Модар – чӣ калимаи зебову муқаддас! Бо шунидани ин вожа дар қалби инсон эҳсоси гармии меҳру муҳаббат, садоқату самимият ва лутфи пок бедор мегардад. Модар барои ҳар як инсон азизтарин, наздиктарин ва муқаддастарин шахс аст. Дар симои модар мо фариштаеро пеши назар меорем, ки бо ҳусни зебоӣ, меҳрубонӣ, дилсӯзӣ ва қалби пур аз шафқат ҳамеша таскинбахши рӯҳу ҷони фарзандон мебошад. Беҳуда нагуфтаанд: «Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт». Воқеан ҳам, гарчанде модар болу пар надорад, аммо аз ҳар паррандаи баландпарвоз болотар аст, зеро муҳаббат ва дуои ӯ ҳеҷ ҳадду канор надорад.
Модар ҳамеша бо меҳру муҳаббати бепоён, бо сухани ширин ва бо нигоҳи пур аз умед фарзанди худро тарбия менамояд. Ӯ бо тамоми ҳастияш мекӯшад, ки фарзандаш хушбахт бошад, роҳи дурусти зиндагиро интихоб намояд ва ба камол расад. Ҳатто дар душвортарин лаҳзаҳо модар аз фарзанди худ рӯй намегардонад, балки бо сабру таҳаммул ва иродаи қавӣ ӯро дастгирӣ мекунад. Дуои модар неруест, ки инсонро аз сахтиҳо наҷот медиҳад ва ба роҳи рост ҳидоят месозад.
Иффату зебоӣ, фурӯтанӣ ва маърифатнокӣ аз сифатҳои волои зан-модар мебошанд, ки ба зиндагии аҳли хонадон равшанӣ ва покизагӣ мебахшанд. Аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба мақому манзалати зан аҳамияти хоса дода, кӯшидааст, ки занон дар ҷомеа ҷойгоҳи арзанда дошта бошанд. Зани бомаърифат метавонад на танҳо як оилаи солим, балки ҷомеаи солимро тарбия намояд. Маҳз модар аст, ки дар дили фарзанд тухми илму маърифат, ахлоқи ҳамида ва ҳисси инсондӯстиро мекорад.
Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл ва тарбиятгари насли оянда мебошад. Модар бо дили бузург, иродаи қавӣ ва меҳри беандоза фарзанди худро аз хурдӣ бо орзуву ниятҳои нек ба воя мерасонад. Суруди аллаи модар аввалин дарсест, ки кӯдак аз он меҳрубонӣ, оромӣ ва умедро меомӯзад. Ин лаҳзаҳо дар шуури кӯдак нақши амиқ гузошта, тамоми умр ҳамроҳи ӯ мемонанд.
Ин масъулияти бузург модарону бонувони моро водор месозад, ки дар баробари нигоҳубин ва парвариши ҷисмонии фарзандон, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ тарбия намоянд. Зеро ояндаи миллат маҳз аз тарбияи дурусти фарзандон вобаста аст ва дар ин раванд нақши модар ниҳоят муҳим мебошад.
Модар барои фарзанд на танҳо тарбиятгар, балки дӯст, ҳамроз, маслиҳатгар ва пуштибон аст. Дар ҳар қадами зиндагӣ фарзанд ба меҳру муҳаббат ва дастгирии модар ниёз дорад. Ҳеҷ кас наметавонад ҷойи модарро гирад, зеро муҳаббати ӯ софу беғараз ва самимӣ аст.
Мо, фарзандон, бояд ҳамеша қадри модарро донем, ба ӯ эҳтиром гузорем ва меҳру муҳаббати ӯро пос дорем. Зеро модар ягона шахсест, ки бе ягон интизорӣ тамоми ҳастии худро барои фарзанд мебахшад. Қадрдонии модар на танҳо вазифаи ахлоқии мо, балки қарзи инсонӣ ва фарзандист.
Аз даргоҳи Худованди бузург ҳамеша дуо мекунем, ки модарон сиҳату саломат, хушбахт ва дарозумр бошанд. Бигзор ҳаргиз ашки ғам дар чашмони онҳо пайдо нашавад ва зиндагии онҳо пур аз шодиву нишот бошад. Зеро модар воқеан ҳам фариштаи рӯи замин аст ва ҳастии ӯ барои ҳар як инсон неъмати бебаҳост.
Давлатова С.Т
Мудири кафедраи “Таърих ва ҳуқуқ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”