ТАЪСИРИ МУҲИТИ СОЛИМИ ПСИХОЛОГӢ БА ҲАЁТИ ЭМОТСИОНАЛИИ КӮДАКОН 0 4 Мубодила кардан Масъалаи рушди ҳаёти эмотсионалии кӯдакон дар замони имрӯза яке аз масъалаҳои муҳим ва доимии фарҳанг ва ҷамъият мебошад. Барои беҳтар кардани муҳити муосири таълимию тарбиявии кӯдакон аз ҷониби роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои бисёр ба харҷ дода мешаванд. Тавассути бештар намудани шумораи боғчаҳои кӯдакон шумораи бештари кӯдакони синни томактабиро ба таълиму тарбия ҷалб карда мешаванд. Зеро, дастовардҳои илмӣ нишон медоданд, ки ташкили дурусти таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ дар боғчаи кӯдакон боиси рушд намудани сифатҳои беҳтарин дар шахсияти насли наврас мешавад. Мутахассисон соҳибмаълумоти боғчаи кӯдакон бо истифода муҳити солими психологӣ метавонанд ба ҳаёти эмотсионалии насли наврас таъсири муфид расонда, дар кӯдакони хислатҳои мусбии психологиро ташаккул диҳанд. Ҳиссиёт ва эмотсия шакли махсуси инъикос намудани олами воқеӣ аз тарафи кӯдак буда, ифодакунандаи муносибати кӯдак нисбат ба кӯдакҳои дигар ва олами иҳотакарда мебошад. Ахборотҳои зиёдеро узвҳои ҳиссии кӯдак ҳар замон аз олами иҳотакарда мегиранд ва ин маълумотҳо кӯдакҳоро бефарқ намегузоранд. Ҳодисаҳо, ҳар як образе, ки кӯдак ба хотир меорад ва дар бораи онҳо фикр мекунад ҳиссиётҳои гуногун (тарсу ҳарос, асабонишавӣ, ташвиш, ғаму андуҳгинӣ, ба шубҳа афтодан, ҳайрат, нобоварӣ ва дигар ҳолатҳои эмотсионалӣ) — ро ба вуҷуд меорад. Эмотсияро олимони соҳаи психология ҳамчун шакли азсаргузаронии ҳиссиёт баҳо медиҳанд. Ҳисси ифтихормандӣ, ба боварии рафиқон сазовор гардидан, ҳисси қарзи виҷдон ва хурсандӣ ҳиссиётҳои азсаргузаронандаест, ки барои иҷрои ягон амал кӯдакҳоро сафарбар месозад. Аз тарафи дигар ҳиссиёти тарсу ҳарос, ранҷиш, рашк, кӯдакҳоро фалаҷ гардонида, самаранокии фаъолияти таълимӣ, ба вазъи саломатӣ ва меҳнатии ӯ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, рушди ҳиссиётҳои олии кӯдакҳо вазифаи рӯзмарраи психологҳо, сотсиологҳо ва педагогҳо мебошад. Мақолаи мазкур ба таҳқиқи ҳаёти эмотсионалӣ ва рушди ҳиссиётҳои олии кӯдакон равона шудааст, ки ба ҳар як фарди ҷомеа таъсирбахш мебошад. Масъалаи ҳаёти эмотсионалӣ ва рушди ҳиссиётҳои олии кӯдакон дар тарбияи насли рӯҳан солим нақши муҳим мебозад. Ҳиссиёт ва эмотсия намуди махсуси аз тарафи кӯдакон инъикос намудани олами воқеӣ буда, муносибати кӯдаконро нисбат ба олами иҳотакарда ифода мекунад. Мувофиқи дастовардҳои психологӣ узвҳои ҳиссии кӯдакон ҳар замон аз олами иҳотакарда ахборотҳои зиёдеро мегирад ва ин ахборотҳо кӯдакон бефарқ намегузоранд. Ҳар як образ, ҳодисаҳое, ки кӯдакон ба хотир меорад ва дар бораи онҳо фикр мекунад ҳиссиётҳои ҳархела (тарсу ҳарос, ғаму андуҳ, ҳайрат, нобоварӣ, шарму ҳаё, асабонӣ ва дигар эмотсияҳоро) ба вуҷуд меорад. Дар бавуҷудоии ҳиссиёт, эмотсия ва фаъолияти ҷоришавии онҳо нақши нутқ хеле калон аст. Ҳангоми суханрони ҳолатҳои азсаргузаронии кӯдакон зоҳир мешавад, ки ҳиссиёту эмотсияи ӯро дигарон фаҳмида мегиранд. Дар синни томактабӣ дар мазмун ва намудҳои ҷоришавии ҳиссиёту эмотсияи кӯдакон тағйиротҳои муайян ба вуҷуд меояд. Ҳиссиёту эмотсияҳои пештар азсаргузаронида (ҳисси қаноатмандӣ аз суҳбати калонсолон, ҳамҳиссӣ ба ҳамсолон) чуқур, устувор, равшан, ҳархелаю рангоранг мешавад. Ҳатто, ҳиссиёту эмотсияи ҳамҳиссӣ ба рафоқат ва ба намуди ибтидоии дустӣ сабзида мерасад. Мувофиқи таҳқиқотҳои психологӣ дар синни томактабӣ ҳиссиёту эмотсияҳои наве, ки то ин вақт мушоҳида намешуд ба монанди ҳиссиётҳои олӣ: ақлӣ, ахлоқӣ, зебоипарастӣ пайдо мешаванд. Ҳиссиёту эмотсияи ақлии кӯдакон ҳангоми шунидани афсонаю ҳикояҳо, аз ёд кардани шеър, тамошои барномаҳои телевизонию филмҳои тасвирӣ, сайругашт дар табиат, тамошои боғи ҳайвонот, дар рафти машғулиятҳои таълимии боғчаи бачаҳо ва ғайра рушд меёбад. Гарчанде, ки кӯдакон мазмуни афсонаю ҳикояи шунидаашонро ба пуррагӣ дарк накунанд ҳам, дар рафти шунидани он бо калонсолон суҳбати нутқӣ барқарор мекунанд, ки аз он қаноатмандиро ҳис мекунанд. Бинобар ин кӯдакон аз калонсолон хоҳиш мекунанд, ки як афсонаю ҳикояро як чанд маротиба такрор кунанд . Кӯдакони давраи калони томактабӣ ва омодагӣ ба мактаб ба мазмуни афсонаю ҳикоя, ҳикояи шунидаашон сарфаҳм мераванд, онро аз нав нақл мекунанд, тақдири каҳрамонҳо онҳоро бе фарқ намегузорад. Дар синни томактабӣ ҳаваси маърифатии кӯдакон нисбати ҳайвону паррандаҳо, хазандаҳо зиёд мешавад. Агар кӯдакон ҳангоми бо ҳайвону паррандаҳо шинос шудан ба ҳаракату рафторҳои онҳо хисси таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, таваҷҷуҳи кӯдакони давраи калони томактабиро намуд, сохти аъзои бадан (рӯй, панҷа, дум, чашму муйлаб) ва овозу амали хӯроккобии онҳо ба худ ҷалб мекунад. Дар ин давраи синнусоли кӯдакон кӯшиш мекунанд, ки нисбати ҳайвону паррандаҳо ғамхорӣ зоҳир намоянд, барои онҳо лонаю хона созанд, дон диҳанд ва ғайра. Ҳиссиёту эмотсияҳои азсаргузаронидаи кӯдакон дар саволҳои бешумори онҳо мушоҳида мешавад. Онҳо дар бораи ашёю ҳодисаҳои олами иҳотакарда, хусусияти ҳайвону паррандаҳо, растанию ҳодисаҳои табиат маълумотҳои нав гирифта, дониш, тасаввурот ва ҷаҳонбиниашонро бой мегардонанд. Дар баробари ин, мазмун ва мундариҷаи афсонаҳо ба рушди ҳиссиёту эмотсияи кӯдакон таъсири муҳим мерасонад. Асосан афсонаҳое, ки дар ибтидои онҳо қаҳрамонҳои манфӣ нисбати дигарон зулму ситам мекунанд, вале дар интиҳо қувваҳои адолатхоҳ, қаҳрамонони мусбии афсонаҳо бо кӯшишу ғайрати худ, бо меҳнату фаъолии худ, бо меҳру муҳаббати инсонии худ, бо дӯстию рафоқати худ қодир мешаванду ғолиб мебароянд. Ин гуна мазмун ва мундариҷаи афсонаҳоро шунида, дар кӯдакон хислатҳои мусбӣ ба мислӣ нотарсӣ, боғайратӣ, меҳнатдӯстӣ, фаъолӣ, меҳрубонӣ, инсондӯстӣ ва ғайра ташаккул меёбанд. Барои ташкили дурусти илмии раванди таълиму тарбияи кӯдакони синну соли томактабӣ бо ҳамкорӣ бо муррабияҳои боғчаи кӯдакон кушиш ба харҷ дода шуд, ки тавассути ташкили муҳити солими психологӣ ва афсонахонӣ дар кӯдакон хислатҳои мусбӣ ба мислӣ нотарсӣ, боғайратӣ, меҳнатдӯстӣ, фаъолӣ, меҳрубонӣ, инсондӯстӣ ва ғайра ташаккул дода шавад. Барои ба мақсади гузошташуда расидан афсонаҳое интихоб карда шуданд, ки мазмун мундариҷаи онҳо диққатҷалбкунанда ва ташаккулдиҳандаи хислатҳои мусбии психологӣ ба мислӣ нотарсӣ, боғайратӣ, меҳнатдӯстӣ, фаъолӣ, меҳрубонӣ, инсондӯстӣ ва ғайра шаванд. Аз тарафи дигар, дар раванди мащғулиятҳои тарбиявӣ – афсонахонӣ аз муррабияҳо хоҳиш карда шуд, ки танҳо ба воситаи муоширати руҳбаландкунанда ва таърифнамоӣ диққати кӯдаконро ба машғулият ва мазмуни афсонаҳои хондашаванда дӯзонанд. Ҳамин тавр, бо мақсади омӯхтани ҳаёти ҳиссиёту эмотсия дар кӯдакон рӯ ба методҳои омӯзишии психологӣ оварда шуд. Боиси қайд аст, ки бо истифода аз методи анкета мо наметавонем, ҳаёти ҳиссиёту эмотсияи кӯдаконро таҳқиқ намоем, зеро онҳо имконияти хондани саволҳои гузошташударо надоранду ба саволҳо ҷавоби дуруст дода наметавонанд. Истифодабарии методи озмоиш ва тестҳо ҳам як қатор мушкилиро пеш меоварад, зеро кӯдакон то ба дараҷаи зарурӣ омода нестанд, ки ҳар гуна тестҳоро иҷро намоянд. Бинобар ин, ягона методе, ки ба дараҷаи зарурӣ имкон медиҳад ҳиссиёту эмотсияро дар кӯдакон таҳқиқ намоем ин методи мушоҳида мебошад. Мушоҳида ҳамчун методи омӯзиши ҳиссиёт ва эмотсияи кӯдакон дар илми психология ба таври васеъ истифода мешавад. Дар рафти мушоҳида баъзан зарурати он пайдо мешавад, ки мушоҳидаро дар ҳолатхои ҳархела истифода барем. Ҳангоми гузаронидани мушоҳида мо дар бораи ҳаёти психикии озмудашаванда ва махсусан ҳодисаи психикие, ки онро санҷидан мехоҳем маълумот гирд оварем. Дар як ҳолати муайян зоҳиршави ҳодисаҳои психикӣ сурат мегирад ва ҳаёти руҳии инсон бе ниҳоят пурмуаммо аст. Маҳз аз ҳамин сабаб омӯзишчӣ имконияти яку якбора донистани психикаро надорад. Барои хулосабардории дуруст намудан аз натиҷаи ҳама гуна омӯзиш дар илми психология аз усули таҳлилу таркиби сифатӣ ва миқдорӣ истифода мебаранд. Барои таҳлилу таркиби сифатӣ ва миқдорӣ намудан бояд малумоти муайяне доир ба зуҳуроти ҳодисаи мушаххаси психикӣ дошта бошем. Аз ин лиҳоз, ҳангоми мушоҳида зуҳуроти ҳодисаҳои психикӣ дар рафтори кӯдакон ба қайд гирифта мешаванд. Вобаст ба ҳолате, ки дар он методи мушоҳида истифода мешавад ва мақсади мушоҳида аз тарзҳои гунонуни қайди маълумот истифода мебаранд. Бо истифода аз барномаи тартибдодаамон, бо мақсади мушоҳида намудани рушди ҳиссиёту эмотсия дар кӯдакон омӯзишамонро дар боғчаи бачаҳои шаҳри Кӯлоб гузаронидем. Барои нишон додани раванди рушди ҳиссиёту эмотсия дар кӯдакон мо матлаб доштем, ки омӯзиши худро дар моҳҳои сентябр ва октябри соли 2024 ва февралу марти соли 2025 гузаронем. Мувофиқи барномаи мушоҳидаамон дар мади аввал таваҷҷуҳи мо ба масъалаи «Кӯдакон дар ҳолатҳои эмотсионалии ҳархела (хурсандӣ мекунад, ғаму андуҳгин мешавад, ҳамҳиссӣ мекунад ва ғайра) қарор дорад» равона шуд. Натиҷаҳоро таҳлилу таркиб карда маълум гардид, ки дар ибтидои омӯзиш танҳо 32,1 % кӯдакон метавонистанд, ки вобаста аз ҳолат дар ҳолатҳои эмотсионалии ҳархела қарор дошта бошанд: хурсандӣ кунанд, ғаму андуҳгин шаванд, ҳамҳиссӣ кунанд ва ғ. Масалан, дар ҳолати хурсандӣ хурсандӣ менамуданд, дар ҳолате, ки боиси ғаму андуҳгинӣ аст, ғаму андуҳгин мешуданд ва агар ягон кӯдакон ашкрезонӣ кунад, вайро ором карда, ҳамҳиссӣ мекунанд. Баъди шаш моҳ дар боғчаи бачаҳо бо истифода аз муҳити солими психологӣ тарбия гирифтанашон, яъне дар қисмати дуюми омӯзиш моҳҳои январ ва феврали 2025 дарк карда шуд, ки ақалияти онҳо (58,7 %) метавонистанд, ки вобаста аз ҳолат дар ҳолатҳои эмотсионалии ҳархела қарор дошта бошанд: хурсандӣ кунанд, ғаму андуҳгин шаванд, ҳамҳиссӣ кунанд ва ғайра Дар охири омӯзиш кӯдаконе пайдо карда нашуданд, ки ҳолатҳои эмотсионалии онҳо ҳамеша якранг бошад: ё ҳамеша хурсандӣ мекунанд, ё ҳамеша ғаму андуҳгин ҳастанд ва ғайра. Ин ҳама маълумотҳо исбот мекунанд, ки аз нигоҳи ҳиссиёту эмотсия кӯдакон дар давоми дар боғчаи бачаҳо буданашон ва дар муҳити солими психологӣ тарбия гирифтанашон ҳаёти эмотсионалиашон рушд кард. Мувофиқи барномаи мушоҳида дар мадди дуюм ба масъалаи «Кӯдак бо ҳамтарбиягирандашон суҳбат мекунад, тайёр аст, ки ба онҳо чизҳои худ (бозича, хӯрок ва ғайра) – ро диҳад, ба ҳамтарбиягирандаш ёрӣ медиҳад, агар ҳамтарбиягирандаш ғаму андуҳгин бошанд, тасалло мерасонад» равона шуд. Натиҷаҳоро таҳлилу таркиб карда маълум гардид, ки дар ибтидои омӯзиш танҳо 30,1 % кӯдакон метавонистанд, ки бо ҳамтарбиягирандаашон суҳбат кунанд, тайёранд, ки ба онҳо чизҳои худ (бозича, хӯрок ва ғайра) – ро диҳанд, ба ҳамтарбиягирандаашон ёрӣ диҳанд, агар ҳамтарбиягирандаашон ғаму андуҳгин бошанд, тасалло диҳанд. Баъди шаш моҳ дар боғчаи бачаҳо тарбия гирифтанашон ва дар муҳити солими психологӣ тарбия гирифтанашон, яъне дар қисмати дуюми омӯзишамон моҳҳои январ ва феврали 2025 мо дарк карда шуд, ки ақалияти онҳо (61,8 %) метавонистанд, ки бо ҳамтарбиягирандаашон суҳбат кунанд, тайёранд, ки ба онҳо чизҳои худ (бозича, хӯрок ва ғайра) – ро диҳанд, ба ҳамтарбиягирандаашон ёрӣ диҳанд, агар онҳо ғаму андуҳгин бошанд, тасалло медиҳанд. Дар охири омӯзиш кӯдаконе пайдо карда нашуд, ки бо ҳамтарбиягирандаашон суҳбат намекунад, ба онҳо чизҳои худ (бозича, хӯрок ва ғайра) – ро намедиҳад, ба ҳамтарбиягирандаашон ёрӣ намедиҳад, агар онҳо ғаму андуҳгин бошанд, тасалло намерасонад. Ин ҳама маълумотҳо боз ҳам нишонаи аз нигоҳи ҳиссиёту эмотсия дар ин муддат рушд ёфтани кӯдакон аст. Мувофиқи барномаи мушоҳида дар мадди дигар таваҷҷуҳ ба масъалаи «Кӯдак ба тартибот ва дастурамалҳо риоя мекунад, инҷиқӣ ва асабишавӣ нишон намедиҳад» равона шуд. Натиҷаҳоро таҳлилу таркиб карда маълум гардид, ки дар ибтидои омӯзиш 73,1 % кӯдакон метавонистанд, ки тартибот ва дастурамалҳоро риоя кунанд, инҷиқӣ ва асабишавӣ нишон намедоданд. Баъди шаш моҳ дар боғчаи бачаҳо буданашон ва дар муҳити солими психологӣ тарбия гирифтанашон, яъне дар қисмати дуюми омӯзишамон моҳҳои январ ва феврали 2025 дарк карда шуд, ки ақалияти онҳо (86,3 %) метавонистанд, ки тартибот ва дастурамалҳоро риоя кунанд, инҷиқӣ ва асабишавӣ нишон надиҳанд. Дар охири омӯзиш кӯдаконе пайдо карда нашуд, ки тартибот ва дастурамалҳоро риоя накунад, инҷиқӣ ва асабишавӣ нишон диҳанд. Ин ҳама маводҳо аз он хусус дарак медиҳанд, ки аз нигоҳи ҳиссиёту эмотсия кӯдакон дар ин муддати муҳити солими психологӣ тарбия гирифтанашон рушд ёфтанд. Мувофиқи барномаи мушоҳида дар мадди дигар таваҷҷуҳ ба масъалаи «Кӯдак кунҷкоб аст, бозичаҳои нав, китобча ва бозиҳо таваҷҷуҳи ӯро ҷалб мекунанду хурсанд мешавад, ӯ саволҳо медиҳад» равона шуд. Натиҷаҳоро таҳлилу таркиб карда маълум гардид, ки дар ибтидои омӯзиш 46,8 % кӯдакон кунҷкобанд, бозичаҳои нав, китобча ва бозиҳо таваҷҷуҳи онҳоро ҷалб мекунанду хурсанд мешаванд, онҳо саволҳо медиҳанд. Баъди шаш моҳ дар боғчаи бачаҳо дар муҳити солими психологӣ тарбия гирифтанашон, яъне дар қисмати дуюми омӯзишамон моҳҳои январ ва феврали 2025 дарк карда шуд, ки ақалияти онҳо (62,3 %) кӯдакон кунҷкобанд, бозичаҳои нав, китобча ва бозиҳо таваҷҷуҳи онҳоро ҷалб мекунанду хурсанд мешаванд, онҳо саволҳо медиҳанд. Маводҳои бадастоварда нишон медиҳанд, ки аз нигоҳи ҳиссиёту эмотсия кӯдакон дар муҳити солими психологӣ тарбия гирифтанашон рушд ёфтанд. Мувофиқи барномаи мушоҳида дар мадди дигар таваҷҷуҳ ба масъалаи «Табъи кӯдак хуш аст, таваҷҷуҳашро мутамарказ карда метавонад, ба ӯ муддати дарози вақт ба ягон фаъолияти мушаххас машғул будан осон аст» равона шуд. Натиҷаҳоро таҳлилу таркиб карда маълум гардид, ки дар ибтидои омӯзиш 21,8 % кӯдакон табъи хуш доранд, таваҷҷуҳашонро мутамарказ карда метавонанд, ба онҳо муддати дарози вақт ба ягон фаъолияти мушаххас машғул будан осон аст. Баъди шаш моҳ дар боғчаи бачаҳо буданашон ва дар муҳити солими психологӣ тарбия гирифтанашон, яъне дар қисмати дуюми омӯзишамон моҳҳои январ ва феврали 2025 дарк карда шуд, ки ақалияти онҳо (62,2 %) табъи хуш доранд, таваҷҷуҳашонро мутамарказ карда метавонанд, ба онҳо муддати дарози вақт ба ягон фаъолияти мушаххас машғул будан осон аст. Дар охири омӯзиш кӯдаконе пайдо карда нашуд, ки табъи онҳо хуш набошад, таваҷҷуҳашон парешон бошад, ба онҳо муддати дарози вақт ба ягон фаъолияти мушаххас машғул будан душвор бошад. Ин ҳама маълумотҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки кӯдакон дар муҳити солими психологӣ тарбия гирифтанашон аз нигоҳи ҳиссиёту эмотсия дар ин муддат рушд ёфтанд. Мувофиқи барномаи мушоҳида дар мадди дигар таваҷҷуҳ ба масъалаи «Кӯдак ҷангҷуй нест, аз нокомиҳои дигарон хурсанд намешавад, дигар кӯдаконро озор намедиҳад» равона шуд. Натиҷаҳоро таҳлилу таркиб карда маълум гардид, ки дар ибтидои омӯзиш 43,8 % кӯдакон ҷангҷуй нестанд, аз нокомиҳои дигарон хурсанд намешаванд, дигар кӯдаконро намезананд. Баъди шаш моҳ дар боғчаи бачаҳо дар муҳити солими психологӣ тарбия гирифтанашон, яъне дар қисмати дуюми омӯзиш моҳҳои январ ва феврали 2025 дарк карда нашуд, ки ақалияти онҳо (65,3 %) ҷангҷуй нестанд, аз нокомиҳои дигарон хурсанд намешаванд, дигар кӯдаконро намезананд. Ин маълумотҳо нишон медиҳанд, ки кӯдакон дар муҳити солими психологӣ тарбия гирифтанашон аз нигоҳи ҳиссиёту эмотсия рушд ёфтанд. Дар мадди дигар таваҷҷуҳ ба масъалаи «Кӯдак ором аст, бе асабишавӣ навбати худро дар бозӣ, ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ ва ғайра ба осонӣ интизор шуда метавонад» равона шуд. Натиҷаҳоро таҳлилу таркиб карда маълум гардид, ки дар ибтидои омӯзиш 26,2 % кӯдакон ором мебошанд, бе асабишавӣ навбати худро дар бозӣ, ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ ва ғайра ба осонӣ интизор шуда метавонанд. Баъди шаш моҳ дар боғчаи бачаҳо буданашон ва дар муҳити солими психологӣ тарбия гирифтанашон, яъне дар қисмати дуюми омӯзиш моҳҳои январ ва феврали 2025 дарк карда шуд, ки ақалияти онҳо (65,3 %) ором мебошанд, бе асабишавӣ навбати худро дар бозӣ, ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ ва ғайра ба осонӣ интизор шуда метавонанд. Дар охири омӯзиш кӯдаконе пайдо карда нашуд, ки ором нестанд, бо асабишавӣ навбати худро дар бозӣ, ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ ва ғайра ба душворӣ интизор мешаванд. Ин ҳама маълумотҳо нишон медиҳанд, ки дар муҳити солими психологӣ тарбия гирифтанашон аз нигоҳи ҳиссиёту эмотсия кӯдакон дар ин муддат рушд ёфтанд. Мушоҳидаҳои карда шуда ва таҳлилу таркиби маводҳои бадастоварда нишон медиҳанд, ки дар давоми шаш моҳи омӯзиши гузаронидашуда кӯдакони дар боғчаи бачаҳо дар муҳити солими психологӣ тарбия гирифтанашон аз нигоҳи эмотсионалӣ ва иҷтимоӣ рушд меёбанд. Ин ҳама маълумотҳои бадастоварда аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷомеа қодир аст, ки ҳаёти эмотсионалии кӯдаконро омӯзаду рушд диҳад. Сафарзода Ф.Р. Сардори шуъбаи таълимӣ МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” 0 4 Мубодила кардан