пайдо менамояд, ӯро шарафманду қадршинос мегардонад. Китоб барои инсон сарчашмаи илму дониш ва ғизои маънавист, пас дӯст доштан ва эҳтиром намудани китоб барои ҳар фард воҷиб аст, зеро тоҷикон аз азал мардуми соҳибкитобу соҳибмаърифат ва фарҳангдӯстанд. Мероси бузургу бебаҳои бадеиву таърихӣ, ки сарчашмаи беҳамтои маънавиёти миллат мебошад, гувоҳӣ ин андешаҳост.

Ниёгони мо ҳангоми мутолиа ва рӯйбардор кардани китоб ҳатто дар болои он гузоштани ягон ашёро беэҳтироми мешумориданд ё аз варақи китоберо ёбанд, аз замин бардошта, ба дидагонашон молида, ба баландие мегузоштанд. Гузаштагони мо аз хор кардани китоб, ки сабаби хор гаштани инсон ва бебаҳра мондан аз илму маърифат мегардад, ҳазар мекарданд.

Аз ин рӯ, ба хонандагон лозим аст, ки зимни хондани китоб истилоҳу калимаҳои нофаҳморо рӯйнавис намуда, бояд аз луғату фарҳанг маънову мазмуни онҳоро кӯчонида гиранд ва аз худ намоянд. Ба ҷойи навиштагирӣ баъзан зери сатрҳои ҷойҳои даркории китоб хат мекашанд. Баъзеҳо варақҳои китобро мекананд. Албатта, ин кори нодуруст ва беэҳтиромӣ нисбат ба китоб аст.

Баъзан дар бозор китобҳои нодирро назди фурӯшандаҳо, хусусан, носфурӯшону донаи офтобпарастфурӯшон мебинем, ки варақҳоро канда, моли камарзиши худро дар он печонида, ба харидорон пешниҳод мекунанд. моро лозим аст, ки аз чунин кирдорҳои зишт ва нораво даст кашида, идома додани суннати гузаштагони худ, яъне пос доштани коғазу китобро вазифаи муқаддас донем.

Бе китоб, эй дӯстон, бунёди мо норавшан аст,
Тираву торик ҳамчун хонаи беравзан аст.
Бузургони мо дар бораи китоб суханҳои баландмазмун гуфтаанд. аз ҷумла, Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» овардааст: «Беҳтарин ҷаласа ва хуштарин анис кутуби акобирва расоили бузургон… на замири хонандаро аз малолест ва на хотири шунавандаро калом». Аз ин рӯ, дар хонаи ҳар фард будани ҷевон ва рафи китоб зарур аст. Зеро хонаи бе китоб сард буда, зиндагӣ маъно надорад. Бе китоб илмумаърифат ҳосил нахоҳад шуд, бе илму адаб мансабу давлат чизе нест, табиати инсон ниёз ба дороии маънавӣ ба китоб дорад. Яъне ҳар оилаи бофарҳанг бояд китобхонаи худро дошта бошад. ва дар он китобҳои дарсиву таълимӣ, асарҳои классикони милливу ҷаҳонӣ, адабиёти бадеӣ, маълумотномаҳову луғатҳои марбут ба ихтисосашонро гирд оваранд. Китоб хазинаи илму маърифат, панду ҳикмат, дӯсти холис ва бетамаъ, ғамбарору ғамгусор ва ҳамнишину ҳамсуҳбати инсон аст.
Шоир, мутафаккири тоҷику форс Абдураҳмони Ҷомӣ мефармояд:
…Дарунаш ҳамчу ғунча аз варақ пур,
Ба қимат ҳар варақ з-он як табақ дурр.
Ба таҳрири латоиф лаб кушояд,
Ҳазорон гавҳари маънӣ намояд.
Китоб дарёи ҳикмат буда, маҷрои он моро ба роҳи хирад, маърифат, одобу фазилатҳои неку ҳамидаи инсонӣ ҳидоят мекунад. Бе китоб донистани таърихи башарият имкон надорад. Чун китоб сабаби асосии ҳосил намудани илму дониш ва ғизои маънавист. Пас, дӯст доштан ва арҷ гузоштан нисбат ба китоб амрест муқаддас. Шахси китобхону китобдӯст ба монанди садаф, ҷавоҳирот, офтоб ҷонбахшу нурафшон аст. Мутолиаи китоб на танбодиққат будан, балки фаъолиятмандиро тақозо мекунад, омили мустаҳкам намудани хотира гардида, аз сӯйи дигар, барои ғанӣ намудани маънавиёт, сайқал ёфтани зеҳну қобилият ва ташаккули заминаи эҷодиёти илмӣ мусоидат менамояд.
Зи доноён бувад ин нукта машҳур,
Ки дониш дар кутуб, доност дар гӯр.
Набояд фаромӯш сохт, ки китобхониву китобдӯст ӣ инсонро ҳатман ба қуллаи мурод мерасонад. Китоб аз нодиртарин ва марғубтарин бозёфтҳои иҷтимоии башарият маҳсуб меёбад ва онро бояд азизу муқаддас дониста, чун гавҳараки чашм ҳифз созем. Аз ҷониби дигар Пешвои миллат эълон гардидани Рӯзи китоб дар Тоҷикистон пайкест аз сиёсати фарҳангдӯстонаи Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан арҷ гузоштан ба китобу китобдорӣ ва китобхонӣ ҳидоят намудани аҳли ҷомеа, хусусан, наврасону ҷавонон.

Ҳавасмо Бобошоева

Китобдори китобхонаи МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.