РӮЗИ ҶАВОНОН – ҶАШНИ УМЕДУ СОЗАНДАГӢ

0 1

Рушди ҳар як ҷомеаи мутамаддин ба неруи созанда ниёз дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози демографӣ давлати ҷавон буда, 70 фоизи аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Вақте сухан дар бораи ҷавонон меравад, бевосита гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷавонон суханрониҳои зиёд намуда, аз ҷумла таъкид кардаанд:

«Мо бояд тамоми шароитҳоро барои ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, муҳайё гардонем ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоем».

Воқеан, ин суханон ҳақиқат доранд, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Ҷавонон муаррифгари давлату кишвар мебошанд. Онҳо ояндасози имрӯзу фардои Ватананд ва бе ҷавонон тасаввур кардани давлату миллат мумкин нест.

Ҷавонон бояд дар ҳамаи қишрҳои ҷомеа фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд. Онҳо бояд дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо руҳияи баланди ватандӯстӣ иштирок намуда, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳифз намоянд.

Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» ба ҷавонон нерӯи тоза бахшид ва имкониятҳои онҳоро боз ҳам васеътар намуд. Ин иқдом онҳоро вазифадор сохт, ки дар ҳар ҷое бошанд, ҳисси баланди миллӣ дошта, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.

Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар таърих ворид гардид. Таҷлили ин рӯз на танҳо рӯзи шодиву хурсандӣ мебошад, балки натиҷагирии кору фаъолияти ҷавонон дар ҷодаи созандагӣ ва ободии Ватан аст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» 13 марти соли 1992 қабул гардида, баъдан 15 июли соли 2004 дар таҳрири нав ҳамчун «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» тасдиқ шуд.

Ҷавонони тоҷик тавассути дониш ва малакаи худ Тоҷикистонро дар ҷаҳон муаррифӣ мекунанд ва парчамбардори Ватан мегарданд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар яке аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст:

«Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ гузорем, зеро иштироки ҷавонон дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд нақши ҳалкунанда дорад».

Дар ҷомеаи имрӯза нақши ҷавонон дар рушди иқтисоди миллӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва пешбурди соҳаҳои гуногун хеле муҳим мебошад. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд дониши худро тақвият бахшида, ба ҳама гуна ғояҳои ифротӣ ва зараровар роҳ надиҳанд.

Имрӯз ҷавонони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд ва парчами Тоҷикистонро баланд мебардоранд.

Ҷавонон, эй чароғи рӯзи фардо,

Шумоед нури бахти миллати мо.

Ба дил меҳри Ватан, дар сар муроде,

Шавад аз қудрати шумо ҷаҳон зебо.

Бояд зикр намуд, ки аз соли 1997 инҷониб 23 май дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҷавонон як қатор барномаҳо ва имтиёзҳо, аз ҷумла стипендияҳо, ҷоизаҳо ва квотаҳоро роҳандозӣ намудааст.

Имрӯз Пешвои миллат ҳамеша ба ҷавонон такя мекунанд, зеро онҳо неруи созандаи давлат мебошанд. Ҷавонон бояд ватандӯст, бонангу номус ва содиқ ба давлату миллат бошанд.

Ҳар як ҷавон бояд барои таҳкими сулҳ, ваҳдати миллӣ, амнияти давлат ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошад.

23 МАЙ — РӮЗИ ҶАВОНОН БА ТАМОМИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК БОД!

Дилбар Мирзоева

Раиси созмони ҷавонони МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.