ОДОБИ ТАҲСИЛ, ХОНА, МАКТАБ ВА ОМӮЗГОР

0 1

Таҳсил чист ва он чӣ маъно дорад? Маънои таҳсил ин хондан ё омӯхтан мебошад. Таҳсил яке аз пояҳои асосии рушди инсон ва ҷомеа ба шумор меравад. Дар баробари гирифтани дониш, одобу ахлоқ дар мактаб аҳмияти бузург дорад. Одоби таҳсил на танҳо ба пешрафти хонанда мусоидат мекунад, балки муҳити солиму дӯстонаеро низ ба вуҷуд меорад. Одоб яке аз пояҳои асосии тарбияи инсон ба шумор меравад. Хусусан дар муҳити таҳсил – мактаб – одоб нақши бисёр муҳим мебозад. Зеро маҳз дар ҳаминҷо шахсият ташаккул меёбад, дониш андӯхта мешавад ва инсон барои зиндагии мустақил омода мегардад. Аз ин рӯ, одоби таҳсил, хона рафтори муаллим ва муҳити мактаб бо ҳам зич алоқаманданд.

Пеш аз ҳама одоби таҳсил ба худи хонанда вобаста аст. Ҳамчунин, муносибати хуб бо ҳамсинфон низ қисми муҳими одоби мактабӣ мебошад. Ёри расонидан ба якдигар, худдорӣ аз ҷангу баҳс ва эҳтироми фикри дигарон муҳити дӯстиро мустаҳкам мекунад. Одоби таҳсил маънои рафтори дурусти хонандаро ҳангоми омӯзиш дорад, ки бояд ҳар як хонанда бо эҳтиром ва сари вақт ба мактаб рафтан, гӯш кардани омўзгор ва халал нарасондан ва иҷрои вазифаҳои хонагӣ, инчунин нигоҳ доштани тозагӣ ва тартиб мебошад.

Вақте сухан дар бораи таълиму тарбия меравад, мо бештар ба мактаб ва нақши омӯзгорон ишора мекунем. Ҳақиқатанҳам, мактаб ва омӯзгор барои ҳар як хонанда сарчашмаи асосии дониш мебошанд. Таълиму тарбия танҳо кори мактабу омӯзгор нест. Агар мактаб ва оила якҷоя амал кунанд, натиҷа чандин маротиба беҳтар мешавад. Аммо ин маъно надорад, ки бо анҷоми дарс дар мактаб раванди омӯхтан низ ба поён мерасад. Омӯзгор метавонад роҳнамоӣ кунад, вале иҷрои вазифаҳо ва таҳкими дониш бештар аз муҳити хона вобаста аст. Баръакс, қисми муҳими таҳсилот, яъне омодагӣ ба дарс, такрори мавод, иҷрои вазифаҳои хонагӣ ва худомӯзӣ, маҳз дар муҳити хона сурат мегирад.

Асосан барои хонандагон муҳити хона муҳим аст зеро хонандагон қисми зиёди вақти худро дар хона мегузаронанд. Агар ин муҳит барои таҳсил ва такрори дониш созгору мусоид бошад, натиҷаҳои таълим низ баландтар мегарданд. Масалан, агар хонанда мизи хоси худ барои кор кардан дошта бошад, равшании хона хуб бошад, китобу дафтар ва дигар воситаҳои таълимӣ дастрас бошанд, вай метавонад бо шавқу ҳаваси бештар машғули донишомӯзӣ шавад. Дар чунин ҳолат, хонанда эҳсос мекунад, ки дар хона ба таҳсилаш ҷиддӣ муносибат менамоянд ва худ низ масъулиятшинос мешавад.

Баръакс, агар муҳити хона носозгор бошад — масалан, хонанда ҷои муайян барои омодагӣ надошта бошад, атроф пур аз садо ва парешонӣ бошад, китоб ё воситаҳои зарурӣ дар даст набошад — ӯ зуд хаста ва дилсард мешавад. Ин ҳолат ба натиҷаи таҳсилаш таъсири манфӣ мерасонад. Волидон дар таълиму тарбияи фарзандон нақши калидӣ доранд. Ҳарчанд омӯзгор дар мактаб дониш медиҳад ва роҳнамоӣ мекунад, аммо бе дастгирии волидон ин раванди омӯзиш пурра намешавад. Волидон бояд барои фарзандонашон дар хона шароити муносиб муҳайё созанд.

Макони таҳсил асосан мактаб, коллеҷ, донишгоҳ, гимназия, ва ғайра мебошад. Аввалан, ҳар як хонанда бояд ба дарс сари вақт ҳозир шавад ва бо омодагии пурра ба синфхона ворид гардад. Ҳангоми дарс хонанда бояд ором нишинад, ба суханони муаллим бодиққат гӯшдиҳад ва бе иҷозат сухан нагӯяд. Боз хондану омӯхтанро ҳар кас метавонад худаш мустақилона амалӣ созад. Яъне китоб, маҷалла ё рӯзномаро хонда дониш гирад. Баъзан падару модарон барои фарзандон омўзгори хусусӣ низ кироя карда дар алоҳидагӣ дарс медиҳанд. Аммо барои шумо, бачаҳо беҳтарин ҷои таҳсил мактаб аст. Чунки бисёр чизҳо дар мактаб омӯхта мешаванд ва дар ин ҷо илму дониш, одобу ахлоқ аз бар мегарданд, ки мактаб ҷойи тарбия ва дониш мебошад. Муҳити мактаб низ дар ташаккули одоби хонанда аҳмияти калон дорад. Агар дар мактаб муҳити дӯстона ва солим ҳукмрон бошад, хонандагон бо дилгармӣ ба таҳсил машғул мешаванд. Эҳтироми байни ҳамдигар, дастгирии дӯстона ва риояи қоидаҳои ба беҳтар шудани сифати таҳсил мусоидат мекунанд. Мактаб бояд ҷойи тоза, ором ва барои омӯзиш мувофиқ бошад. Аввалин бор дари илму донишро мактаб ба рӯятон боз мекунад. Нақши падару модар низ дар ин раванд хеле муҳим аст. Онҳо бояд фарзандони худро ба омӯзиш ҳавасманд намуда, рафтори онҳоро назорат кунанд ва бо омўзгорон ҳамкорӣ намоянд. Танҳо бо ҳамкории мактаб ва оила метавон натиҷаҳои хуб ба даст овард.

Шоири Азизи Самарқандӣ барҳақ гуфтааст:

Гуфтам ба хирад, ки соҳиби ирфонӣ,

Бинмоӣ раҳи наҷот аз нодонӣ.

Гуфто: мактаб, мактаб, мактаб,

Бояд хонӣ, хонӣ, хонӣ.

Албатта фақат хондану омӯхтан метавонад моро оқилу доно гардонда ба мақсад расонад. Бачаҳо оё шумо дидаед, ки баъзеҳо ғайр аз мактабу хона боз дар автобус тайёра, траллейбус қатора ё роҳравҳо китобу маҷалла ё рӯзнома мехонанд. Масалан ман, ки хурд будаму мисли шумо дар мактаб мехондам, ин чизҳоро мушоҳида кардаам. Баъд аз он калонтар шудам, фаҳмидам, ки онҳо бо мақсади омӯхтан ва фаҳмидану илму дониш гирифтан чунин рафтор мекардаанд. Абӯалии Ибни Сино, ки дар таърихи ҷаҳонӣ ҳамчун шахси табиб ва донишманд машҳур аст, ҳанӯз дар синну соли шумо шабу рӯз ба хондан машғул будааст, яъне ба китобхонӣ шавқи зиёд доштааст. Маълум, ки донистани илм ба ҳамон шахсе муяссар мегардад, ки сидқан паи омӯзиш шавад. Лекин танҳо як кушиш кам аст. Қабл аз ҳама бояд бифаҳмӣ, ки баҳри чӣ илм ба ту зарур мебошад. Агар ту ҳақиқатанҳам ба илм дода шавӣ, ҳар як ихтироот, хурдтарин комёбии илми ба даст оварда бойгарие баҳри ту хоҳад гашт. Оё қаноатмандие бештар аз заҳмати илмомӯзӣ ҳаст? Илмро чуноне, ки модар фарзанди хешро дӯст медорад, дӯст доштан лозим аст он вақт илм ҳам ба ту рӯйи хуш медиҳад. Одам аз модар оқилу доно ба дунё намеояд.

Дониш гирифтан хоҳӣ аз ҳеҷ гуна душворӣ ва ранҷу азоб натарс чунки барои доною маърифатнок шудан ҳарчӣ бештар такрор кардани сабақи устод лозим меояд. Дар таҳсил одам гоҳ сер, гоҳ гурусна, монданаш мумкин аст. Тавре гуфтаанд “ То ранҷ набарӣ, ганҷ муяссар нагардад”. Албатта, шумо номи устод Садриддин Айниро шунидаед. Ана ҳамон кас, чун мову шумо хурдсол буд, баҳри таҳсил ранҷи зиёде кашидааст, ки ҳатто раҳми кас меояд. Маънои илм, ки дониш ва маърифат мебошад, аз худ кардани он барои ҳар шахс бисёр зарур аст. Иҷрои корҳои душвор ба шарофати илм ба мо муяссар мегардад.

Омӯзгор шахсиятест, ки дар мактаб ташкилкунанда, танзимкунанда ва амалан иҷро кори раванди таълиму тарбия, оне, ки аз қуллаҳои баланд об гирифта, баҳри шодоб кардани наслҳои наврас чун сарчашмаи мусаффо аз худ меҷӯшад. Ба хонандагон роҳу равиши дурусти зиндагиро меомӯзонад. Омӯзгори хуб на танҳо дониш медиҳад, балки намунаи ахлоқи нек низ мебошад. Аз ин рӯ, эҳтироми омўзгор вазифаи ҳар як меҳрубонӣ муносибат карда, дарсро равшан ва фаҳмо шарҳ диҳад ва инчунин ҳавасманд кардани хонанадагон ба дониш ва сабру таҳаммул дошта бошад. Омӯзгор нисбат ба тарбияи солими насли наврас шахси масъул ва дар назди ҷамъи хонанда мебошад. Салом додан, бо эҳтиром сухан гуфтан ва иҷрои супоришҳои додаи омӯзгор нишонаи одоби баланд аст. Омӯзгор бояд намунаи ахлоқи нек бошад, ки бо хонандагон ҷавобгар аст. Вале барои он ки тарбияи солими навниҳолон шикас наёбад, худи омӯзгор бояд солим фикр, бо меҳр ҷӯянда ва мушкилкушои пешаи худ бошад, асрори ниҳони касбашро аз халқ ва бузургон биомӯзад.

Хулоса, одоби таҳсил, хона омӯзгор ва мактаб унсурҳои муҳими тарбияи насли наврас мебошанд. Агар ҳар яке аз инҳо вазифаи худро дуруст иҷро намояд, ҷомеа соҳиби насли донишманд, боахлоқ ва масъулиятшинос мегардад. Танҳо тавассути одоб, дониш ва ҳамкории зич метавон ояндаи дурахшон бунёд кард.

Бахтиёр Фақеров

Сармутахассиси шуъбаи тарбияи МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.