Дар ҷомеаи имрӯза нақши ҷавонон дар рушди иқтисоди миллӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва пешбурди соҳаҳои гуногун хеле муҳим мебошад. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд дониши худро тақвият бахшида, ба ҳама гуна ғояҳои ифротӣ ва зараровар роҳ надиҳанд.
Имрӯз ҷавонони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд ва парчами Тоҷикистонро баланд мебардоранд.
Ҷавонон, эй чароғи рӯзи фардо,
Шумоед нури бахти миллати мо.
Ба дил меҳри Ватан, дар сар муроде,
Шавад аз қудрати шумо ҷаҳон зебо.
Бояд зикр намуд, ки аз соли 1997 инҷониб 23 май дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҷавонон як қатор барномаҳо ва имтиёзҳо, аз ҷумла стипендияҳо, ҷоизаҳо ва квотаҳоро роҳандозӣ намудааст.
Имрӯз Пешвои миллат ҳамеша ба ҷавонон такя мекунанд, зеро онҳо неруи созандаи давлат мебошанд. Ҷавонон бояд ватандӯст, бонангу номус ва содиқ ба давлату миллат бошанд.
Ҳар як ҷавон бояд барои таҳкими сулҳ, ваҳдати миллӣ, амнияти давлат ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошад.
23 МАЙ — РӮЗИ ҶАВОНОН БА ТАМОМИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК БОД!