ИДАТОН МУБОРАК МОДАРОНИ ГИРОМӢ!

0 29

Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз
Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз.
Аллагӯён тифлро хобондаӣ,
То саҳар гоҳворааш ҷунбондаӣ.
Бо ҳамон дасте, ки ширам додаӣ,
Сӯям оғӯшат калон бикшодаӣ.
Бо ҳамон дасте, ки шодам борҳо
Пок кардӣ ашки чашмони маро.

       Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳомӣ аз андалебро қатра – қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.

     Зан-модар шахси муқаддас аст. Вақте ки симои ӯ пеши назар меояд, аз чашмони ӯ, аз тамоми ҳастии вай нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Зан-модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин Модар мебошад.

       Модар! Зимни ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи хоксорӣ ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз модар мавҷудоте нест. Оре, тамоми ҳастии вуҷуди мо аз модар аст, маҳз бо туфайли ҷонкоҳонии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лахзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирему мегӯем: Модар! Модарҷон! Меҳру муҳаббати самимии модар ва шабзиндадориҳои модар – ин ҳамаро бо ҳеҷ чиз баробар натавон кард. Модар ҳаст, ки мо ҳастем. Кист он касе, ки суруди «алла»-и модарро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра наёфта бошад. Модар! Ту чашмаи ҳаёти инсон ҳастӣ ва ҳаёти инсон ба ту вобаста аст. Калимаи МОДАР калимае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон як хел оҳанги навозишкорона дорад. Синни инсон чанде ки набошад, хоҳ 5 сола, хоҳ 50 сола, барои ӯ модар – навозишу нигоҳи вай зарур аст. Ва ҳар қадаре, ки муҳаббати кас ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фарањбахшу дурахшон аст. Модар! Бе ту ҳеҷ баҳоре зебо ва ҳеҷ тирамоҳе пурфайз нахоҳад буд. Файзи зиндагонии мо аз туст. Ту ситораи дурахшоне ҳастӣ, ки роҳи фарзандатро равшан месозӣ.

     Модарам ту ягона вуҷудаму рафиқам, эҳсону дастгирам дар парешонҳолию шарикам дар ғаму андӯҳ, лаззатам дар ҳаёту роҳатам дар мамот, ту табассуми ҳаётбахши сари гаҳвораю суруди ҷаҳонгири саҳаргоҳам. Ту худ ҷон ба каф гирифта, маро ба дунё овардӣ, ҳаммаслаки ситораҳо гардида, дар сари гаҳвораам бо хоби ширин даст ба гиребон шудӣ, бо чашмони хастаат бониям кардию бо дили афсурдаат ҳимояам.

      Модар-зан аст. Зан бошад, олиҳаи ҳусну малоҳат. Адибону олимон ва бузургони дунё дар васфи зан-модар бисёр суханҳои меҳрбор гуфтаанд.

    Ҳамаи ашёи олам зебост, аммо модар аз тамоми мавҷудоти олам зеботару волотар аст. Хушбахтона имрӯз соҳае нест, ки дар онҳо занҳо кор накунанд ва дар ҷамъияти имрӯза занҳо дар баробари мардҳо истода кору меҳнат мекунанду мамлакат аз дасти онҳо гул мекунад.

     Ҳамаи касбҳо хубанд, лекин аз ҳамааш ҳам касби омӯзгориро меписандам, зеро дар оилаи омӯзгор ба дунё омадаам.

      Омӯзгор! Барои тасвири симои ботинӣ ва зоҳирии соҳиби ин касб қалами ҳеҷ суханвар ва ҳеҷ рассом қудрат надорад, зеро дар чеҳраи омӯзгор хатҳои ноаёне мавҷуданд, ки муҳаббати ӯ нисбат ба касбу хонанда ва Ватан акс ёфтаанд. Омӯзгорро чунин сифат мекунанд: Устод, ошиқи касби хеш буда, маънии ҳаёташ хизмат ба мардум аст. Ӯ шахсест, дилсӯзу меҳрубон ва ҳақиқатгӯву заҳматкаш мебошад.

      Новобаста аз иди баҳору зебоӣ, иди байналхалқии занон ҷашни таърихӣ ва сиёсист. Аз ин рӯ, 8-уми март ин эътироф аз гулу тӯҳфа ва ҷашнвораҳо набуда, эътирофи зан ҳамчун инсон, эътирофи ҳуқуқҳои зан дар баробари ҳуқуқҳои мард ва фароҳамоварии имкониятҳои баробар ба ӯст.

Эй Модари ҷон, Эй Хуштар аз ҷон.
Дар рӯзи идат, Шеъри маро хон.
Идат Муборак! Идат Муборак!

Бо нури рӯят, Наврӯзи ман ту.
Дар рӯи олам, Дилсӯзи ман ту.
Идат муборак! Идат муборак!

Пайваста бошӣ, Ту бар сари мо.
Эй модари ҷон, Болу пари мо.
Идат Муборак! Идат Муборак!

      Ҷашни бонувонро бар ҳама модарону хоҳарон самимона шодбошу хуҷастабод мегӯям ва барояшон аз Худованд тандурустиву сарбаландї ва хонаи ободро орзумандам.

      Умедворам, ки ҳамеша дӯстдошта бошанду дӯст доранд ва бахташон ҳамвора сабзу шукуфон бошад!

Сардои шуъбаи таълими МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»  ЛАТИПОВ САФАРАЛӢ ШЕРАЛИЕВИЧ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.