АБУАЛӢ ИБНИ СИНО – МУҲАҚҚИҚИ БУЗУРГИ АХЛОҚ 0 3 Мубодила кардан Ибни Сино на танҳо олими тавоно, шоири мутафаккир, табиби ҳозиқ, балки сиёсатмадори барҷаста ва муҳаққиқи бузурги ахлоқ низ будааст. Эмомалӣ Раҳмон Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин файласуфон, олимон, табибон ва адибони тоҷику форс буда, дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста дорад. Ибни Сино қариб дар тамоми риштаҳои улуми замонаш асарҳо таълиф кардааст. Аз ин донишманди бузург то ба рӯзгори мо садҳо асар барҷой мондааст, ки дар тамоми дунё машҳур мебошад. Дар Аврупо номи Абуалӣ ибни Синоро дар асоси китоби пуровозааш «Алқонун-фи-тиб» (Қонуни пизишкӣ), ки дар донишгоҳҳои Урупо садаҳо яке аз китобҳои дарсии пизишкӣ будааст, мешиносанд. «Китоб-уш-шифо» (Китоби шифо) дар миёни асарҳои фалсафии Ибни Сино барои ҳамагон овозаи бештар ёфтааст. Ин китоб маҷмӯаи бузург дар бораи риштаҳои асосии дониш аст. Китоби мазкур дорои бахшҳои мантиқ, физик, метафизик ва риёзӣ аст. Сипас ахтаршиносӣ, ҳисобу мусиқӣ, ҷонваршиносию гиёҳшиносӣ бар он илова шудааст. Ҷамъи таълифоти Ибни Сино, тавре ки дар сарчашмаҳо қайд шудааст, ба ҳудуди 250 китобу рисола аст, ки боқӣ мондааст. Ӯ танҳо ҳакими бузургест, ки қариб тамоми осораш боқӣ монда ва аз онҳо аксар ба табъ расида ва ба забонҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума ва нашр гардидаанд. Ҳамин тавр, Ибни Сино ҳамаи улуми замонаашро аз бар карда ва олими зуфунун, яъне соҳиби дониш дар ҳамаи фанҳо буд. Ибни Сино ба илми ахлоқ диди дигар дошт. Роҷеъ ба таълиму тарбияи кӯдакон низ як идда фикрҳои ҷолиб баён намудааст. Ӯ ақидаҳои ахлоқиашро дар «Тадбири манзил», «Ал-қонун», «Саломон ва Абсол», «Донишнома», «Зафарнома», «Ҳай ибни Яқзон» зикр кардааст. Таҳкурсии таълимоти педагогии Синоро таҷрибаҳои зиндагӣ ва фаъолияти босамари омӯзгории худаш ташкил медиҳанд. Баъзан аз манбаъҳои назарияи ниёгон низ ишора менамояд. Дар осори шоир ва мутафаккир мавзӯи таълиму тарбияи фарзанд аз ибтидои ба дунё омадан то синни камолот муфассал таҳқиқ шудааст. Шайхурраис мақоми бузурги падару модарро дар парвариши кӯдак муайян кардааст. Ба ақидаи ӯ, тарбияи кӯдак бояд аз рӯзи таваллуд шурӯъ шавад. Тарбия таъхирро намепазирад, чунин ақида дар ривоятҳои марбут ба Ибни Сино акс ёфтааст. Дар ин бобат ривояти зерин ҷолиби диқкат аст: Рӯзе зану шавҳари ҷавон, ки тоза фарзанддор шуда буданд, пеши Ибни Сино рафта, дар боби таълиму тарбияи кӯдак маслиҳат пурсиданд. Абуалӣ ибни Сино мепурсад: «Кӯдакатон чандрӯза шуд? Мегӯяд, ки думоҳа. Абуалӣ даст ба зону зада мегӯяд: Дер шудааст, дер! Кӯдакро мебоист дар худи ҳамон рӯзи таваллудаш меовардед». Аз ин ривоят бармеояд, ки мутафаккир ҳаёти инсонро бидуни тарбия тасаввур карда наметавонад. Ибни Сино дар «Ал-қонун» баробари зикри давраҳои асосии инкишофи кӯдакон шароити тарбияи онҳоро низ нишон додааст. Вай табиати нозуку мураккаби кӯдакро ҳамаҷониба омӯхта, ба ӯ на танҳо чун табиб, балки чун мураббӣ низ муроҷиат кардааст. Шайхурраис раванди ташаккулу такомули кӯдакро таҳлил намуда, таъкид кардааст, ки тифлро аз қаҳру ғазаб ва тарсу ваҳм эмин бояд дошт, вагарна онҳо ба мизоҷу феълу атвори ӯ таъсири манфӣ мерасонанд. Ба ақидаи Ибни Сино, волидайн бо назардошти рӯзу моҳ ва синну соли кӯдак тарбияву парвариши ӯро дуруст ба роҳ монанд. Вай мефармояд, ки «ҳуқуқи фарзанд дар зимаи падараш ин аст, ки вайро номи накӯ бимонад. Сипас, дояи хубе барои ӯ интихоб кунад, ки аҳмақу бехирад ва бемор набошад». Дар рисолаи «Тадбири манзил» ба волидайн маслиҳат додааст, ки дар тарбияи кӯдак аз усули таърифу сарзаниш истифода бурда, таваҷҷуҳро бештар ба тарбияи ахлоқӣ равона созанд. «Баъд, -навиштааст ӯ, — пеш аз он ки бача ба хӯҳои баду одоти зишт ошно гашта, сурати онҳо дар сафҳаи нафсаш нақш бандад, бояд ӯро бо ахлоқи накӯ ва сифоти писандида ва одоти сутуда рӯ ба рӯ ва мувоҷеҳ сохт ва вуҷудашро ба онҳо биёрост». Аз ин бармеояд, ки чун фарзанд аз айёми тифлӣ дар рӯҳияи ахлоқи ҳамида тарбия ёбад, рафтору кирдорашро мулоҳиза карда, хешро тавассути малакаҳои нек ва сифатҳои баде мисли танбалӣ, сабукфикрӣ, дурӯғ, дуздию қаллобӣ, шаҳватпарастӣ ва ғайра эмин медорад. Ибни Сино ғайр аз масоили муҳимми таълиму тарбияи оилавӣ тарбияи мактабро махсус баррасӣ намудааст. Ӯ тарафдори он аст, ки чун кӯдак шашсола шуд, бояд ба мактаб биравад ва ӯро дар мактаб бояд муаллим тарбия бикунад. Ба андешаи ӯ, таълиму тарбия бояд пай дар пай ва муттасил бошад. «Замоне, ки муфосили бадани бача сахту забони вай дурусту гӯё ва гӯшаш барои шунидану пазируфтани сухан омода ва вуҷудаш мустаъиди фаро гирифтани илму адаб гардид, бояд ба ӯ илму адаб омӯхт». Мутафаккир дар рисолаи болозикр қайд мекунад, ки «Омӯзгору мураббии ӯ хирадманду ба роҳи таҳзиби ахлоқ ва парвариши табиати бача ошно ва бино буда, бовиқору сангин, бомуруввату покдоман ва назиф бошад ва роҳи муоширатро бидонад». Абуалӣ тарафдори таълим ва тарбияи коллективи бачагон буда, таъкид мекунад, ки агар бача шарикдарс надошта бошад, мӯҷиби ранҷиши шогирду омӯзгор мегардад. Аз ин нуқтаи назар, ӯ таҳсили коллективонаро тарғиб намуда, таъкид кардааст, ки агар кӯдак дар мактаб не, балки дар танҳоӣ таълим бигирад, ҳам ба муаллим ва ҳам ба шогирд душвор мегардад: «агар дар мадраса бо дастҷамъӣ ба фаро гирифтани илму адабу ахлоқ бипардозад, мавқеи иззати нафс онҳоро водор месозад, ки аз ҳам қафо намонанд. Шогирдон дар якҷоягӣ бо ҳам сухан мекунанд, ки сабаби фузунию рушноии ақлу фаҳмашон мегардад». Аз ин гуфтаҳо метавон чунин хулоса кард, ки тибқи ақидаи Ибни Сино мактаб бояд инсони комилро тарбия бикунад ва барои шогирдон гаҳвораи саодати овони ҷавонӣ гардида, дар ёду қалбашон ба ҳайси беҳтарин даврони зиндагӣ нақш бандад. Ибни Сино дар интихоби мураббию муаллими фарзанд падару модарро муаззаф сохтааст, ки дар ин боб ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд. Ба ақидаи Ибни Сино муаллим бояд «хирадманду оқил, покдоману назиф ва бомуруввату боахлоқ бошад ва роҳи муоширатро бидонад. Ба шогирдон ҳамчун падари меҳрубон муносибат карда, ба дили ҳар яке аз онҳо роҳ ёбад». Шайхурраис таъкид менамояд, ки кӯдакро фавран тобеи китоб кардан дуруст нест, зеро аз ин кор ба дили ӯ озоре хоҳад омад. Аз ин рӯ, вай ба нақши муаллим дар ҷараёни таълиму тарбия аҳамияти хосса додааст. Ба андешаи ӯ, муаллим аз аз рӯзи аввал бояд бикӯшад, ки нисбат ба китоб дар қалби кӯдак ҳурмату муҳаббати самимӣ оварад, то ки ӯ китобро дӯст дорад. Ба ақидаи мутафаккир муҳимтарин ҷиҳати тарбияро интихоби касб ташкил медиҳад. Шогирд дар вақти таҳсил бояд ба чӣ кор қобилу қодир будани хешро бидонад. Барои ин, устодро лозим аст, ки қувваю имконият ва истеъдоди шогирдонро муайян бинамояд. Ибни Сино дар ҳамин замина таълиму тарбияи хонандагонро ба ду марҳила ҷудо кардааст, ки дар якумаш забону адаб ва дар дуюмаш ҳунарро бояд омӯхт. Абуалӣ мақоми касбу ҳунарро аз ҳама афзалтар дониста, нисбат ба тиҷорат собиттару пойдортар будани ҳунарро таъкид намудааст, зеро ба ақидаи ӯ, тиҷорат бо мол сару кор дорад ва мол заволпазир аст. Вале саноат баръакс аст. Шоир тарбияи меҳнатии бачагонро низ таблиғ намудааст. Меҳнат минбаъд зиндагӣ ва дар айни замон воситаи тарбияи ахлоқӣ аст. Мутафаккир дар чунин ақида аст, ки агар инсон аз хурдӣ ба меҳнат одат бикунад, дар синни балоғат оилаашро таъмин намуда, муҳтоҷи маоши падару модар намемонад. Масъалаи тарбияи ахлоқию ташаккули одоби ҳамидаи инсонӣ дар маркази таълимоти Ибни Сино қарор дорад. Ӯ ахлоқи ҳамидаро бо шавқу шӯр тарғиб, вале ахлоқи разиларо маҳкум намуда, ба зулму ҷавр, хиёнату ҷиноят, ҷоҳхоҳию чизпарастӣ, пастию сифлагӣ, ҳирсу тамаъ, хашму ғазаб, ҷаҳлу нодонӣ, риёву дурӯғгӯйӣ, кибру ғурур, хештанбинию худписандӣ, беҳудагӯиву мардумозорӣ барин хислатҳои бади инсон муқобил баромадааст. Ба ақидаи ӯ, ахлоқ маҳсули муносибатҳои иҷтимоӣ буда, дар ҷараёни робитаҳои байни одамон ташаккул меёбад. Мавзӯи таълимоти Ибни Синоро риояи покию озодагӣ, дӯстию бародарӣ, илмомӯзию маданияти рафтор, кирдори нек, сулҳу сафо, иттифоқу ҳамдигарфаҳмӣ, номи нек, сидқу вафою ростӣ, олиҳимматию ҷавонмардӣ, ҷасорату мардонагӣ, эҳсону карам, иффату ҳаё, ҳилм, фурӯтанӣ, сабру хомӯшӣ ва ғайраҳо ташкил медиҳанд. Ибни Сино кӯмаки бетамаъ ва беғаразро некии воқеӣ номида, ба ду маънии он ишора кардааст. Якум чизе, ки табиатан нек аст ва дуюм чизе, ки фақат барои дигарон нек аст. Ба маънии якум чизу ҳодисаҳо ва ба маънии дуюм муносибатҳои шахсӣ мутааллиқанд. Ин ҷо мутафаккир ҳаминро таъкид карданист, ки накӯкор шахсест, ки ба фазилатҳои ахлоқӣ ба дигарон таъсир расонад. Некӣ дар амалу мақсади поки инсон зоҳир мегардад. Сино таълиму тарбияро дар оила вазифаи бағоят муҳимми падару модар мешуморад. Андешаҳое, ки ӯ ба сифати як барномаи мукаммал дар китобҳои «Шифо», «Ал-қонун», «Тадбири манзил» ифода кардааст, дар ҳалли мушкилоти мактабу маориф, тарбияи муаллим ва омӯзишу парвариши шогирдон имрӯз низ аҳамияти худро аз даст надодаанд. Аз ин лиҳоз, ҳам барои табибон, ҳам барои омӯзгорон ва ҳам барои дигар соҳаҳо дастурҳои ӯро омӯхтан ва вобаста ба шароити таълиму тарбия имрӯз истифода кардан ба пешрафти соҳаи маориф ва умуман тарбияи ҷавонон мусоидат хоҳад кард. Ақидаҳои ӯ оид ба таълиму тарбия дар оила ва ҷомеа дар замони истиқлолияти кишвари мо аҳамияти хосса доранд, зеро дар шароити бунёди давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар баробари меъёрҳои байналмилалии давлатдории муосири мо анъанаҳои арзишманди тарбиявию ахлоқиро низ бояд ҳамчун унсури ғояи миллӣ истифода бурд. Ҳамин тариқ, аз таҳлили мухтасари ақидаҳои тарбиявии Ибни Сино ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки он муҳимтарин масоили илми ахлоқро дар бар гирифта, ҷавҳари андешаҳои тарбиявии ӯ ба ҷараёни таълиму тарбия робитаи ногусастанӣ дорад. Ҳавасмоҳ Бобошоева китобдори китобхонаи МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р. А.» 0 3 Мубодила кардан