НАВРӮЗИ АҶАМ ЗИНДА КУНАД ХОКИ КУҲАНРО

0 3

Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигаҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳанг, таърих ва ниҳоят Ватан будааст. Аз ин рӯ, Наврӯз барои мардуми мо ҷашни ниҳоят муборак буда, дар моҳи Фарвардин, ки маънои покӣ, озодагӣ ва муқаддасиро дорад, таҷлил мегардад.

Воқеан ҳам, Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии мардуми ориёӣ, оғози соли нави шамсӣ, пайвандгари инсону табиат ва мавсими киштукори баҳорист. Аз нигоҳи илмӣ бошад, он дақиқтарин лаҳзаи баробаршавии шабу рӯз – эътидоли баҳорӣ мебошад, ки ҳанӯз Умари Хайём ҳазор сол пеш дар тақвими хуршедии худ исбот намудааст.

Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон буда, таърихи ҳазорсолаҳо дорад. Дар фарҳанги мардуми мо ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Он ифодагари арзишҳои миллӣ ва суннатҳои қадимаи тоҷикон буда, аз замонҳои бостон марҳилаҳои зиёди таърихиро тай карда, то имрӯз расидааст.

Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо тамоми шукӯҳу шаҳомати худ эҳё гардид ва имрӯз ба ҷашни милливу давлатӣ, рамзи худшиносӣ, ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.

Мутобиқи тақвими аҷдодонамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо, 21-уми март шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор – Наврӯз фаро мерасад. Бо қарори Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз ба сифати ҷашни байналмилалӣ эътироф гардидааст, ки аз бузургӣ ва аҳамияти ҷаҳонии он шаҳодат медиҳад.

Боиси хушнудист, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ таҷлил мегардад. Дар Тоҷикистон низ ҳар сол ин иди зебо бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор мешавад.

Фарорасии Наврӯз ба мардум аз фарҳангу маънавиёти ғании гузашта ва имрӯзаи мо ёдрас мекунад. Ин ҷашн дорои аҳамияти бузурги тарбиявӣ буда, ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ, ваҳдат ва ҳувияти миллиро, махсусан дар байни ҷавонон, тақвият мебахшад. Зеро миллате, ки фарҳанг ва таърихи худро намешиносад, мисли инсони нобино дар нимароҳ мемонад.

Наврӯз барои миллати тоҷик амсоли китоби муқаддасест, ки дар он андеша, фалсафа, орзуву ормон ва ҷаҳонбинии ниёгон таҷассум ёфтааст.

Доир ба пайдоиши Наврӯз дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ маълумоти зиёд оварда шудааст. Аз ҷумла, дар асарҳои Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва Абулқосим Фирдавсӣ маълумоти арзишманд ҷой дорад.

Бино ба ривоятҳо, Наврӯз дар замони салтанати Пешдодиён ва дар аҳди Ҷамшед пайдо шудааст. Гуфта мешавад, ки Ҷамшед ҳангоми сафар ба сарзамини Озарбойҷон амр дод тахте омода кунанд ва онро дар ҷои баланд гузоранд. Ӯ бо тоҷи заррин бар он нишаст ва нурҳои офтоб бо гавҳарҳои тоҷ якҷо шуда, равшании хосе ба вуҷуд оварданд. Мардум шод шуда, он рӯзро «Рӯзи нав» номиданд.

Имрӯзҳо низ бо фарорасии Наврӯз мардум хонаҳоро тоза намуда, ба истиқболи баҳор омодагӣ мебинанд. Ҷашни Наврӯз аз қадим то имрӯз ҷузъи ҷудонашавандаи ҳувияти миллӣ ва фарҳанги мардуми тоҷик боқӣ мондааст.

Худойберди Ахмедов

Омӯзгори кафедраи «Мудофиаи шаҳрвандӣ ва омодагии ибтидоии ҳарбӣ»-и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода.Р.А»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.