ИСТИЛОЛИЯТ ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ ХИРАМДАНДОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

0 10

     Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошанд. Гузашта аз ин, истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳон таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва замонати ҳастии воқеӣ ва бошарофати миллат аст. Ба хотири дарки арзиши таърихӣ ва дарёфти роҳҳои таҳкими он мо паҳлуҳои гуногуни ин неъмати азизи худододро гаштаву баргашта мавриди арзёбӣ қарор медиҳем. Зеро истиқлолияти Тоҷикистон на фақат дар асри охир, балки дар садсолаҳои дарози сарнавишти куҳан ва такдири иҷтимоии халқамон пирӯзии бузург маҳсуб меёбад.

   Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташабусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Имрӯз аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносад ва дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хосаеро дорост.

    Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон кард ва бо ин саҳифаи наве дар ҳаёти мардуми мо кушода шуд. Тоҷикистон соҳиби Истиқлолият гардид. Истиқлолияте, ки орзӯи ҳамешагии ҳар миллати озода аст ва бе доштани он ҳама гуна дастоварди иқтисодиву иҷтимоӣ комил нахоҳад буд.

     Таҷрибаи башарӣ собит месозад, ки озодӣ ва истиқлол ба осонӣ ба даст намеояд. Мо миллатҳо ва халқҳои зиёдеро медонем, ки дар гузаштаи на он қадар дур барои дастёбӣ ба истиқлолият даҳсолаҳо пайкор намудаанд ва дар ин роҳ ҳазорон фарзандони огоҳ ва азизи худро аз даст додаанд. Мо имрӯз низ шоҳиди талоши пайгирона ва озодихоҳонаи халқҳое мебошем, ки даҳҳо миллион аҳолӣ доранд, аммо аз ҳуқуқҳои оддитарини миллӣ ва милливу фарҳангӣ маҳруманд. Аз ин рӯ, онҳо истиқлолиятро чун василаи ягонаи ҳифзи асолату ҳувият ва бақои таърихии худ медонанд.

      Истиқлолияти Ватани мо зоҳиран ба осонӣ ба даст омад. Дар натиҷаи равандҳои амиқи таърихии дохилӣ ва ҷаҳонӣ дар оғози солҳои 80-уми асри XX бӯҳрони сохтории низоми сиёсӣ ва иҷтимоии Иттиҳоди Шӯравӣ возеҳ шуд ва дар даврони бозсозӣ ба авҷи худ расид. Дар ибтидои солҳои 90-ум яке аз омилҳои асоситарин ва бунёдии шикасти низоми сиёсӣ ва давлатии Шӯравӣ раванди нисбатан босуръати рушди худшиносӣ ва худогоҳии халқҳо буд, ки дар минтақаҳои гуногун дар сатҳи мухталиф ҷараён дошт ва хусусиятҳои хосро доро буд. Ин раванд дар асли худ глобалӣ буд ва аз омилҳои асосии таҳаввулоти бузурги даҳсолаҳои охири асри XX гардид. Агар мо раванди зуҳур ва ташаккули истиқлоли сарзаминамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем дид, ки роҳ ба истиқлолият тӯлонӣ, пурфарозу нишеб ва саршор аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои зиддиятнок будааст. Вале дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд доштанд: асолат ва ҳувияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давлатдорӣ, арзишҳои бузург ва созандаи иҷтимоӣ, фарҳанг ва маънавиёти дурахшон, ки ҳамаи онҳо дар асл шаҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо будаанд.

   Мо таҷрибаи мавҷудаи давлатсозиву давлатдориҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, омилҳои сиёсиву таърихӣ ва фарҳангии миллиро дар марҳалаҳои гуногуни таърихи халқамон омӯхта, рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Нишон, Парчам ва Суруди миллиро қабул кардем, Артиши милливу Қӯшунҳои сарҳадиро ташкил додем ва бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва майлу ормонҳои мардуми кишвар аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуда, роҳи эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтем.

   Дар марҳалаи нави давлату давлатдорӣ тибқи Конститутсияи нави мамлакат асосҳои сохтори ҷомеа ва давлат, инчунин идоракунии он танзим гардида, ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии шаҳрвандон муайян карда шуданд. Ҳамзамон бо ин, фаъолияти мақомоти олии қонунгузорӣ ва иҷроияи мамлакат таҳким ёфта, пояҳои истиқлолияти сиёсии давлат устувор гардонида шуданд.

    Пеш гирифтани роҳи тозаи сиёсӣ, низоми ҷадиди демократӣ ва муносибатҳои нави иқтисодӣ ба мо имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи рукнҳои давлатдорӣ, рушди тадриҷиву бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин раванди созандагиву бунёдкориҳо қадамҳои устувор гузорем ва имрӯз дилпурона гуфта метавонем, ки дар ин роҳ ба хеле дастовардҳо ноил шудем.

       Дар марҳалаи кунунӣ ҳадафҳои муҳимтарин ва стратегии давлати мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Дар ин замина ҳоло Тоҷикистон ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоиву иқтисодии худ ворид гардидааст, ки он муносибати комплексӣ ва таъсиси низоми ягонаи рушди миллиро тақозо менамояд. Вазифаҳои асосии ин давра вусъатбахшии пайгиронаи ислоҳот дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат, таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва бо ҳамин роҳ паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии мардум мебошанд. Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шарафи сиёсати дурусти пешгирифтаашон бо Руссия чун шарики боэътимоди стратегӣ, инчунин ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Белоруссия, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон муносибатҳои дӯстона ва беғаразона дорад. «Мо бо ҶХ Чин муносибати дӯстона ва ҳамсоягии нек дорем. Ҳоло мавриди ҳамкорҳои доманадор бо ин ҷумҳурӣ фаро расидааст ва мо мехоҳем, ки аз ин ҳамкориҳо барои пешрафти иқтисодии кишварамон ҳарчи васеътар истифода барем.» — гуфта буданд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

      Албата ҳаёт дар ҳар кишвар хоҳ он мутараққӣ бошад хоҳ як андоза қафомонда ҳатман аз проблемаҳои мубрам иборат аст ва роҳҳи ҳалли онҳо дар ҳамаи кишварҳо як солу ду сол нахоҳад буд. Пас агар сулҳу ваҳдатро ғанимат шуморему шукри истиқлолият кунем, бовари дорем, ки миллати заҳматкаши мо тоҷикон низ ҳама гуна проблемаҳоро пас аз чанд муддат ҳал хоҳанд намуд.

      Таҷрибаи ваҳдат ва истиқлолияти Тоҷикистон дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошад.

Муовиним директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ

н.и.п. Маҳмудзода Қ.Н.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.