ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ДАСТОВАРДИ БУЗУРГТАРИНИ ТАЪРИХИИ ХАЛҚИ ТОҶИК ВА ОМИЛИ АСОСИИ РУШДУ ШУКУФОИИ ТОҶИКИСТОН

0 2

(Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ)

Дар таърихи ҳар як миллат рӯйдодҳое вуҷуд доранд, ки аҳаммияти онҳо аз доираи як сана ё воқеаи одӣ берун рафта, ба сарнавишти давлат ва ояндаи халқ таъсири ҳалкунанда мерасонанд. Барои мардуми Тоҷикистон яке аз чунин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ба даст омадани Ваҳдати миллӣ мебошад. Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии миллати тоҷик буда, барои ҳифзи давлатдорӣ, таҳкими истиқлолият ва фароҳам овардани шароити рушди устувори кишвар заминаи мустаҳкам гузошт.

Ҳар сол мардуми Тоҷикистон санаи 27 июн-ро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн мегиранд. Дар ҳамин рӯзи таърихӣ – 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин ҳуҷҷати муҳим ба муқовиматҳои сиёсӣ хотима бахшида, барои муттаҳид сохтани ҷомеа ва оғози марҳилаи нави рушди Тоҷикистон замина гузошт. Аз ҳамон рӯз то имрӯз ваҳдат ба рамзи ягонагӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардуми кишвар табдил ёфтааст.

Ба даст овардани ваҳдат барои халқи тоҷик кори осон набуд. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои кишвар давраи бисёр ҳассос ва мушкил ба ҳисоб мерафт. Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар 9 сентябри соли 1991, Тоҷикистон ба мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодии ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар натиҷаи ихтилофҳои сиёсӣ кишвар ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки оқибатҳои хеле вазнин ба бор овард.

Тибқи маълумоти коршиносон, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода, беш аз як миллион нафар маҷбур шуданд ҷойи зисти худро тарк намоянд. Садҳо ҳазор нафар ба кишварҳои дигар паноҳ бурданд. Зарари иқтисодӣ ба миллиардҳо доллар баробар гардида, бисёр корхонаҳо аз фаъолият бозмонданд, муассисаҳои иҷтимоӣ зарар диданд ва иқтисодиёти миллӣ ба буҳрони амиқ гирифтор шуд.

Дар чунин вазъияти ниҳоят душвор халқи тоҷик роҳи сулҳу оштиро интихоб намуд. Бо талошҳои пайвастаи роҳбарияти давлат, зиёиён, шахсиятҳои бонуфуз ва мардуми ватандӯст раванди музокироти сулҳ оғоз гардид. Музокирот беш аз 4 солу 8 моҳ идома ёфта, дар шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон баргузор шуд. Дар маҷмӯъ зиёда аз 21 даври музокирот ва вохӯриҳои сершумор анҷом дода шуданд.

Ниҳоят, талошҳои сулҳхоҳона натиҷа дода, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Маҳз ҳамин санади таърихӣ тавонист сарнавишти миллатро тағйир диҳад. Тоҷикистон аз вартаи парокандагӣ наҷот ёфта, барои рушди минбаъдаи худ имконияти воқеӣ пайдо кард. Ваҳдати миллӣ барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, суботи сиёсӣ ва рушди иқтисодӣ нақши ҳалкунанда бозид.

Имрӯз, баъд аз қариб се даҳсола, метавон бо боварӣ гуфт, ки Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди таърихии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Ҳамаи пешрафтҳое, ки имрӯз дар кишвар мушоҳида мешаванд, маҳз самараи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошанд. Дар ин давра Тоҷикистон ба як кишвари рӯ ба рушд табдил ёфта, дар соҳаҳои гуногун ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Дар солҳои истиқлолият ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ сохта шуданд. Танҳо дар соҳаи маориф зиёда аз 3600 муассисаи таълимӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, барои миллионҳо хонанда шароити мусоиди таҳсил фароҳам оварда шуд. Агар дар солҳои аввали истиқлолият муассисаҳои таълимӣ бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ буданд, имрӯз дар тамоми минтақаҳои кишвар мактабҳои муосир фаъолият мекунанд.

Дар баробари ин, дар соҳаи тандурустӣ садҳо беморхона, марказҳои тиббӣ ва бунгоҳҳои саломатӣ сохта шуда, сатҳи хизматрасонӣ беҳтар гардидааст. Давомнокии миёнаи умри аҳолӣ нисбат ба солҳои аввали истиқлолият афзоиш ёфтааст. Ин нишондиҳандаҳо аз беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум шаҳодат медиҳанд.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони ваҳдат рушди инфрасохтори нақлиётӣ мебошад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳсор солҳои зиёд аз мушкилоти коммуникатсионӣ ранҷ мебурд. Дар давраи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ даҳҳо нақб, садҳо пул ва ҳазорҳо километр роҳҳои замонавӣ сохта шуданд. Нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Хатлон» ва «Чормағзак» имконият доданд, ки минтақаҳои гуногуни кишвар ба ҳам пайваст гардида, рафтуомади шаҳрвандон осонтар шавад.

Дар соҳаи энергетика низ пешравиҳои назаррас ба даст омаданд. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад. Бо истифода аз фазои сулҳу субот сохтмони неругоҳҳои бузург идома ёфта, иқтидори истеҳсоли неруи барқ афзоиш ёфт. Неругоҳи барқи обии Роғун ҳамчун рамзи ваҳдати миллӣ ва иродаи қавии мардуми тоҷик эътироф гардидааст. Ба истифода додани агрегатҳои нави ин неругоҳ барои рушди иқтисоди миллӣ аҳаммияти бузург дорад.

Ваҳдати миллӣ барои рушди соҳаи фарҳанг низ шароити мусоид фароҳам овард. Дар даврони соҳибистиқлолӣ садҳо китобхона, қасрҳои фарҳанг, осорхона ва марказҳои фарҳангӣ бунёд шуданд. Ҷашнҳои миллӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ ба рушди худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ мусоидат намуданд.

Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускор эътироф шудааст. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои об ва иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ мегарданд. Ин обрӯи байналмилалӣ низ самараи сиёсати сулҳҷӯёна ва фазои суботи кишвар мебошад.

Нақши ҷавонон дар таҳкими ваҳдати миллӣ хеле муҳим аст. Зиёда аз 60 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ вазифаи муҳими ҷомеа ба шумор меравад. Ҷавонони имрӯз бояд дарк намоянд, ки оромиву осудагии кишвар ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои ба даст овардани сулҳу ваҳдат ҳазорон нафар ҷони худро қурбон кардаанд ва садҳо шахсиятҳои ватандӯст заҳмат кашидаанд.

Муассисаҳои таълимӣ дар ин раванд нақши калидӣ доранд. Вазифаи омӯзгорон танҳо додани дониш нест. Онҳо бояд ҷавононро ҳамчун шаҳрвандони масъулиятшинос, ватандӯст ва содиқ ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд. Дар қалби ҳар як хонанда бояд эҳсоси муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба давлат ва ифтихор аз дастовардҳои миллӣ ҷой дошта бошад.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои нав, аз ҷумла ифротгароӣ, терроризм, ҷинояткории фаромиллӣ, ҷангҳои иттилоотӣ ва дигар хатарҳо рӯ ба рӯ мебошад. Дар чунин шароит танҳо ҷомеаи муттаҳид метавонад манфиатҳои миллии худро ҳифз намояд. Аз ҳамин сабаб, таҳкими ваҳдати миллӣ бояд ҳамеша яке аз самтҳои асосии фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ боқӣ монад.

Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки ваҳдати миллӣ танҳо вазифаи давлат нест. Ҳифзи ин неъмати бебаҳо масъулияти ҳар як шахс мебошад. Мо бояд дар ҳама ҳолат манфиатҳои давлат ва миллатро аз манфиатҳои шахсӣ болотар гузошта, барои таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва суботи ҷомеа саҳмгузор бошем.

Имрӯз Тоҷикистон бо аҳолии зиёда аз 10,5 миллион нафар ба сӯи ҳадафҳои нави рушд устуворона ҳаракат мекунад. Барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои бузурги иқтисодӣ, рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш аз он шаҳодат медиҳанд, ки кишвари мо ба марҳилаи нави пешрафт ворид гардидааст. Бешубҳа, асоси ҳамаи ин комёбиҳо сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Дар фарҷом мехоҳам таъкид намоям, ки Ваҳдати миллӣ бузургтарин сарвати маънавии халқи тоҷик, дастоварди нодири таърихӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи ин неъмати бебаҳо қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст аст. Бигузор сулҳу оромӣ, дӯстиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша дар Тоҷикистони соҳибистиқлол пойдор бошад ва кишвари маҳбуби мо рӯз аз рӯз ободу пешрафта гардад.

Ваҳдати миллӣ – рамзи пирӯзии хирад бар низоъ, пояи устувори давлатдории миллӣ ва кафили ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад.

Шаҳло Қурбонмалова

Омузгори кафедраи «Мудофиаи шаҳрвандӣ МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.