Яке аз масъалаҳои муҳим ва сарнавиштсоз барои ҳар як ҷомеа таълиму тарбияи насли наврас мебошад. Зеро маҳз ҷавонону наврасон ояндаи давлатро муайян месозанд. Агар тарбия дурусту солим бошад, ҷомеа пеш меравад. Агар тарбия нодуруст бошад, миллат аз маънавиёт ва арзишҳои худ дур мемонад. Дар тарбияи фарзанд пеш аз ҳама оила нақш мегузорад ва ташаккули хислатҳои баду неки фарзанд аз оила ибтидо мегирад. Бинобар ин, ҳар як падару модар дар тарбияи фарзанд масъулияти бузургеро ба уҳда доранд. Таълиму тарбияи дурусти фарзанд ин масъулияти бузургеро талаб мекунад, ки дар ин бобат волидайн бояд хело ҳам масъулиятшинос бошанд. Яке аз вазифаҳои муҳиме, ки ба уҳдаи онҳо вогузор аст, ин фароҳам овардани шароити моддӣ молияваӣ ва инчунин инкишоф додани зеҳни кӯдак, яъне бою рангин гардонидани тахаюлоти маӣнавии онҳо мебошад. Фаромуш набояд кард, ки дар таълиму тарбияи духтар назар ба писар моро мебояд, хело ҳам мулоҳиза кор бошем, чунки дар урфият мегуянд агар духтар маълумотнок бошад, миллат маълумотнок мешавад, чунки асосан зиндагӣ фарҳанги мо аз модар сарчашма мегирад. Бинобар ин волидайнро мебояд, ки ба таълиму тарбияи духтар аҳмияти ҷидди ва хоса диҳанд.
Аммо илми педагогика собит менамояд, ки тарбия аз рӯи мақсаду вазифа ва мазмуну мундариҷа нисбат ба таълим муқадастару васеътар аст. Бо мақсади боз ҳам равнақ додани системаи тарбияи насли наврас, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.03.2006 №94 Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Консепсияи миллии тарбия сиёсати кунуни ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеъи аҳоли, махсусан насли наврас, муайян месозад.
Муҳим будани тарбияи одоб ва ахлоқ қисми асосии системаи тарбияи ҷавононро ташкил медиҳад. Он дар оила ва кӯдакистонҳо шурӯъ шуда, домани худро дар мактаб фарохтар месозад.
Тарбияи аввалин аз оила оғоз меёбад. Модару падар нахустин муаллимони кӯдаканд мактаб бошад, давомдиҳандаи ин раванд аст. Омӯзгорон, китоб, муҳити синф-ҳамааш дар ташаккули фикр, ахлоқ ва ҷаҳонбинии наврасон нақши муҳим доранд. Имрӯз муҳим аст, ки насли наврас бо меҳнатдӯстӣ, ватанпарварӣ, эҳтиром ба калонсолон, илмомӯзӣ ва ахлоқи нек тарбия ёбад. Танҳо шахси боодобу донишманд метавонад дар оянда барои ҷомеа фоидаи худро расонад. Имрӯз технологияҳои нав, шабакаҳои иҷтимоӣ ва муҳити беруна метавонанд ба тарбия таъсири манфӣ расонанд. Падару модарон бо мактаб бояд доимо робита дошта бошанд, донишандӯзӣ ва иштироки фарзандро дар раванди таълим назорат карда, бо омӯзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ оид ба таълими фарзанд мунтазам ҳамкорӣ намоянд. Гарчанде фарзанд дар оила ва муассиса рафтору кирдори намунавӣ дорад, берун аз он бо рафиқону ҳамсабақонаш ногаҳон ба корҳои ғайриахлоқӣ даст мезанад, ки дар ин маврид назорати қатъӣ аз ҷониби падару модарон лозим аст, ки то аз ин омили манфӣ фарзандонро канорагирӣ намоянд. Бархе падару модарон нисбат ба тарбияи фарзандон бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд, ки оқибат ба миён омадани амалҳои номатлуб ва ба ҷиноят даст задани онҳо мегардад, санги маломат бар сари онҳо ва омӯзгор мезанад, ки онҳоро аз таълиму тарбия дур гузоштаанд.
Аслан таълиму тарбия ду муҳитро дар бар мегирад, хона ва мактаб. Агар фарзандро аз хона дуруст тарбия намуда, таҳкурсии ахлоқу одобӣ ӯро нисбат ба ҷомеа дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ равона созем, пас ӯ чӣ дар мактаб ва чӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ин ҷиҳат тарбия ёфта, нисбат ба ҳамсабақонаш пешсаф гашта, ба амалҳои номатлуб даст нахоҳад зад. Оиди ҷалб намудани наврасон ба варзиш, бурдани тарзи ҳаёти солим, донишомӯзиву хониши хубу аъло, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан, дурӣ ҷустан аз рафиқону ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ даст назадан мебошад. Барои ҳамин, вазифаи волидайн ҳидояту назорат ва роҳнамоии дуруст аст. Таълиму тарбияи дуруст калиди пешрафт ва бақои миллат аст. Агар имрӯз ба наврасон аҳмият диҳем, фардо ҷомеаи пешрафтаву обод хоҳем дошт.