Имрӯз бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва густариш ёфтани робитаҳои гуногунсоҳаи байналхалқии Тоҷикистон, шаҳрвандони мо ба кишварҳои гуногуни олам сафар мекунанд.
Аз ҷумла; ба сифати сайёҳ, тоҷир, донишҷӯ, муҳоҷир ва шахсоне, ки зиёрати маконҳои муқаддасро иҷро мекунанд. Ин албата талаботи замон ва тақозои ин марҳилаи таърих мебошад. Аммо муттасифона он ҳолатҳое, ки дар амалӣ қисме аз шаҳрвандон баъдӣ баргаштанашон ба вуҷуд меояд,боиси ташвиш ва хеле нигаронкунанда аст.
Барои мисол: дар ҳақиқат ҳар як миллат таъриху фарҳангӣ либоспушии муайян дорад. Дар ҷаҳон садҳо халқҳову миллатҳое ҳастанд, ки бо либоспушии худ, худро ба дигарон муарифи мекунанд.
Пас чаро бархе азашхосӣ алоҳида амалҳоеро иҷро мекунанд, ки боисӣ нигарони аст, хусусан пушидани либоси бегона бо номҳои сохта яке аз масъалаҳои мубрам барои ҷомеъа мебошад.
Ҳол он ки бегонашавии одоб ва расму оини либоспушӣ, ин бегона шавии фарҳангӣ буда, истиқлолияти фикри, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад.
Ба бар карданӣ либоси бегона, танҳо бо мақсади намоишкорӣ зоҳир парастӣ ва худро аз дигарон фарқ кунонидан аст. Ин ашхос фикр мекунанд, ки бо ин амалӣ худ аз дигарон боло меистанд.
Аммо дар асл аксари ин бегонапарастон ҳатто саводи кофӣ надоранд, ки мазмун ва моҳияти пушидани либосӣ бегонаро дарк кунанд.