Сомониён дар баробари ба даст овардани истиқлолият барои пойдории суннатҳои миллӣ ва ободонии кишвар, бахусус ба хотири боло бурдани мақому мартабаи давлат ва забону фарҳанги мардуми хеш аз ҳамаи имкониятҳо истифода карда, донишмандону адибонро ба марказ ҷамъ оварда буданд. Ҳамин сиёсати фарҳангии Сомониён буд, ки дар он даврони таърихӣ ба забони тоҷикӣ осори фаровон ва арзишманде таълиф гардид.
Дар таърихи сиёсии халқи тоҷик сулолаи дигареро, ки ба ҳадди Сомониён чунин як сиёсати махсус ва ҳамзамон сиёсати бисёр мӯътадил ва одилонаи миллӣ ва забону фарҳанги ҷаҳоншумул дошта бошад, наметавон пайдо кард.
Натиҷаи ҳамин сиёсат ва хиради Сомониён аст, ки мо имрӯз соҳиби яке аз забонҳои зебо ва шевои дунё ҳастем ва барҷастатарин олимони асрҳои миёна, чун Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Закарёи Розӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём ва ҳамасрону пайравони онҳо низ осори маъруфи илмии хешро ба ин забон навишта, ба тамаддуни ҷаҳонӣ арза доштаанд.
Шоири номдори асри XVI, Калими Кошонӣ нирӯ ва қудрати эъҷозофарини забону суханро бисёр олӣ дар риштаи назм гирифтааст. Ба андешаи ӯ, мақоми сухан болотар аз ҷойгоҳи офтоб аст ва гармиву нурафкании он бисёртар аз гармиву танаввури офтоб аст. Агар офтоб шабро бубинад, сухан шабро нахоҳад дид, зеро «бозор»- и сухан доимо «гарм»- у «чароғон» аст. Девори сухан ҳамеша баланд аст, инсоният- ҳама дар зери ин деворанд. Ҷойгоҳи сухан, офтоб куҷо, аз арш ҳам баландтар аст. Ҳатто, ба андешаи шоир, арш барои он ки аз «гулзор»- и сухан «гул»- е бичинад, дар зери «пой»- и худ курсӣ мегузорад, ки дасташ бар сухан бирасад. Агар ҳар дину мазҳаб мункирон (инкоркунандагон)- и худро дошта бошад, сухан ҳеч вақте мункире надорад, чун он тарбиятгар ва зебоибахши рӯҳу ботини инсон аст.
Пушида нест, ки Истиқлолият барои рушди ҳаматарафаи забони ноби тоҷикӣ шароити мусоидро фароҳам овард. Ҳанӯз соли 1995 дар замоне, ки гурӯҳи қудратманде ба ҷойи забони модарӣ бо забони яроқу силоҳ ва зӯроварӣ гап мезаданд, Президенти мамлакат ҳамон замон нақши беандоза доштани забонро таъкид карда, бо боварии комил қайд карда буданд, ки “Забони модарии мо, имрӯз низ қодир аст ҳамон рисолати таърихии худро идома диҳад ва барои густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба давлатҳои минтақа мусоидат кунад”.
Ҳамин буд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ забони хонаводагию кӯчагӣ ба забони миллӣ, коргузорӣ, сиёсӣ, давлатӣ табдил ёфт. Ин забон ҳоло баробари Парчам, Суруди миллӣ ва Нишон яке аз рукнҳо ва рамзҳои муайянкунандаи миллату давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст.
Бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 5-уми октябри соли 2009, №533, забони тоҷикӣ аҳамияти давлатӣ пайдо карда, масъулияти ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро боло бардошт.