МУНОСИБАТ БО ПАДАРУ МОДАР ВА ДИГАР АЪЗОЁНИ ОИЛА 0 3 Мубодила кардан Аксари калонсолон падару модар мебошанд ва шабонарӯзӣ нақши ниҳоят муҳимро иҷро мекунанд. Баъзе аз волидайн барои иҷрои ин нақш солҳо омодагӣ гирифтаанд, гурӯҳи дигар баъд аз падар ё модар шудан ба моҳияти он сарфаҳм мераванд. Бояд қайд кард, ки дар корҳои тарбиявӣ низ вобаста аз он ки таҷрибаи зиёди илмӣ педагогӣ ва амалӣ андӯхта шудааст, системаҳои комили тарбия, равия ва барномаҳо мавҷуданд, ҳар як оила иштирокчии раванди тарбия метавонад роҳу равиши хос, низоми махсуси худро дошта бошад, падару модарон вазифаҳои гуногуни тарбиявиро иҷро менамоянд ва ин аз нақшҳои иҷтимоии онҳо вобаста аст. Худро падар ё модар эҳсос намудан раванди мураккабе мебошад, ки одатан арзёбии моҳияти зиндагӣ арзишҳо, саъю кӯшишҳо ва самту тамосҳоро талаб мекунад. Эҳтироми падару модар ва дигар аъзоёни оила яке аз шартҳои муҳими пойдории оила, таъмини оромиву осудагӣ, муҳити солиму фазои хушбинона дар оила мебошад. Аз ин рӯ, арусу домод падару модари ҳамдигарро дӯст доранд, маслиҳатҳои муфиди онҳоро сармашқи зиндагӣ ва рӯзгори хеш қарор диҳанд. Агар оила солим набошад, ҳеҷ вақт оила пойдор намемонад. Ҷавонон дар назди падару модар бо эҳтиром ҳарф зада, кӯшиш кунанд, ки бо сухан ва ё амалу рафтори ноҷое хотири онҳоро озурда нагардонанд. Аз калонсолон барои пешбурди зиндагии оилавӣ маслиҳату машварат пурсида, андешаҳои онҳоро, ки аз таҷрибаи рӯзгор баҳраваранд, баҳри рафъи мушкилоти оилавии худ истифода баранд. Аммо дар зиндагӣ гоҳе чунин ҳам мешавад, ки осмони софи оилавиро абрҳои тираи хусумату моҷароҳо фаро мегиранд ва зиндагии ширини тамоми аҳли оиларо талх мегардонанд. Сабаби ин моҷаро ва хусуматҳо одатан аз муносибатҳои арусу хушдоман оѓоз меёбанд. Донишманди тоҷик Аҳмади Дониш дар ин бобат дар рисолаи «Дар одоби никоҳ ва баёни хусумати модаршӯ» гуфтааст: Модар муддаии ин аст, ки «фарзанд қитъаи гӯште заифу оҷиз буд, ки ба саъю таваҷҷуҳ ва тарбияти ман рушду камол ёфта ва басе айёми мутавотир,(пайиҳам) ва аъвоми мутаоқиб (солҳои пайдарпай) шабҳо ба рӯз ва рӯзҳо ба шаб овардаам ва дар тарбияташ хунҳо ошомидам ва барои талаб ва хавфи талаби ӯ басо ба кӯчаю бозор давида. Ҷазои ин эҳсон ҷуз ин нест, ки саранҷом фатқу ратқи (идоракунӣ) мақоми фарзанд ба дасти ихтиёри ман бошад ва ӯ бесавобдид ва маслиҳати ман набояд, ки даме об биёшомад. Бояд гуфт, ки инкишофи ҳиссӣ ба ахлоқи зан — модар вобастагӣ дорад. Дар хона маҳз зан муҳити ҳиссӣ — эмотсионалиро фароҳам меоварад, эҳтиёҷоти ҳаррӯзаи фарзандонро қаноатманд месозад ва ба онҳо расму русумҳои оилавиро меомӯзонад. Нақши падар дар раванди тарбияи оилавӣ махсус аст. Муҳаққиқ Э. Фром зимни таҳқиқи психологӣ ба чунин хулоса меояд, ки падар барои фарзандон ҷаҳони фикру андеша, қонун ва низому интизомро пешкаш менамояд. Ӯ таъкид мекунад, ки падар барои фарзандон дар инкишофу рушди ӯ лозим аст. Падарон тарбиятгирандагони асосии интизом ва мустақилияту оромӣ ва бехатарӣ дар оила аст. Набудани мард дар хона ба ташаккули шахсияти кӯдак таъсири нохушоянду ногувор дорад. Гузашта аз ин, бо сабаби рафторҳои нодурусти модар имкон дорад, ки маҷмӯи сифатҳои нохушоянду номатлуб дар фарзандон пайдо шаванд. Масалан, кӯдак шояд чунин фикр кунад, ки маҳз ӯ сабаби аз хона рафтани падар гаштааст, яъне ҳисси гунаҳкорӣ дар ӯ ба амал меояд. Ҳар як инсон барои инкишофи дурусту муносиб ба меҳру муҳаббати падару модар ниёзманд аст. Ба қавли В. Сухомлинский дар оилаҳое, ки муносибати ҳамсарон мусолиҳатомезу муносиб аст, роҳ барои фарзандон ҳамеша боз аст. Дар ин оила эътимоду боварӣ бо зебогиҳои инсоният ва ороишу амнияти ботинӣ зиёд аст. Онҳо ба ҳар чӣ, ки ѓайриахлоқӣ ё зиддииҷтимоӣ аст, оштинопазирона муносибат мекунанд. Дар масъалаи ҳурмату эҳтироми калонсолон Фаридуддини Атор чунин гуфтааст: Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз, То азизи дигарон бошӣ ту низ. Фарзандоне, ки дар асоси анъанаҳои неки миллӣ ва панди бузургон тарбия ёфтаанд, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, эҳтироми калонсолон самимият ва қадрдонӣ ба камол мерасад. Ҳофизи Шерозӣ дар ин радиф мефармояд: Пирон сухан зи таҷриба гӯянд, гуфтамат, Ҳон, эй писар, ки пир шавӣ, панд гӯш кун. Муносибат ва рафтори наку беҳтарин роҳ барои хушбахтӣ, эҳтироми волидайну зану шавҳар, бартараф намудани муноқишаю моҷароҳои оилавӣ аст. Бо меҳру муҳаббати хосса арҷ гузоштан ба хирад ва кирдориҳои шоистаю накуӣ ҳар як аъзои оила падидаи хуб аст. Бобоева Низорамо омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» 0 3 Мубодила кардан