ИСТИҚЛОЛИЯТ ОМИЛИ МУҲИМИ ДАСТОВАРДУ МУВАФФАҚИЯТҲОИ МОСТ!

0 27

                                                  Истиқлолият бузургтарин ва муқаддастарин

                                                  неъмати яздонист,  ки миллати  тоҷик  онро

                                                  доро мебошад.         

                                                                                          Эмомалӣ Раҳмон

 

    Инсонҳо дар тули асрҳо баҳри  он  талош мекунанд, то ин ки озодию хушбахтӣ, рӯзгори тинҷу ором ва осудаҳоливу рӯшд насибашон бошад.

   Ҳамаи ин падидаҳо зери маҳфуми истиқлолият ва соҳибистиқлолӣ ифодаи худро дарёфтанд.

   Миллати соҳибтамуддун ва бо фарҳанги тоҷик дар қатори  садҳо милатҳои дигар дар тули  таърих  барои истиқлолияту озодии хеш саъю талош кардааст.

    Агар мо ба таърихи гузаштаи ниёгон назар кунем, оғоз аз замони пешдодиён аҷдодони ватандору меҳандӯсти мо барои соҳибихтиёрию истиқлоли хеш муқобили ҳама гуна сахтию мушкилиҳо истодагарӣ  кардаанд, то ин ки аз забону фарҳанг, урфу одат, расму оин ва ҳама арзишҳои миллии худ ҳифз карда бошанд.

    Мо аз манбаҳои  таърихию фарҳангӣ шоҳиди он ҳастем, ки  аҷдодони гузаштаи мо дар раванди таърих хеле зиёд бо мушкилию санҷишҳои таърихӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Борҳо дучори таҷовузу забткории аҷнабиён гаштаанд. Аммо ин ҳама мушкилиҳои  пешомада бо талоши ниёгони мо паси сар шуданд.

   Оре, тоҷик ва аҷдодони гузаштаи ӯ аз қадим, ҳамчун миллати соҳиби хирад, тамаддун ва фарҳангӣ воло  талош мекард, ки новобаста аз ҳама мушкилоти пешомада, аз меҳану халқ, забону фарҳанг ва арзишҳои асили хеш ҳифз карда бошад ва ин ҳама дастовардҳоро ба наслҳои оянда ба мерос гузошта бошад. Миллати тоҷик ба ниёгони пешгузаштаи ӯ ҳамеша ифтихор аз халқу меҳани азизаш дорад ва ин рисолатро то ба имрӯз давом медиҳад.

     Дар ҳақиқат мо имрӯз ифтихор аз он дорем, ки ниёгони мо дар гузашта, ба ҳама носозгориҳои таърих сарбаландона муқовимат намуда, бо ҳама душманони беруна шарафмандона мубориза бурда, мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангиро барои имрӯзиён ба мерос гузоштаанд.

    Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, таффакури зиндагисоз ва маърифати баланди ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарӣ аз Зардушту Монӣ сар карда то Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалӣ Синову Носири Хусрав, Умари Хаёму Имом Ғазолӣ, Саноиву Аттор, Ҷалолиддини Балхӣ, Шайх Саъдиву Ҳофизӣ Шерозӣ барин садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардааст.

     Мақсад аз ин андешаҳои зикр шуда дар он аст, ки мо чун даврони соҳибистиқлолиро аз сар мегузаронем, шоиста аст, ки аз таърихи гузаштаи ниёгон хотираҳо дошта бошем.

      Имрӯз миллати тоҷик, бо шукургузори аз туҳфаи бузурги Яздонӣ, яъне соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ, ҳаёти осоиштаву ороми, ваҳдату ягонагии миллат ба сӯи ояндаи нек равон аст.

   Бад аз пош хурдани собиқ Иттиҳоди Шуравӣ миллати тамадунофару соҳибфарҳанги мо дар қатори даҳҳо  халқу миллатҳо роҳ ба суи бунёди ҷомеаи соҳибистиқлолро пеша кард. Ҳамин талошҳои пайваста боис шуд, ки 09 – сентябри соли 1991 бо Қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Ин рӯз дар таърихи миллати тоҷик бо саҳфаи заррин ворид карда шуд.

     Ин бузургтарин неъмате буд, ки миллати тоҷик дар давоми баъд аз ҳазор соли давлатдории нахуст сулолаи давлати тоҷикӣ (Сомониён) дар даҳсолаи охири қарни бистум ба даст оварда буд. Миллати тоҷик аз ин туҳфаи таърих пару боли тоза гирифта баҳри поягузории давлатдории навини хеш камари ҳимат баст.

        Имконияти мусоид фароҳам омад, ки миллати тоҷик  дар марҳилаи нави таърихӣ худро ҳамчун миллати кӯҳан соҳиби тамадун ва фарҳангӣ пешрафта аз нав муарифӣ созад. Ин оғози эҳёи давлатдории навини тоҷикон дар таърих буд.

     Аммо мутаъсифона чуноне, ки ҳодисаю воқеаҳои минбаъда собит намуданд, ки ин дигаргуниҳои таърихӣ миллати тоҷикро, бархе аз ашхоси нотавонбину худноогоҳ нодида гирифта, ба ин навгониҳои таърихи миллат бо чашми ҳасуд ва ғаразнок назар доштанд. Ҳамин хусумату душманӣ, ғаразу бадбинии душманони миллат буд, ки даҳ соли аввали соҳибистиқлолӣ барои миллати тоҷик санҷишҳои хеле вазнинро пеш овард.

    Бо дахолати душманони миллат, ҳам дар дохил ва ҳам аз берун, давлати тозаистиқлоли мо ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ байни солҳои 1992 – 1997 фуру рафт. Хушбахтона ҳадафи душманони миллат барбод рафта, ғаразҳои нопоки онҳо барҳам хурд.

    Воқеаҳои минбаъда гувоҳи онанд, ки насли имрӯзаи миллат давом диҳандаи кору пайкори некӣ ачдодон дар бахши ватандорию меҳанпарастӣ мебошад.

     Дар ин марҳилаи ҳасос барои давлату миллат фарзандони бо нангу номуси он, давомдиҳандагони рӯзгори ибратбахши як қатор фарзандони миллати тоҷик дар таърихи гузашта монанди: Шераку Спитамен, Муқаннаву Абумуслим, Исмоили Сомонӣ, Темурмалику Восеъ, ки дар роҳи дифоъ аз ватан, истиқлолияту озодии меҳан ҷонбозиҳо кардаанд, ба майдон омадаанд.

   Моро зарур аст, ки чун дар боби   соҳибистиқлолии тоҷикон сухан мегуем, аввалан аз заҳмату талошҳо, ҷонфидоиву сарсупурдагии фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои Муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳо дошта бошем, чунки маҳз садоқат, матонат, ҷасуриву мардонагӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва қалби саршор аз меҳру муҳаббат ба халқи азизаш доштаи ин шахси соҳибхирад, сиёсатмадору давлатдор боис шуданд, ки кишвари азизи мо Тоҷикистон дар мудати кӯтоҳ аз вартаи буҳронӣ берун шуда, роҳ ба сӯи бунёди ҷомеаи навинро пеша кунад.

     Маҳз сиёсати оқилонаю, хиради волои ин шахсият буд, ки тоҷик ва Тоҷикистон дар муҳлати кӯтоҳи таърихӣ, ҳам дар дохил ва ҳам дар сиёсати ҷаҳонӣ муарифӣ гардид.

   Дар ҳақиқат даврони соҳибистиқлолӣ барои тоҷикон имкони воқеие фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи давлату миллатро мустаъқилона интихоб намуда, баҳри пешрафти минбадаи кишвари азизамон ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузорем.

       Вазифаҳои ҳаётан муҳим дар ин давра барои Тоҷикистони соҳибистиқлол.

       Дар бахши сиёсӣ:  ба амал баровардани ислоҳоти сиёсӣ, алалхусус таъғири сохтори давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, қабули Қонуни асосии давлати  соҳибистиқлол, ташкили шохаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, ташкил ва такмили сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, амалӣ кардани гуногунандешии сиёси дар кишвар.

      Дар бахши иқтисодӣ: давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин бахш корҳои зеринро бояд анҷом дод. Ҷорӣ кардани низоми нави иқтисодӣ, ташкил кардани шаклҳои гуногуни моликият, бахусус моликияти хусусӣ, такмили соҳаҳои асосии  истеҳсолот, саноат ва соҳаи кишоварзӣ, қабул ва амали кардани ҳадафҳои стратегии давлатӣ, аз ҷумла: баровардани ҷумҳурӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ  рӯшди энергетикии кишвар, саноатикунонии ҷумҳурӣ.

      Дар бахши иҷтимоӣ: дар ин марҳила сиёсати иҷтимоии давлатӣ баҳри такмилу тақвият бахшидан ва дигаргун сохтани вазъи иҷтимоии кишвар равона шуда буд. Аз ҷумла: баланд бардоштани сатҳу некӯаҳволии мардум беҳтар кардани шароити манзилӣ, оилавӣ, ҳифзи саломатӣ, беҳтар кардани  таъмини иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои аввалиндараҷа дар сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб мерафт.

    Дар бахши фарҳангӣ: дар ин самт давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рӯшди соҳаи фарҳанг тадбирҳои мушаххас андешид. Хусусан аз нав эҳё кардани суннату оинҳои ниёгон, таваҷӯҳ ба мероси фарҳангию таърихии гузаштагони мо, таҷлили чорабиниҳои бузургӣ фарҳангӣ барои пешрафти ин соҳа аҳамияти муҳим дошт.

      Бояд зикр кард, ки ин ҳама дастоварду комёбиҳои миллати тоҷик, маҳз аз шарофату самараи соҳибистиқлолии давлати тоҷикон сарчашма дорад.

    Дар воқеъ Ҷумҳурии  Тоҷикистон на танҳо дар сиёсати дохилӣ, балки дар муносибатҳои байналхалқӣ низ мувафақиятҳои бузургро ба даст овардааст.

     Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, узви комил ҳуқуқи бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

   Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз як кишвари иштирокчӣ, ба як давлати ташаббускор дар ҳали масоили гилобалӣ табдил ёфт.

   Дар ду даҳсолаи асри бистуякум Пешвои Миллат аз номи давлати Тоҷикистон беш аз панҷ ташаббуси сатҳи ҷаҳониро оид ба ҳали мушкилотҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод кард, ки аз ҷониби аксари кишварҳои ҷаҳон ҷонибдорӣ шуданд.

   Дар ҳақиқат имрӯз миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамадунофар эътироф мекунанд. Инчунин оид ба нақши созгори миллати тоҷик дар тамаддуни башари сухан мегӯянд, ки ин ифтихори ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ мебошад.

    Бояд қайд кард, ки дар солҳои соҳибистиқлоли давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи маорифу тандурустӣ, ҳамчун соҳаҳои афзалиятдошта таваҷҷуҳӣ хоса зоҳир намуда, барои рӯшди соҳаҳои мазкур тадбирҳо андешидааст. Дар давоми се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ беш аз садҳо иншоотҳои муҳим дар соҳаи маориф ва тандурустӣ: мактабҳо, беморхонаҳо,  бунгоҳҳои тиббӣ,  марказҳои саломатӣ бунёд карда шуданд, ки барои рӯшдӣ соҳаҳои зикршуда заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

     Дар ҳақиқат ҳамаи ин таъғйиротҳо, пешрафт, болоравии сатҳи зиндагии мардум маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ, ваҳдату ягонагӣ,  ҳаёти осоишта, бахусус сайю талошҳои Пешвои муаззами миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мо тоҷикон гаштааст. Дар шароити кунунӣ таҳкими истиқлолият, устувор кардани рукнҳои давлат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии инсон барои тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо кардааст.

     Ҳар як фарди солимақл ва соҳиби маърифату дониш имрӯз бояд шукургузор аз соҳибистиқлолии ватан, аз ҳаёти осоиштаву оромии кишвар, ваҳдату ягонагӣ бошад.

     Мардуми шарифи тоҷик боифтихори баланди ватандорӣ ба таҷлили 33 – солагии соҳибистиқлолии давлати хеш омодагӣ дорад. Мо бояд ҳамагон талош ба он дошта бошем, ки барои таҷлили ин санаи муқаддаси таърихӣ барои миллат бо дастоварди бузург омода бошем.

     Ҳар яки мо ин ватан, ин сарзамини кӯҳан, мерос аз ниёгони худро дӯст дошта бошем. Барои пешрафт ва шӯкуфоии он бештар меҳнат кунем.

    Натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарбияи ҷавонон буд, ки 14 нафар варзишгарони мо дар бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Париж-2024 фаъолона Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, бо се нишони биринҷӣ — 2 адад дар риштаи ҷудо ва як адад дар бахши бокс баргаштанд. Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов, ҳарду дар риштаи ҷудо, Давлат Болтаев бошад дар риштаи бокс соҳиби медалҳои биринҷӣ гаштанд. Ин бузургтарин дастоварди варзишӣ дар таърихи Тоҷикистон ба шумор меравад. Боварии комил дорам, ки Тоҷикистони азизи мо дар фазои Истиқлолият ва сулҳу амонӣ дар оянда рушд намуда, дар ҳама соҳаҳо дастовардҳои назаррас нишон хоҳад дод. Барои ба ин мақсадҳо ноил гаштан ҳама пиру ҷавони ватан зери шиори Тоҷикистон, ба пеш! сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона ҷонибдорӣ намуда, ҳар як шахс баҳри рушди ҷомеа ва боз ҳам ободу зебо гардидани ватанамон бояд саҳмгузор бошад.

Ҷашни бузурги соҳибдавлатӣ барои ҳамаи Шумо муборак бошад ҳамватанони азиз!

Директори МДТ “Колеҷи тиббиишаҳри

 Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”                   

д.и.т., Азиззода Зубайдулло Абдулло

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.