Шаҳркадаи Саразм — яке аз ёдгориҳои қадим тарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷӣ Осиёи Миёна мебошад. Дар болооби зарафшон чор ёдгорӣ ва якчанд нуқоте бо бозёфтҳои ба ҳама зинаҳои давраи биринҷӣ хос буда ошкор шуд. Ин манбаъҳо маҳалаи Саразм, қабри Зардча Халифа, қабристони Дашти Қозӣ, қабристони Чорбоғ ва ғайра мебошад. Масоҳати густариши ёдгориҳо ва бозёфтҳои номбурда то 140 км қад ва 15-20 км барро фаро гирифтааст. 31 июли соли 2010 Саразм ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст. Соли 1976 сокини деҳаи Авазалии шаҳри Панҷакент, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ — Ашӯралӣ Тайлонов духтарчаи 8-солаашро ба маркази шаҳр оварда, бо хоҳиши вай барои тамошо ба осорхона меравад. Дар осорхонаи ба номи Рӯдакӣ падар ҳамроҳи духтараш нигораҳоро тамошо мекунад. Ашӯралӣ Тайлонов пас аз дидани нусхаи гаҷии табарчаи биринҷии аз деҳаи Ёрӣ ёфтшуда, изҳор медорад, ки ҳангоми хонасозӣ ӯ низ чунин асбобро ёфтааст ва агар лозим бошад онро ба осорхона туҳфа намояд. Сипас, бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов барои овардани табарча ба хонаи он мард меравад ва ҳамин тариқ моҳи сентябри соли 1976 қадимтарин шаҳраки Суғдиён-Саразмро кашф мекунад». Саразми бостон ба солҳои 3400 — 2000 п.м. мансуб аст.
Номгузории Саразм аз калимаи тоҷикии «саризамин» ба вуҷуд омадааст. Саразм дар соҳили чапи яке аз дарёҳои бузурги Осиёи Миёна — Зарафшон, дар баландии 910 м аз сатҳи баҳр 15 км аз шаҳри Панҷакент ва 45 км дуртар аз ш.Самарқанд ҷойгир аст. Ба ақидаи барҷастатарин донандаи забони суғдӣ В. А. Литвинский Саразм маънои «Сари замин»-ро дорад. Бозёфти беназир будааст. Бояд таъкид кард, ки заҳматҳои нахуст кашфи Саразм Абдулло Исҳоқи ба солҳои 70-ум асри ХХ рост меояд. Бо амри тасодуф пиронсоле як сокини маҳаллӣ бо насаби Тайлонов табарзин меёбад ва пас аз шаш соли андеша оқибат онро ба Исҳоқӣ медиҳад ва сири Саразм Рушан мешавад. Акнун бахти археолог механдад ва ковишҳо шурӯъ мегарданд. Шаҳркадаи Саразм масоҳати умумии 100 гектарро дарбар мегирад. Шаҳри Саразм дорои қаср ва маъбад, маҳаллаҳо ва кӯчаҳо буд. Саразмиҳо бо кишовБарои илми бостоншиносӣ, умуман барои кулли инсоният кашфи бошишгоҳи Саразм барзӣ ва чорвопарварии хонагӣ машғул буданд. Истеҳсол ва коркарди фулузот низ хеле инкишоф ёфта буд, маъданро аз конҳои гирду атроф мегирифтанд. Ҳини ҳафриёт кӯраҳои фулузгудозӣ, хумдонҳои сафолпазӣ ва 150 намуд ашёҳои биринҷӣ ба монанди корд, ханҷар, табарзин, нӯги найза, муҳри сурбӣ, ашёҳои тилоӣ ва нуқрагӣ ёфт шудаанд. Ҳунари заргарӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ ва соҳаҳои дигар низ тараққӣ карда буданд. Саразмиҳо бо сокинони ҷанубу шарқии Туркманистон, шимоли Эрон ва Балуҷистону Сиистон иртиботи фарҳангӣ доштанд. Шаҳркадаи Саразм аввалин мероси таърихии Тоҷикистон аст, ки 31 июли соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст.[2].
Аз соли 1984 то имрӯз бо навбат Экспедитсияҳои гуногунсоҳа тадқиқот мебаранд. Аз соли 1984 то соли 1997 экспедитсияи Тоҷикистону Фаронса дар ҳайати А. И. Исҳоқов, М. Исоқова, А. Т. Пликова, У. Эшонқулов, А. Р. Раззоқов, С. Бобомуллоев, Г. Р. Каримова, Ш. Ф. Қурбонов (Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба номи Аҳмади Дониш Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва А. Т. Франкфорт, Р. Безенвол, Б. Лионли, Ҷ. Вилкос, М. Казанова, Сиброн Фобиан, Ҷан Десс (Маркази миллии тадқиқоти илмии Фаронса) корҳои асосиро оид ба муайянсозии ҳудудҳои бошишгоҳи, қабати маданӣ, санъати меъморӣ, намудҳои истеҳсолот, таомулҳои дафнкунӣ, банизомдарории зарфҳои сафолӣ, обёрӣ ва ғайра анҷом доданд. Дар ҳудуди ёдгорӣ 12 хандақи санҷишӣ ковиш гардида, 13 ҳафриёт гузаронида шудааст, ки 55%-и замини ишғолкардаи ин маркази нахустшаҳриро ташкил медиҳад. Соли 1985 олимони Осорхонаи қиёфашиносӣ ва мардумшиносии Донишгоҳи Гарварди Амрико Ф. Колва, К. К. Ламберг-Карловский низ дар Саразм корҳои тадқиқотӣ гузаронидаанд..
Дар Саразм олимони машҳур — профессорони Донишгоҳи Гарвард, бостоншиносон Ланберг Карловский ва Филим Кол, санъатшиноси маркази миллии тадқиқоти илмии Франсия, омӯзгори Университети Сорбонна Вероник Шилс, доктори илмҳои таърих аз Ленинград (ҳоло Санкт — Петербург) Ю. А. Заднепровский, Ю. Ф. Буряков — доктори илмҳои таърих, муовини директори Институти археологии Академияи улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Пол Бернар — доктори илм¬ҳои таърих, мудири гурӯҳи археологияи Маркази миллии тадқиқоти илмии Франсия, А. Асқаров — аъзо — корреспонденти Академияи улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Б. А. Литвинский — академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Р. М. Мунчаев — муовини директори Институти археологияи Академияи улуми ИҶШС, Б. И. Маршак — мудири сектори Эрмитажи давлатии Санкт — Петербург, доктори илмҳои таърих, Р. М. Масов — доктори илмҳои таърих, академик, Ҷон Клод Горден — бостоншиноси машҳури Франсия пажӯҳиш гузаронидаанд. Пажӯҳишҳои муштараки намояндагони бостоншиносии Русия, Фаронса, Амрико, Италия ва бостоншиносони Тоҷикистон дар тадқиқи мероси қадимтарини ҳалқи тоҷик ҳиссаи бузург мегузоранд.
Шаҳрсозӣ дар тамоми сайёраи Замин ҳанӯз дар миёнаи дуюми ҳазораи IV ва ибтидои ҳазораи III қабл аз мелод дар Шумеру Акад ва Мисру Ҳиндустон, дар ҳазораи III—II дар Чин, ҳазораи I дар Мезоамерика ва танҳо дар ҳазораи II пеш аз милод дар Аврупои шарқӣ оғоз шудаанд. Ана Саразми Панҷакенти Тоҷикистон ҳам дар охири ҳазораи IV пеш аз милод вобаста ба хамун сол рушд кардаасту инкишоф. Ба чандин далел метавон Саразмро шаҳри қадима чи ки ҳатто пеш аз қадима номид. Вижа, биноҳои монументали, кӯчаҳои сангфаршуда, нобаробарии молу мулки, ба табақаҳои иҷтимои ҷудошавии ҷомеъа, савдову тиҷорат, дӯконҳои сонеъи, кишоварзӣ, чорводории айлоқӣ ва хонагӣ, кулолгарӣ, маъданҷӯиву маъдангудозӣ, заргарӣ, бофадандагиву ресандагӣ, чармгарӣ, сангтарошӣ ва коркарди чӯб хуллас ҳама чи ки он вақт буд ва ҳоло ҳам ин пешаҳо маъмуланд. Ҳамин аст рукнҳои шаҳрсозӣ, ки хоси Осиё мебошанд. Аслан наметонад як қабила бе кумаку дастгирӣ ва мубодилаи таҷрибаи қабилаи ғайр ба муддати тӯлони пойдор бимонад. Мавкеъи ҷуғрофии Саразм имкон дод, ки аз қавму қабоили дигар дониши иловагӣ гиранду бо дониши хеш онро синтез кунанд. Инчунин ба пешрафти савдову тиҷорати байни қабилаҳо, ки яке аз роҳҳои марказии он аз Саразм мегузашт, пеш аз ҳама нишонаҳои зерин асос шудаанд: тахассуси байниқабилавӣ, алоҳида рушд кардани кишоварзӣ аз ҳунармандӣ, аммо дар шакли мутамарказ, тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ва васоити истеҳсолот, пешрафти чорводории хонагӣ ва коҳиш ёфтани мавқеъи шикор дар ҷомеъа, азхудкунии сарватҳои табии ва бисёр-бисёр чизи дигар. Ин муҷиб ба он шуда, ки суғдзамин ҳам ба воситаи Саразми бостонӣ ба роҳи абрешим шомил мегардад.