Чанде пас ба пайкори музаффариятноки Кӯҳи Намак (маъруф ба Хоҷа Муъмин) ва эҷоди суруди таърихӣ 1300 сол пур мешавад. Мебояд ин рӯхдоди таърихиро ҳамаҷониба ташвиқ ва тарғиб намуд. Месазад аз пирӯзии халқи точик бар муқобили араби истилогар филмҳои мустанад ва бадеӣ таҳия кард. Хосса лаҳзаи риққатовару шигифтангезе, ки дар “Таъриху-л- расул ва –л-мулук сабт шудааст. Бино ба навиштаи Бобоҷон Ғафуров бори дигар Асад ибни Абдуллоҳ бо лашкари 30 ҳазор нафара соли 737 ба Хатлон ҳуҷум кард. Аз ҷониби Хатлон сарварӣ ба дӯши Бадр-Тархон буд. Асад аз дарёи Омӯ гузашта, ба самти Кӯҳи Намак ҳаракат кард ва бо дастаҳои Бадр дар набард шуда, қалъаи Хуталро муҳосира намуд. Бадр -Тархон баъди муҳосира маҷбур шуд бо арабҳо сулҳ бандад.
Асад ибни Абдуллоҳ яке аз наздикони худро ба назди Бадр – Тархон фиристода, ӯро барои бастани сулҳ фаро хонд ва кафолат дод, ки ӯро саломат ба қалъаи худ бозмегардонад.
Аз мунозираи Бадр-Тархон бо Асад ибни Абдуллоҳ муаррихи мумтоз Табарӣ хотира кардааст, ки басе шигифтангез аст. “Нахуст (Асад ибни Абдуллоҳ – Ҷ.А.) сулҳро напазируфт ва гуфт:
— Ту марди бегонаи аз мардуми Бомиён, чунон ки ба Хатлон омадаӣ аз он ҷо берун шав.
Бадр -Тархон гуфт:
— Ту бо даҳ аспи думбурида ба Хуросон омадӣ ва агар аз он берун шавӣ бо камтар аз пансад шутур нахоҳӣ рафт. Ва ман бо чизе ба Хатлон омадаам, онро ба ман боз деҳ то чунон ки ворид шудаам аз он берун шавам.
Асад гуфт:
— Чӣ буд?
Бадр – Тархон гуфт:
— Ҷавон будам, ки омадам ва бо шамшер мол ба даст овардам ва Худо хонадону фарзанд ба ман насиб кард, ҷавонии маро бидеҳ то аз Хатлон биравам. Мегӯӣ аз пеши хонадону фарзандони хеш биравам, маро бе хонадон ва фарзандон будан чӣ суд?