Тарбия ҷараёни хеле қадимӣ буда, он бо баробари пайдоиши одамони аввалин арзи вуҷуд кардааст. Аввалҳо кӯдакон бе ҳеҷ як педагогика тарбия карда мешуданд, ҳатто барои вуҷуд доштани он тасаввуроте ҳам надоштанд. Биноан илми тарбия хеле дер, баъди ғун шудани таҷрибаҳои инсоният пайдо мешавад. Он дар ҷомеа яке аз соҳаҳои илми ҷавон ба шумор меравад. Зеро ҷамъбасти аввалин, маълумотҳои эмпирикӣ, хулосаҳо аз таҷрибаи зиндагӣ назария шуда наметавонад, сарчашма мебошанд баҳри назария.
Ҷамъияти инсонӣ ҳамеша дар инкишоф аст, чунки наслҳои минбаъда пай дар пай дар таҷрибаҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоии дар собиқ андӯхтаи наслҳои калонсол пайравӣ мекунанд, меомӯзанд, такмил медиҳанд ва худ таҷрибаҳои бикри зиндагӣ ба даст меоранд. Зарурати зиндагӣ аз наслҳои наврас тақозо мекунад, ки ҳамқадами замонашон бошанд, ба дараҷаи инкишофи марҳалаи даврашон бардошта шаванд, таҷрибаҳои мавҷударо аз худ кунанд ва бахусус барои пешрафти ҷамъият саҳми фаъол гузоранд. Чунин интиқоли таҷриба тавассути соҳаи муҳими педагогика – тарбия сурат мегирад. Таҷрибаҳои иҷтимоии зарурати зиндагӣ ва меҳнати ҷомеа, ки тавассути наслҳои калонсол барои фаъолона азхудкунии наслҳои наврас ёд дода мешавад, тарбия ном дорад. Аз ин рӯ тарбия дар ҷомеа хусусияти муқаррарӣ дорад.
Тарбия баробари пайдоиши ҷамъият пайдо шуда, дар тамоми марҳалаҳои инкишофи иҷтимоӣ арзи вуҷуд мекунад. Волидон ба фарзандон, калонсолон ба хурсолон, кордонҳо ба навкорон таҷрибаҳои истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва маънавии худро меомӯзанд ва наслҳои нав ба ин мактаби зиндагӣ фаъолона ва шуурона муносибат карда, дониши худро ғанӣ мегардонанд. Билохира одамон дар меҳнат, рафтор, маданият, равобити муҳити атроф бо худфаъолиятӣ ташаккул меёбанд, дар ҷамъият мавқеи худро пайдо мекунанд.
Инак, дар ҷамъияти синфӣ тарбия хусусияти синфӣ дорад. Муассисаҳои таълимӣ ва тарбиявии мамлакат манфиати синфи ҳукмрони худро ҳимоя мекунад. Чӣ тавре ки дидем, тарбия бо баробари табдилёбии сохти ҷамъиятӣ тағйир меёбад. Мақсад, мазмун, шакл ва методҳои тарбия дар ҳар давру замони таърихӣ ба худ хусусияти хоси синфӣ дорад. Вале дар тарбия ҷиҳатҳое ҳам ҳастанд, ки дар чандин давру замони таърихӣ бе тағйирот омада расида меоянд, хусусияти умумии худро гум намекунанд. Чунончи, дарс, дар давоми асрҳо шакли асосии ташкили таълимӣ мактабҳо буд ва ҳаст. Инчунин мазмуни таълими иддаи фанҳо асрҳои аср дар мактабҳои башарият бидуни тағйирот омӯзонида мешаванд.
Аммо бояд тазаккур дод, ки системаи дарсӣ синфӣ ва бархе аз фанҳои таълими умумиҷаҳонӣ дар мактабҳои мамолики исломӣ, аз он ҷумла дар мактабҳои Тоҷикистон, фақат баъди инқилоби октябр ҷорӣ карда шуд. То ин дам ин мактабҳои пешазинқилобӣ бо усули асримиёнагӣ шакли таълимии инфиродӣ амал мекарданд ва баъзе фанҳои ҳаётан муҳим омӯзонида намешуданд.
Сохти ҷамъияти сотсиалистӣ солҳои аввал (то солҳои 20 – уми асри ХХ) дар таърихи башарият бори аввал шаҳрвандони сермиллати худро комилан ба оғӯши мактаб кашид, тарбияро ба пояи умумихалқӣ овард. Мардум, сарфи назар аз аслу насаб, аҳволи иҷтимоӣ ва молу мулк, нажод ва мансубияти миллӣ, ҷинс, муносибат ба дин ҳуқуқи баробарии илмгирӣ пайдо кардаанд. Он вақтҳо педагогикаи шӯравӣ дар заминаи назарияҳои пешқадами замонҳои гузашта ва омӯхтану фаҳмидани таҷрибаи муборизаҳои асрҳои тӯлонии оммаи заҳматкаш баҳри ҳуқуқ, аз ҷумла ҳуқуқи маълумотгирӣ муваффақ шуд. Аммо сипас педагогикаи шӯравӣ аз педагогикаи классикии тарбияи воқеии табиатворонагӣ тадриҷан дур шудан гирифт, ба насли наврас солиёни сол дар рӯҳияи идеалҳои коммунистӣ печида, якқолиба таълиму тарбиядиҳиро пеш гирифт ва бо нишондодҳои идеологӣ аз як марказ ҳукмнамоӣ пардохт. Ин нисбати қобилияти модароварӣ – табиатворонагии тарбияи асрҳо санҷидашуда комилан мухолиф буд, зеро ки ҳамаро дар як сатҳу меъёр тарбия кардан имконнопазир аст.
Ҳамин тавр, дар замони шӯроҳо ҳаёти чандин наслҳои мактабӣ ва муаллимони мо дар муборизаи байни педагогикаи идеалистӣ ва сотсиалистӣ гузашт, ки ин яке аз сабабҳои асосии дар сатҳи умумиҷаҳонӣ пасмонии педагогикаи ватании мо шуд. Ин боиси ба принсипи табиатворонагӣ (сирати табии кӯдакон) – Я. А. Коменский риоя накардан мебошад, он «идеалистӣ» пиндошта шуда буд. Дигар ин ки нисбати тарбия дар педагогика бо дахолаткунии ҳизби коммунист маҳз иҷрои супоришҳо аз як марказ сурат мегирифт ба хусусиятҳои педагогии миллии ҷумҳуриятҳо чандон эътибор зоҳир карда намешуд. Ҳоло он ки дар рушду нумӯи педагогика хусусиятҳои мамолики Шарқ ҳам метавонист бо анъанаҳо, расму русумҳо ва афкори педагогии миллии худ саҳми босазо гузорад. Аз ҷумла олимон, файлосуфон, адибон, мутафаккирони классики форсу – тоҷик дар асарҳои илмӣ, назмию насрии худ баробари зидди ҷабру зулм ва беадолатии синфҳои ҳукмрон баромадан, масъалаҳои марбути илмӣ, тадрису парвариши хоси замонашон хеле фикрҳои муфид гуфтаанд, ки ба ин гуфтаи зайли сардафтари адабиёти классики тоҷик Абӯабулло Рӯдакӣ (858 – 941) мисол шуда метавонад:
Сотсиалистони номбурда амалӣ гардидани лоиҳаҳои худ, аз он ҷумла тағйир додани сохти ҷамъиятиро, бидуни инқилоби сиёсӣ бо роҳи осоишта ва тарбия намудани одамон писанд дида буданд.
Аммо классикони марксизм – ленинизм алайҳи ин ақида баҳри ба дигар шакли муносибати ҷамъиятӣ гузаштанро дар зарурияти муборизаи сиёсии инқилобӣ сарнагун кардан ва баъди ба даст гирифтани ҳокимият тарбия ва маърифатнок кардани оммаро ба миён гузоштанд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Баъди задухӯрдҳои шадиду мадид ва қурбониҳои зиёд инқилоби сотсиалистӣ пирӯз гашт.
Дар сохти ҷамъияти сотсиалистӣ, агарчи дар соҳаи мактабу маориф ба комёбиҳои назаррас ноил шуда бошем ҳам, оқибат дар масъалаҳои миллӣ, ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, истеҳсолию иқтисодӣ ва тазодҳои зиёде дучор омадем. Ҳоло барои аз ин бӯҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ баромадан муборизаи умумӣ меравад. Бахусус дар инкишофи мактаб ва педагогикаи давраи сотсиалистӣ ҳиссаи фаъоли педагогии Н. К. Крупская (1869 – 1939), комиссари аввалини маорифи халқӣ А. В. Луначарский (1875 – 1933), М. И. Калинин (1875 – 1946) калон аст. Барои рушди педагогика ҷустуҷӯҳои педагог С. Т. Шатский (1878 – 1934) ва муаллифони дастурҳои аввалини илми педагогикаи сотсиалистӣ П. Б. Блонский (1884 – 1941), Л. П. Пинкевич (1884 – 1939), агарчи дар дастурҳои таълимии онҳо хатогиҳои илмӣ – назарӣ ҷой доштанд, дар инкишофи педагогика саҳми муайян гузоштанд.
Дар инкишофи педагогикаи сотсиалитӣ ва ҳалли вазифаҳои амалии тарбия педагоги бузург А. С. Макренко (1888 – 1939) нақши муайян дорад. Фаъолияти педагогии ӯ солҳои 30 – юм, 40 – ум сурат гирифта бошад ҳам, ақидаҳои муфиди педагогиаш сол аз сол эътибор пайдо карда истодааст.
В. А. Сухомлинский (1918 – 1970) педагоги намоёни давру замон низ дар пешрафти илми педагогика саҳми фаъол гузошт.
Ҳоло дар шароити пешрафти илмӣ – техникӣ мактаб нисбати таълиму тарбия ва тайёрии касбии насли наврас дар адои вазифаҳои муҳими ба миён гузоштаи ислоҳоти мактаби маълумоти умумӣ ва касбӣ фаъолият намуда вазифаҳои асосии зайлро иҷро мекунад: баланд бардоштани сифати таълиму маълумот ва тарбия дар мактаб, ба дараҷаи баланди илмӣ таълим додани ҳар як фан,устуворона аз худ намудани асосҳои фан, беҳтар намудани сифати тарбияи меҳнатӣ, ахлоқӣ, инкишофи эстетикӣ ва ҷисмонии хонандагон:
беҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбияи меҳнат ва касбинтихобкунии хонандагон, тақвият додани таълими политехникӣ ва амалия;
баланд бардоштани обрӯю нуфузи иҷтимоии муаллимон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ, тайёрии назарӣ ва амалии онон.