ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — РОҲНАМОИ САФИНАИ ИСТИҚЛОЛИ МО!

0 13

Ба  истиқболи ҷашни 33 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуури Тоҷикистон бахшида мешавад.

9 сентябри соли 1991… Истиқлол… 33-сол қабл… Шояд ба аксарият на он қадар маълум буд, ки дар он солҳо давлати абарқудрати Шуравӣ рӯзҳои охирини мавҷудияти хешро паси сар мекард. Он кишваре, ки аз баҳри Балтик то халиҷи Беринг доман паҳн карда буду дар шашяки рӯи замин арзу тӯл дошт, вопавсин лаҳзаҳои мавҷудияти худро медид. Ба қисми зиёди одамон тақдиру ҳолати ояндаи худу ин мамлакат дар ҳақиқат маълум набуд.

Вазъ дар ҳамон солҳо низ дигар шуда, соли 1991 дар пойтахти Тоҷикистон пайи ҳам чанд гирдиҳамоӣ ба амал омад. 30-августи соли 1991 дар Сессияи ғайринавбатии Шӯрои Олии ҶСС Тоҷикистон Президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ба истеъфо рафт. Сентябри ҳамон сол Сессияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-сентябрро рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард. Тоҷикистон — давлати мустақил шуд. Ҳамагонро шодию фараҳ фаро гирифта, шукр аз ин рӯзу аз Истиқлол мегуфтанд, вале он рӯзҳо дар Тоҷикистон касе андеша намекард, ки солҳои нахустини истиқлол барои ин давлату ин миллат чи гуна фоҷеабор хоҳад шуд.

Дар баробари соҳибстиқлол эълон шудани Тоҷикистон мақому манзалати он мебоист меафзуд, ҳамзамон тавваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин субъекти сиёсӣ зиёд мешуд, аз нигоҳи аввал чунин ҳам буд. Дар як муддати кӯтоҳ аз сентябри соли 1991 то ноябри соли 1992, яъне аз эълони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон то баргузории иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ як қатор давлату созмонҳо бо Тоҷикистон робитаҳои худро барқарор карда, намояндагони хешро ба кишварамон равон карда, консул-гарию сафоратхонаҳои худро кушоданд.

Зери лабҳо замзама мегашт, ки соҳибистиқлол шудем, зеро:

Истиқлолият-хуршедест, ки ба ҳамагон нури худро ато карда, имкон медиҳад барои таҳкими он ва баҳри пешрафти кишвар устуворона сокинонаш меҳнат намоянд.

Истиқлол-зиндагии тинҷ, рӯзгори хуб, хандаи беғаши кӯдакон, осудагию оромист!

Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳокимияти адлу инсоф, низоми устувори иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангист.

Истиқлолият-мавҷудияти давлати миллӣ ва арзишҳои волои он мебошад.

Мақсади ҳар миллат дар шакли олӣ расидан ба давлати миллӣ ва истиқлолиятро ҷонибдор аст!

Аммо хушҳолӣ ва ифтихор аз Истиқлолияти миллӣ дер напоид, мутассифона аз имконияту шароитҳои мусоид, ки ба таҳкими пояҳои истиқлоли миллӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекард истифода нашуд. Дар натиҷа дар Тоҷикистон ҷойи шукргузории мардумро аз истиқлолият таъсири омилҳои гуногуни берунӣ, муноқишаҳо ва мухолифати мусаллаҳона фаро гирифт ва барои миллати сулҳдӯсту тамаддунофарини тоҷик доғи нангине овард.

Дар рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар пойтахт ва шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ митингу корпартоиҳо авҷ гирифт. Мардум ва сиёсатмадорони давр надонистанд ва нафаҳмиданд, ки дар он рӯзҳои хеле муборак ва муҳим ҳамагон бояд аз пайи эъмори ҷомеа шаванд ва бунёди давлати тозаистиқлолро таҳким бахшида, ба мисли дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ, ҳукумату давлатро роҳбарӣ ва халқро сарҷамъ намоянду кулли мушкилии

сиёсию иқтисодию иҷтимоиро бартараф созанд.

Ҳамин тариқ истиқлолияти миллие, ки 33 сол пеш барои мо дар баробари дигар халқу миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ насибамон гашт, натавонистем дар марҳилаи аввали ташаккулёбӣ ба як миллати воҳиду муттаҳид табдил диҳем ва Тоҷикистонро ба сифати давлати якпорча нигоҳ дорем.

Аз ноаҳлии баъзе аз ҳамватанон ва ҳизбу ҳаракатҳову душманони давлати тозаистиқлол Тоҷикистон ба гирдоби ҷангӣ таҳмилии дохилӣ фурӯ рафт ва барои кишвару миллати тоҷик рӯзҳои вазнинро ба бор овард.

Дар ҳамон сол абрҳои тираю зулмоте ҷумҳуриро печонид. Ба истиқлоли мо гӯё чашми бадбину кинахоҳи душманон расид.

Касе намедонист, ки акнун сафинаи истиқлолро кадом нохудо ба соҳили мурод мерасонаду аз шикаст наҷот медиҳад. Ва Тоҷикистони азизи мо интизори чунин як фарзанди ба ҳуввияти хеш созгор, ҷасур, донишманду  сиёсатмадор ва арҷгузор ба сарватҳои миллию таърихии хеш буд.

Соли 1992 осмони Тоҷикистонро абри сиёҳи хунолуд печид. Ҳама ҷо торик, ҳама ҷо ваҳшатзада!

Оҳиста-оҳиста «дар заминаи ихтилофу руёрӯӣ, бетаҷрибагии сиёсӣ, мудохилаи беруна ва мусаллаҳ шудани одамоне, ки дидгоҳи гуногун доштанд, Тоҷикистон ноаён ба вартаи хунин ворид шуд». Муқовимати тоҷикон ба андешаи сиёсатшиносони зиёд яке аз мураккабтарин ва мушкилтарин моҷаро дар марзи собиқ ИҶШС ба ҳисоб мерафт.

Ҷанги шаҳрвандӣ… Он бадбахтарин фоҷиа дар таърихи навини халқи тоҷик шуда, миллатро ба вартаи ҳалокат бурда, ҳолати Ваҳму Тарс, Даҳшату Аҷалро афзун карда, тоҷику тоҷикистониёнро овораю бехонумон кард

Дар таърихи ҳар як халқ шахсиятҳо ҳамеша нақши муҳим доштанд ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чеҳраи тавоно дар таърихи навини давлатдории миллӣ мебошад. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон сафинаи истиқлолро аз баҳри пуртуғёну пурталотум ба соҳил расонид ва дар дили халқи азияткашидаи Тоҷикистон умед афрӯхт, чеҳраҳо рахшону шукуфон шуд ва хуршед ба олам равшанӣ ато кард!

Бале, раванди касби истиқлоли давлатии тоҷикон, паёмадҳои он дар шакли ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва хатари нобудии миллат ба саҳна нафареро овард, ки бешак масъулияти он рӯзу ояндаи миллатро ба зимма гирифта, бо ин амал дар қатори пешвоёни бузурги таърихӣ ҷой гирифт. Пешвои миллати тоҷик, фарзанди фарзона ва масъули он Эмомалӣ Раҳмон низ аз қабили пешвоёни машҳури ҷаҳон мебошад.

 ДАВОМ ДОРАД.

 Нуруллоева С.А.- муовини директор оид ба таълим

Иброҳимов С.Т.- мудири кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.