НАҚШ ВА МАҚОМИ ОИЛА ДАР ҶОМЕА

0 2

«Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонй, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.»

                                             Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз дар ҳама давлатҳои ҷаҳон вобаста ба асосҳои бунёдй ва таъсири ба андоза бузурги оила барои тарбияи пасли инсонӣ, роҷеъ дар мавриди арзишмандии масъалаҳои оилавй, таъсир ва нақши он дар ташаккули ҷомеа андешаҳои худро иброз медоранд. Ҷомеаи тоҷик низ, ки бори асолати худро дар ҳама набардҳои таърихӣ ҳифз ва бардошт намудааст, ба ин масъала бетафовут набуда, оиларо ҳамчун ниҳоди муҳимми ҷомеа азиз ва муътабар медонад ва тарбияи хонаводагиро ба сифати унсури муҳимми ин ниҳод муҳим арзёбӣ мекунад. Ба чунин сурат ва мақом қарор доштани ин унсури муҳим, ки барои ташаккули ҳамаҷонибаи ҷомеаи инсонй таъсири амиқ дорад бесабаб нест. Маҳз бо назардошти муҳиммияти масъала, ки метавонад барои солимии ҷомеа таъсири амиқ гузорад, бо ибтикор ва ташаббуси сарвари кишварамон Эмомалй Раҳмон «Соли 2015 — соли оила» эълон гардид. Дар ин росто пайгирй намудан аз арзишҳои судманди фарҳангҳои ҷаҳонй, ки метавонанд барои инкишофи ҷомеаи солим таъсир расонад хеле муҳим аст. Илова бар он омӯзиш ва баррасии фарҳанги бою рангини мо тоҷикон дар мавриди тарбияи хонаводагй метавонад дар самти солимии ҷомеаи муосир низ нақши созандаро мебозад.

Сарвари давлат Эмомалй Раҳмон бо ёдоварй аз сабабхои Соли оила эълон намудани соли 2015, аз ҷумла таъкид дошт, ки бе назорати дуруст тарбия наёфтан, аз мактаб дур мондан ва аз муҳити тарбияи хонавода ва ҷамъият берун шудан боне гардидааст, ки иддае аз наврасону ҷавонон ва занону духтарон ба амалҳои номатлуб даст зада, мақому манзалати оиларо паст мезананд. Муҳиммият ва ин ниҳоди ба ҷиҳати арзиш муҳимро Президенты кшдвар Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳои худ дар ҷаласаҳои чумхуриявй борхо таькнд намудааст.

Мақсади мо дар ин мавзӯъ баррасии масъалаи ба ҷиҳати арзиш хеле муҳим — масъалаи нақш ва мақоми оила дар ҷомеа иборат мебошад. Проблемаҳои оила ва нақши он дар ташаккули ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки ҳамеша дар мадди назари сиёсати давлатҳо новобаста аз дараҷаи тараққиёташон қарор мегирад. Таҷрибаи ҳаётии ҷомеа дар замони муосир аз он шаҳодат медиҳад, ки вайроншавии оилаҳои ҷавон ҳар сари қадам ба мушоҳида мерасад. Ин аз як тараф боиси эҷоди монеаҳои ҳаёти иҷтимоии аҳолӣ гардад, аз тарафи дигар боиси костагии афкори ҷомеа мегардад. Дар ин сурат нисбати ин масъала аҳамият надодан хатои маҳз мебуд.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рисолати таърихии он дар замири осори пурбаҳои мероси ахлоқӣ, фарҳангӣ ва динӣ аз гузашта то ба имрӯз қарор мегирад гузориши масъалаи мазкур ва ё душвориҳои ба миён овардаи он солҳои қаблй кам ба назар мерасид. Инро фаҳмидан мумкин буд, ки дар замони шӯравӣ Тоҷикистон ба қатори он ҷумҳуриҳое дохил мешуд, ки дар он солҳо вайроншавии оила ниҳоят паст буд. Маҳз дар замони муосир вобаста ба омилҳои ҷаҳонишавӣ ва то ҷое дар сатҳи паст қарор доштани омилҳои ахлоқии ҷомеа, ки бо сабаби фоҷиаҳои давраи ҷанги шаҳрвадӣ ба вуҷуд омада буданд, ин падидаи нохуби вайроншавии оилаҳои ҷавон дар кишварамон зиёд ба назар мерасанд. Нигарониҳои Президенты кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба он равона шудаанд, ки ҷомеаи тоҷик ба масъалаи мазкур диққати ҷиддӣ зоҳир намояд ва дар роҳи ҳалли ин масъала аҳли зиёи кишвар аз сиёсати созандаи давлат дастгирй кунанд.

Оиларо аксари олимон муқадцас шуморида, устуворй ва бақои онро дар муносибатҳои неки ҷамъиятӣ мешуморанд. Оила дар маънои умум зербинои ҷамъияти пешрафтаи инсоният шумор рафта, барои давлат ҳисобида мешавад. Оила гаҳвораи инсон, макони нахустини сабзишу парвариши фарзанд аст ва нигоҳубини ин гаҳвора, қабл аз модари солим кӯдаки солим таваллуд мешавад ва аз кӯдаки солим оилаи солим, ҷомеи солим бунёд мегардад.

Масъалаҳои маърифати оиладорй, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад. Маҳз бо назардошти ин тавре’, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалй Раҳмон дар Паёми имсолаашон қайд намуданд: «Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик хамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонй, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳамулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.»

Оила дар маънои умум ин як намуди муттаҳидшавии ихтиёрии марду зан буда, натиҷаи муттаҳид шудан ба он оварда мерасонад, ки фарзандон таваллуд мешаванд ва маҳз онҳо асоси пойдории оилаҳо мебошанд. Оила муносибатҳои зану шавҳарй ва хешутабориро дар бар мегирад.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сарчашмаи қонунҳои кишвар баромад намуда, масъалаҳои алоқаманд ба ҳуқуқи оила ва унсурҳои муҳимми ҳаёти оилавиро баррасй мекунад. Аз думла дар он дар мавриди мардону занон, оила, никоҳ, падару модар, зану шавҳар, фарзандон ва дигар масоили марбут ба оила моддаҳо мавҷуданд. Моддаҳои 33 ва 34 марбут ба оила буда, 2 фоизи Сарконунро ташкил медиҳанд. Моддаи 33-юми Конститутсияи (Сарқонуни) кишвар аз се банд иборат мебошад. Дар банди 1-уми он давлат ухдадор карда шудааст, ки оиларо ҳамчун асоси ҷамъият дар зери ҳимояи худ бигирад. Ҳимоя намудани оила маънои онро дорад, ки давлат нисбат ба модару кӯдак ғамхорй зоҳир намояд, барои таълиму тарбияи кӯдакон шароитҳои мусоидро фароҳам созад, таълимро дар муассисаҳои давлатии таълими дастрас ва ройгон намояд, хангоми бекорй ва пиронсолй кафолатҳои иҷтимой диҳад ва ғайра. Mo худ шоҳиди он ҳастем, ки имрӯз дар кишвар ҳимояи оила аз ҷониби давлат дар дараҷаи олй қарор дорад ва барои рушди оилаҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Банди 2-юми модда, зану шавҳарро дар оиладорй ва бекор кардани акди никоҳ баробархуқуқ мешуморад,_ Дар банди 3-юми ин модда сухан дар бораи бисёрникоҳй меравад, ки мувофиқи он дар Ҷумхурии Тоҷикистон бисёрникоҳй манъ аст. Ин масъала дар Кодекси оила низ танзими худро ёфтааст. Ва ашхосе, ки ин меъёри конститутсионй ва меъёри Кодекси оиларо риоя намекунанд, мувофиқи қонунгузории ҷиноии кишвар, аниқтараш мувофиқи моддаи 170-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Дар моддаи 34-уми Конститутсияи (Сарқонуни) мамлакат масъалаҳои муҳимме, аз қабили таҳти ҳимоя ва ғамхории давлат қарор додани ҷузъҳои таркибии оила, масъул кардани падару модар ва фарзандон дар масъалаҳои муайян ва гайра танзим шудааст: «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд.

Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».

Ҳамин тариқ айён мегардад, ки дар партави ин ҳама ибтикороти мутаваҷҷеҳ ба масъалаҳои нигохдошти муҳити оилавй давлат ва Ҳукумати кишвар корҳои назаррасеро ба амал мебарорад. Дар ин замина сиёсатҳо ва амалҳои арзанда амалӣ мегарданд. Имкониятҳо ва натиҷаҳои беҳдошт маълум мекунанд, ки ҷараёни амали сиёсатҳои созанда, зери роҳбарии Президента кишвар муҳтарам Эмомалй Раҳмон моро ба комёбиҳо ва ҳалли ҳама масъалаҳои марбут ба ҳаёти ҷомеа ва махсус масоилҳои алоқаманд ба муҳити оилавӣ мебарад.

Ҳақ бар ҷониби Президента кишвар — Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар радифи мушкилоти ҷойдошта дар самти сиёсати давлат роҳандозии чунин масъалаҳои муҳимро аз қабили «масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдорй ва устувории оила» — ро ба миён овард ва барои роҳи ҳалли он диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муасиссаҳои таҳсилотй ва кулли аъзоёни ҷомеаро равона намуд.

Ва мо мутмаин ба он назар ҳастем, ки роҳандозии ин масъалаҳо метавонанд мушкилоти ҷойдоштаи проблемаи мазкурро ҳал менамоянд ва он рӯз дур нест, ки ҷомеаи тоҷик дар қатори ҷомеаҳои солими давлатҳои мутамаддин қарор гирад.

Обидова Шамсия

Омӯзгори кафедраи “Таърихи халқи тоҷик”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.