Муассисаҳои таълимӣ дар ин раванд нақши калидӣ доранд. Вазифаи омӯзгорон танҳо додани дониш нест. Онҳо бояд ҷавононро ҳамчун шаҳрвандони масъулиятшинос, ватандӯст ва содиқ ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд. Дар қалби ҳар як хонанда бояд эҳсоси муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба давлат ва ифтихор аз дастовардҳои миллӣ ҷой дошта бошад.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои нав, аз ҷумла ифротгароӣ, терроризм, ҷинояткории фаромиллӣ, ҷангҳои иттилоотӣ ва дигар хатарҳо рӯ ба рӯ мебошад. Дар чунин шароит танҳо ҷомеаи муттаҳид метавонад манфиатҳои миллии худро ҳифз намояд. Аз ҳамин сабаб, таҳкими ваҳдати миллӣ бояд ҳамеша яке аз самтҳои асосии фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ боқӣ монад.
Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки ваҳдати миллӣ танҳо вазифаи давлат нест. Ҳифзи ин неъмати бебаҳо масъулияти ҳар як шахс мебошад. Мо бояд дар ҳама ҳолат манфиатҳои давлат ва миллатро аз манфиатҳои шахсӣ болотар гузошта, барои таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва суботи ҷомеа саҳмгузор бошем.
Имрӯз Тоҷикистон бо аҳолии зиёда аз 10,5 миллион нафар ба сӯи ҳадафҳои нави рушд устуворона ҳаракат мекунад. Барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои бузурги иқтисодӣ, рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш аз он шаҳодат медиҳанд, ки кишвари мо ба марҳилаи нави пешрафт ворид гардидааст. Бешубҳа, асоси ҳамаи ин комёбиҳо сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Дар фарҷом мехоҳам таъкид намоям, ки Ваҳдати миллӣ бузургтарин сарвати маънавии халқи тоҷик, дастоварди нодири таърихӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи ин неъмати бебаҳо қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст аст. Бигузор сулҳу оромӣ, дӯстиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша дар Тоҷикистони соҳибистиқлол пойдор бошад ва кишвари маҳбуби мо рӯз аз рӯз ободу пешрафта гардад.
Ваҳдати миллӣ – рамзи пирӯзии хирад бар низоъ, пояи устувори давлатдории миллӣ ва кафили ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад.