ОИЛА – САРЧАШМАИ МУҲАББАТ, ЭҲТИРОМ, ЯКДИЛӢ 0 10 Мубодила кардан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ— Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон баён доштанд, ки “давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад». Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Мояи ифтихор аст, ки давра ба давра беҳтаршавии вазъи иқтисодӣ, паст гаштани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат ва таъмини беҳдошти зиндагии мардум барои равнақи созандагӣ ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ заминаи устувор фароҳам меорад. Оила – гурӯҳи хурди ҷамъиятӣ, офаранда ва бахшандаи ҳаёт, бақои ҷомеа аст. Дар оила ҳамаи мафҳумот, ақоид, ҳиссиёт ва одатҳои нахустине гузошта мешаванд, ки онҳо дар ташаккулёбии минбаъдаи тамоми маънавиёти шахсияти мактабиён замина мегузоранд. Тарбияи оилавӣ як қисми тарбияи ҷамъиятӣ мебошад. Вазифаи оила дар доираи кору бори хонадон оқилона ташкил кардани ҳаёти кӯдакон аст, то ки онон таҷрибаҳои муфиди наслҳои калонсолро азхуд кунанд, дар фаъолияти амалии худ истифода бурда тавонанд. Дар кишварҳои Ғарб аксари оилаҳо аз падар, модар ва фарзандон иборатанд. Бобою бибӣ одатан то даме, ки тавоноиашон барҷост, мустақилона зиндагӣ мекунанд. Ҳарчанд ки аҳли оила бо хешовандони дигар робита доранд, ба ҳар ҳол масъулияти нисбат ба онҳо доштаашон маҳдуданд. “Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани маърифату фарҳанги оиладорӣ ва ба маром дароварданимасъалаҳои ҳуқуқии он мунтазам тадбирҳои зарурӣ анҷом дода шуда, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла кодекси оила, Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” қабул гардидаанд”. Мутафаккире фармудааст: “Барои бунёди оила кофист, ки дӯст бидорӣ. Аммо барои ҳифз ва нигоҳ доштани он бояд таҳаммул кардан ва бахшиданро биомӯзӣ”(Модар Тереза). Бузурги дигаре мефармояд: “Оила ҳадяи бебаҳост. Онро бояд эҳтиёт кард, на ин ки вайрон сохт” (Сюзан Кинг). Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз бо мушкилие рӯ ба рӯ омадааст, ки он ноустувории ақди никоҳ ва ҷудошавии оилаҳо аст. Мутаассифона, ин раванд имрӯз ба ҷумҳурии мо низ таҳдид мекунад. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ, соли 2018 танҳо дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе аз 7721 оилаи навбунёд дар муддати кӯтоҳ 1777-тои он аз ҳам пош хӯрдааст, ки хеле шигифтангез аст. Бубинед, зуд ва бо саросемагӣ бо хости худ ва ба тариқи худ оила бунёд кардани ҷавонон ва ба ҳамин зудӣ аз ҳам ҷудо гардиданашон хоси зиндагии имрӯз ва ҳамин чанд соли охир аст. Чунин падида дар замонҳои начандон дури пешин кам ба назар мерасид ва ҳатто пош хӯрдани як оилаи ҷавон фоҷиа, ҳодисаи номатлуб ва ҳатто шигифтангези ҷомеа маҳсуб мешуд. Аммо имрӯз ҷудошавии оилаҳои ҷавон касеро ба ҳайрат намеорад. Ин ҳодисаи муқаррарарӣ гардида, ҷомеа ба он одат кардааст. Албатта, барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан миллати куҳанбунёди мо, ки фарҳанги ғанӣ ва ибратомӯзи оиладории худро доштааст, ин ҳолат сахт изтиробангез аст. Оила яке аз рукнҳои асосии ҷомеа ба шумор меравад. Асоси пешравии оила, албатта, оилаи солиму бофарҳанг маҳсуб меёбад. Барои он ки ҷомеаи мутамаддин пешрафта бошаду фарҳангу маърифати оиладорӣ хуб ба роҳ монда шавад, мо бояд сари ин масъала биандешем. Вақте зану мард бо ҳамдигар хонадор мешаванду фарзанд ба дунё меоранд, бояд ки унсурҳои оиладориро пос доранд. Бо ҳамдигар муносибати меҳрубонона дошта, фарҳангу маърифати оиладориро риоя кунанд. Тарбияи дурусти фарзанд боиси ифтихор ва сарбаландии волидайн гардида, ҳангоми пирӣ ба онҳо ҳамчун асо мададгору қуввату дармон мешавад. Дар замони ҳозира, ки дар ҷомеаи ҷаҳонишавӣ қарор дорем, моро мебояд, ба фарзандон ва тарзи истифодаи онҳо аз технологияи муосир таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Чунки интернети имрӯза бемаҳдуд буда, метавонад ба кӯдак таъсири манфӣ ва ё мусбати худро расонад. Албатта, ин аз тарзи истифодабарандаи он вобастагӣ дорад. Пойдорӣ ва устувории оиларо муҳаббат ташкил медиҳад, зеро танҳо муҳаббати самимӣ метавонад оиларо мустаҳкам ва ҳама мушкилоти ба сар омадаро раф созад. Муҳаббат танҳо дар оила камолоту нафосати ҳақиқии маънавӣ пайдо мекунад. Оилае, ки пояаш ба муҳаббат асос ёфтааст, оилаи хушбахт аст. Дар мазраи диле, ки муҳаббат парварида мешавад, гули вафо, устуворӣ, матонат ва фазилатҳои неки инсони бояд шукуфон бошад. Аҳамияти оила дар ҳаёти инсон он қадар бузург аст, ки наметавон онро фақат аз як ҷониб шарҳ дод. Масалан, агар мо гӯем, ки оила ақди никоҳи ду нафар аст, на ҳама маънои онро ифода мекунем, зеро фарзандон, волидайн ва фаъолиятҳои дигари оиларо фаро намегирем. Оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг, идомати таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф аст. Маҳз ба шарофати оила давлат қавӣ гаштаву тараққӣ мекунад ва некӯаҳволии халқ беҳ мегардад. Дар ҳама замонҳо пешрафти кишвар вобаста ба вазъи оила дар ҷомеа ва муносибат ба он баҳогузорӣ мешуд. Аз оила зиндагии инсон ибтидо гирифта, ташаккули ӯ ҳамчун шаҳрванд сомон меёбад. Оила – сарчашмаи муҳаббат, эҳтиром, якдилӣ ва дилбастагист. Маҳз бар ин мафумҳо ҷомеаи мутараққӣ бино ёфта, бе онҳо мавҷудияти инсон номумкин аст. Ченаки баҳогузории тараққиёт ва пешрафти кишвар некӯаҳволии оила мебошад. Расолати асосии оила метавон гуфт, таваллуд ва тарбияи фарзандон аст. Қавӣ будани оила хеле муҳим аст. Маҳз дар оила кӯдак асрори муносибатҳои байни инсонҳо, муҳаббат ва ғамхориро меомӯзад. н.и.педагогӣ Маҳмудҳзода Қумринисо Нурали муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” 0 10 Мубодила кардан