Ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватани ҷон фидо намудаанд ва барои қадрдонии онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9 май ҳамчун Иди ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос медорад ва онҳоеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд мавриди дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоса қарор додааст. Ҷанги Бузурги Ватанӣ 22 июни соли 1941 оғоз ёфта, 1418 рӯз давом кард. Дар ин муддат зиёда аз 60 миллион нафар дар саросари ҷаҳон ҷони худро аз даст доданд. Танҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ ин рақам зиёда аз 27 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои дур бо меҳру садоқат ба Ватан, меҳанпарастӣ ва ҳуввияти баланди милли хеш машҳури ҷаҳон буданд. Таърих гувоҳ аст, ки фарзанди тоҷик ҳамеша ҳимояи марзу буми хешро ба ивази ҷони хеш ҳам бошад, адо кардааст. Дар тули таърих фарзонафарзандони диловари тоҷик аз қабили Спитамен, Муқаннаъ, Абумуслим, Темурмалик, Восеъ ва дигарон ҷони худро ба кафи даст гирифта, мардонавор ҷон супурданро аз таслими душман шудан беҳтар донистанд.
Дар ин ҷанг аз Тоҷикистон низ ҳазорон нафар ба фронт рафта, бо шуҷоат ва мардонагӣ дар муҳорибаҳои шадид иштирок карданд. Бисёре аз онҳо қаҳрамониҳои бемисл нишон дода, барои озодии Ватан ва сулҳи ҷаҳон ҷон бохтанд. Номи онҳо дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст ва хотираашон ҳамеша зинда хоҳад монд. Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд.
Баргузории ид 9 май тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, ҳамчун Рӯзи Ғалабаи халқҳо дар Ҷанги Бузургии Ватани (1941 – 1945) эълон гардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Далериву шуҷоат ва мардонагиву қаҳрамонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватани саҳифаи дурахшони таърихи моро ташкил медиҳад. Маҳз ин ҷоннисориву фидокориҳои онҳо буд, ки тамоми халқҳои давлати Шуравӣ аз ҷанҷоли фашистони хунхор раҳои ёфтанд. Ҳануз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Эҳсоси ватандустии онҳо имрӯз барои мо, ки Истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки солҳои 1941 – 1945 идома ёфта, ҳазорҳо одамонро ба гирдоби мусибат кашид. Дар ин ҷанг на танҳо мардон балки занону кудакон ва ҷавонони зиёд барои ҳифзи Ватан мубориза бурда ҷони худро фидо намуданд. Ба муносибати Рӯзи Пирӯзи дар шаҳру вилояту ноҳияҳои Тоҷикистон якчанд кӯча, майдон ва боғи Ғалаба дар Душанбе номгузорӣ шудааст. Ҳоло мо дар остонаи таҷлили 81- умин солгарди ғалаба бар фашизм қарор дорем. Қудрату тавоноии артиши шурави аз матонату садоқати афсаронаш ибтидо мегирифт.
Аз шуҷоати сарбозонаш, ки рози буданд баҳри ҳифзи халқу Ватан ҷони худро фидо кунанд. Ба ин гуфта, қаҳрамониҳои сарбозони тоҷик, ки худро ба болои мили танки душман партофтаанд, гувоҳ шуда метавонад. Сокинони Тоҷикистон хотираи онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштаанд, яъне ҷони худро ба хотири озодӣ аз истеъмори фашистӣ қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намекунанд ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоранд.