ВАҲДАТИ ТОҶИКОН – НАМУНАИ ИБРАТИ ҶАҲОНИЁН

0 5

    Ваҳдати   миллӣ    ҳамчун   падидаи  нодири даврони    соҳибистиқлолии кишвар   дар  поягузории  давлат  дории навини   тоҷикон  ва  фароҳам  овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқи   азизамон   нақши   бузург  дорад.

                                                                               Эмомалӣ Раҳмон.

    Сулҳу Ваҳдат бузургтарин неъматҳое ҳастанд, ки инсоният дар тули асрҳо барои соҳибшудан ба ин неъматҳои яздонӣ талош мекунад.Дар раванди таърих ҳамон халқу миллатҳое муваффақ ҳастанд, ки сулҳу Ваҳдати комилро ба даст оварданд.

     Бояд гуфт, ки барои миллати тоҷик Ваҳдати миллӣ ҳамчун неъмати муқаддас арзёбӣ мегардад. Чунки Ваҳдати миллӣ ҳамчун ганҷинаи пешрафту шукуфоии давлатдории тоҷикон дар марҳилаи нави таърихӣ мебошад.

    Соли ҷорӣ мардуми тоҷик ҷашни 27 – умин солгардӣ Ваҳдати миллиро бо шӯкуҳу шаҳомат ва ифтихори баланди Ватандорӣ таҷлил менамояд. Ваҳдати миллӣ дастовардӣ беназири даврони соҳибистиқлолӣ, сарчашмаи худшиносию худогоҳӣ ва омилӣ муҳим барои рӯшди давлат мебошад.

    Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, яъне 27 – июни соли 1997 барои тоҷикон, воқеан оғозӣ баҳам омадан, сарҷамъӣ ва фароҳам омадани шароит барои зиндагии орому осоиштаи миллати тоҷик мебошад. Бо шарофати сулҳу созиш ва Ваҳдати миллӣ, Тоҷикистон ба шоҳроҳи бузургӣ рӯшд ва пешрафт устуворона қадам ниҳода, дар тамоми самтҳо ба дастоварду комёбиҳое соҳиб шуд, ки дар таърихи миллати тоҷик беназир ҳастанд.

    Тоҷикистон айни замон ба чаманистони Ваҳдат табдил ёфта, мардум аҳамият ва зарурати неъмати бебаҳои Ваҳдату ҳамбастагии миллиро бештару хубтар дарк намуда, барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ талош мекунанд.

   Дар ҳақиқат Ваҳдати миллӣ муҳимтарин омилӣ таҳкимбахши соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва рӯшди устувори он мебошад.

      Мо, ки аз Ваҳдату ҳаёти осоиштаи мардум сухан мегуем, пеш аз ҳама бояд аз таърихи сайю талошҳои миллатӣ тоҷик баҳри бадаст овардани ин неъмати гаронбаҳо бояд огоҳ бошем. Мо пеш аз ҳама дар бораи саҳмӣ арзандаи фарзандони бонангу номуси миллат. Ба хусус нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта бошем.Воқеан дарроҳи пуршарафӣ расидан ба Ваҳдати миллӣ ва таъмини рӯшдӣ устувори Тоҷикистон нақши барҷастаи меъморӣ Ваҳдат ва бунёдгузори Тоҷикистони муосир Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург ва нотакрор аст. Чунки маҳз ҷасорат, садоқат, самимият, қудрату тавон, фидокорӣ, меҳру муҳаббатӣ бузург ва қалби саршор аз меҳри ватандорию меҳанпарастии ин шахс буд, ки мардуми Тоҷикистон ба сулҳу Ваҳдатӣ комил комёб гашт.

  Маҳз талошҳои шабонарӯзӣ, ҷонфидоиҳо ва сарсупурдагиҳои ин фарзандӣ воқеии миллат, омилӣ асосии сарҷамъии миллати дар ҳоли парокандагӣ қарор дошта ва аз ҳолати фаношавӣ раҳо ёфтани давлатӣ тоҷикон шуд.

   Сулҳофарӣ ва Ваҳдатофарии миллати тоҷик, ба хусус Пешвои миллат дар таърих беназир аст. Чунки дар марҳилаи хеле ҳасоси таърихӣ, ки  истиқлолияти тоҷикон зери хатари ҷиддӣ қарор гирифт, танҳо хираду заковати комил, дӯстдори Ватану халқи худ будан, боис шуд, ки вазъи мураккаби ҷойдошта аз байн равад. Ҳали ин мушкилот танҳо ба ҷасорату матонати сиёсат мадори оқилу доно вобаста буд. Дар ҳақиқат қобилияти хеле баланду оқилонаи Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар равандӣ сулҳу Ваҳдатофарӣ мавридӣ таваҷҷӯҳи хос буд. Танҳо устуворӣ, истодагарии шахсии Пешвои миллат буд, ки миллати тоҷик аз вартаи мушкилию санҷишҳои пешомада раҳои ёфта, ба ин рӯзҳои нек расид.

   Бинобар ин моро зарур аст, ки аз ин дарсӣ сулҳу Ваҳдатофарӣ Пешвои миллат дарси ибрат гирифта бошем ва банасли ҷавон онро расонида тавонем. Чунки,чунин заҳматҳои як нафар фарзандӣ Ватандӯсту халқпарвари миллат, бояд мавзӯи дарсии ҳар як муассисаи таълимӣ барои насли наврасу ҷавон бошад. Набояд фаромуш кард, ки дарси сулҳофарию Ваҳдатофарии тоҷикон ба хусус  Пешвои миллат мавриди омӯзиши куллӣ ҷаҳониён гаштааст.

    Қудратмандтарин  сиёсатмадорони дунё, созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар бахши сулҳ, аз сулҳу Ваҳдатофарии тоҷикон сухан мегӯянд ва онро тавсиф мекунанд. Оре, имрӯз кам нестанд халқу миллатҳое, ки орзӯи сулҳу Ваҳдатро доранд, аммо на ҳамаи онҳо ба ин неъмати муқаддас дастрасӣ надоранд. Боин хотир ҳар яки мо бояд шукургузор аз ин неъмати бебаҳо бошем ва баҳри устувории пояҳои Ваҳдати миллӣ дар кишвар талош кунем.

   Сулҳофарию Ваҳдатофарии Пешвои миллати тоҷик,Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи барҷастаи Ватандорию халқпарвариро таҷҷасум мекунад.

   Сулҳи тоҷикон имрӯз мавриди омӯзиши бузургтарин донишгоҳҳо,созмонҳои сулҳи ҷаҳон ва аксари сиёсатмадорони дунё мебошад.

      Ҳақ ба ҷониби нависандаи маъруф Чингиз Айматов аст.Ӯ дар сифати сулҳу Ваҳдатофарии Пешвои тоҷикон таъкид мекунад:”дар симои Президент Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам.Танҳо сулҳу осоиштагӣ,тинҷию фаровони оварданаш ба рӯзгори одамон ӯро ба мақому манзалати олӣ баровардааст”,ё ин ки ба андешаи Президенти Россия В.Путин “Дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате ки чунин вазъияти мураккаб доранд дида намешавад”.

    Дар бораи сулҳу Ваҳдати тоҷикон ва нақши Пешвои миллат дар ин самт кӯлли ҷаҳониён ҳарф мезананд,ки ин воқеи мебошад.Дар ҳақиқат расидан ба сулҳу Ваҳдат бузургтарин ҳадяи сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст,моҳияти созандаи он дар симову сурат,қавлу амал,ному мақом ва амали Пешвои миллати тоҷик инъикос ёфтааст.

   Сулҳу созиш ва Ваҳдати миллӣ барои кишвари тоҷикон,омили муҳими дастоварду комёбиҳо гаштааст.Бо шарофати Ваҳдати миллӣ имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати дохилиаш дар ҳамаи ҷабҳаҳо ба комёбиҳо соҳиб мешавад.

      Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Ваҳдати миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ мақому нуфузи бештарро соҳиб мешавад.Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат,сиёсати хирадмандона ва созандаи ин сиёсатмадори варзида,ба яке аз кишварҳои ташаббускор дар ҳалли масоили глобалии ҷаҳон табдил меёбад.

   Ҳамаи ин талошҳои Пешвои миллат ганҷинаи таҳкимбахши Ваҳдати миллӣ мебошад.Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст ки ба таври доими ҷонибдор аз сиёсати Пешвои миллат бошем.Махсусан омӯзгорону мурабиёнро лозим аст ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат,барои афзун гардониданимуваффакиятхои бадаст омада,насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи Ватандӯстӣ,худшиносию худогоҳии миллӣ тарбия намоем.

       Чуноне ки Пешвои муаззами миллат таъкид мекунанд “Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватанию соҳибдавлатӣ шукрона кунем,шукронаи ватани соҳибистиқлолро дошта бошем,онро сидқан дӯст дошта ба он ҳамеша содиқ бошем.Тамоми фаъолияти худро ба хотири пешрафту нуфузи он дар арсаи байналмиллалӣ равона созем”.

 

Омӯзгори калони кафедраи фаннҳои “гуманитарӣ”

МДТ-и Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз.

Абдураҳмонов Карим

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.