ХУДШИНОСӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ДАР АШЪОРИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

0 0

(Бахшида ба 85-солагии зодрӯзи шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ)

Ман баъди ҳама завол меоям боз,

Чун мурғи хуҷастабол меоям боз.

Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунед,

Ман баъди ҳазор сол меоям боз.

20 -уми май зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи байналмилалии “Нилуфар”, яке аз суханварони мумтоз ва маҳбубтарини халқи тоҷик Лоиқ Шералӣ аст: агар умр вафо мекард, устоди зиндаёд ба синни 85 медаромад.

Устод Лоиқ Шералӣ ҳанӯз ба эҷоди нахустин шеърҳояш мавриди таваҷҷуҳи устод Мирзо Турсунзода қарор гирифта буд. Аз ин ҷост, ки вайро соли 1965, ки он вақт хеле ҷавон буд, бо назардошти истеъдодаш бо таври истисно ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул мекунанд. Вай соли 1978 барои маҷмӯаҳои “Хоки Ватан” ва “Илҳом аз “Шоҳнома”” барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гашта, инчунин ба унвони Шоири халқии Тоҷикистон сарфароз гаштааст. Ғайр аз ин Лоиқ Шералӣ оли 1999 ба Ҷоизаи байналмилалии “Нилуфар” мушарраф гардидааст.

Дигар бузургони адаб низ ба ашъори шоир таваҷҷуҳ зоҳир карда, ба ӯ баҳои баланд додаанд. Чунончи нависандаи барҷастаи тоҷик Сотим Улуғзода баъди хондани нахустин шеърҳояш вайро унвони “Шоири ҷавони хеле боистеъдод” ном бурдааст. Шеъре, ки сабаби ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфтани вай гаштааст “Ба модарам” ном дорад ва дар маҷмӯаи ашъоре, ки “Сари сабз” унвон дорад, соли 1966 нашр шудааст. Баъдтар маҷмӯаҳои вай бо номҳои “Илҳом” (1968), “Нӯшбод” (1971), “Соҳилҳо” (1972), “Хоки Ватан” (1975), “Резаборон” (1976), “Марди роҳ” (1979), “Варақи санг” (1980), “Хонаи чашм” (1982), “Рӯзи сафед” (1984), “Хонаи дил” (1986), “Офтобборон” (1988), “Ману дарё” (1991), “Ҷоми саршор” (1994) ва охирон маҷмӯаи ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш бо номи “Фарёди бефарёдрас” нашр шудаанд.

Бузургии устод Лоиқ Шералӣ дар он аст, ки ашъори сурудааш ҳамагӣ ҳамнавои дили мардуми оддӣ, таъсирбахш ва хеле зиёд ширину равонанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки меҳри Лоиқ ва муҳаббат ба шеърҳои баландпояи ӯ кайҳост, ки марзи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои форсигӯйро убур намуда, берунтару фарохтар доман паҳн кардааст.

Худшиносӣ ва ифтихори миллату меҳани хеш яке аз аркони муҳимми одамият маҳсуб мегардад. Маърифати як инсон, як миллату қавм ва кишварро аз ҷиҳати худогоҳии афроди он кишвар метавон ба қиёс гирифт, дарк намуд ва баҳои ҳаққонӣ дод. Бинобар ин, ҳар як фарди солимақл муваззаф аст, ки пеш аз ҳама худро бишносад, то аз сирру асрори олами беруна бохабар шавад. Дар ин маънӣ Носири Хусрав мегӯяд:

Шиносоӣ вуҷуди хештан шав,

Пас он гаҳ сарфарози анҷуман шав!

Ҷавҳари асосии ашъори устод Лоиқ Шералиро андешаву орои ватандӯстона ва ифтихори миллӣ ташкил медиҳад, ки имкон дорад дар роҳи худшиносии миллати мо, ки ба истиқлол комёб гардидааст, хидмати арзишмандеро ба ҷо биёрад. Осори ӯ дар замири мо ғуруру ҳамияти худшиносӣ, меҳандӯстӣ ва шинохти гузаштаи худро меофаринад ва бедор мекунад.

Устод Лоиқ Шералӣ – мояи фахру нози шеъру адаби форсӣ, фарзанди дилбанду баруманди халқи тоҷик, бо шарофати ҳастии мубораки хеш адабиёти нимаи дуюми асри бистуми тоҷикро равнақу шуҳрати тоза бахшид.

Сухани Лоиқ Шералӣ таваккалӣ набуд. Таърих ва забони миллатро меомӯхт. Танбалию коҳилиро намеписандид. Ӯ намехост шахсе дар навиштор ва гуфтор хато кунад, то он норасоии забонӣ хусусияти оммавӣ нагирад. Дар яке аз мақолаҳояш навишта буд.

«Мактаб шоир намеофарад, забони шоир ҳам забону услуби фардии ин ё он шоир дар зимни китоби дарсӣ ташаккул намеёбад, балки забони шеър забони ақлу дил аст, бинобар ин, шоир аз пеши худ бояд сабку салиқа ва забони олами эҳсосот ва афкори худро бисозад». Пеш аз ҳама, устод ба ин даъват ё муроҷиат худ сахт риоя кард ва талқин ба дигар эҷодкорон ҳам дошт. Ӯ намехост, ки дар шеър калимаҳо нодуруст ва нораво кор фармуда шаванд. Ба ин маънӣ мегӯяд:

Агар дар мисрае як сакта бинам,

Ҳазорон сакта афтад дар дили ман.

Лоиқ адибест, ки аз таъриху тамаддуни халқаш пурра огаҳӣ дошта ва ба миллаташ меҳри беандоза дорад, аз ин рӯ ба дарди миллаташ меноладу месӯзад ва аз қалби ҷонкоҳаш ин шуълаҳо бурун меҷаҳанд.

Туӣ буду набудам, миллати ман,

Туӣ самти суҷудам, миллати ман.

Суруди умри ман поён пазирад,

Ту мехонӣ сурудам, миллати ман.

Лоиқ ба ҳамаи оламиён садо мекунад, ки: «Миллати тоҷик чӣ таъриху тамаддун дошт ва бо ҳама душвориҳое, ки ба сараш омада буд, аз вартаи ҳалокат наҷот ёфт ва бо аҳли башар ҳамзамон баробар қадам мезанад, ки ин хизмати фарзандони бонангу номуси миллати ӯст».

Туро дар сина дорам, халқи тоҷик!

Ба ҷуз ту кас надорам, халқи тоҷик!

Туро дунё чунин озурда кардаст,

Ба дунё кина дорам, халқи тоҷик!

Ҷойи дигар меорад:

Субҳе ба тоҷи бесари миллат гиристам,

Шоме ба марги мазҳари миллат гиристам.

Якпорагишро ҳамекардам орзу, дареғ,

Ба пора-пора пайкари миллат гиристам.

Устод Лоиқ бо Ватан будану дар Ватан зистанро далели номусдорию сарфарозӣ медонад. Аз ин ҷост, ки дар лаҳзаҳои душвор тарки Ватан накард, балки ғаму дард, ранҷу азобро як ҷо бо Ватан таҳаммул намуд:

Маро дар домани ин хок модар зод аз домон,

Ки то хокам нагирад, даст аз ин домон намегирам.

Рангомезиҳои тафаккур, ҷилваҳои тахайюл, зебогиҳои тасвир, шиддати ҳаяҷон, андешаҳои зеҳн, вожаҳои ноб, таносуби калом, таъбиру ибороти бадеъ, лаҳни шевою равон-хулоса, ҳама санъатҳои шеър хонандаро маҷзубу мафтун карда, ба ғанимат донистани умру нақши ёдгор гузоштан аз он раҳнамун месозад. Дар баробари ин инсон бояд шукр гӯяд ва ҳаргиз инони умедро аз кафи ақлу тадбир раҳо насозад.

Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама ширину талх,

Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама неку бадаш.

Шукр гӯям қисматамро бо ҳар он чӣ ҳасту он чӣ нест

Шукр гӯям бахтро бо омаду наомадаш ,

Шукр гӯям ҳар нафасро ҳамчу нақди зиндагӣ,

Ки бувад пайваста бо халқу Ватан чун ҷону тан ,

Ин Ватан бе ман тавонад буд ҷовидон вале ,

Ман набитвонам даме ҳам зинда бошам бе Ватан.

Шоир бо дарки масъулият таъкид мекунад, ки ҳар як миллат бояд таъриху забони худро донад ва аз онҳо ифтихор намояд, то дар арсаи ҷаҳонӣ устувор бимонад.

Шоир дар ҳифзи забони тоҷикӣ нақши беназир дорад. Вай забони тоҷикиро асоси ҳастии миллат дониста, бо эҳсоси баланд аз шеъру сухани ноби форсӣ- тоҷикӣ ифтихор мекунад ва мардумро ба арҷгузорӣ ба он даъват менамояд.

Забони модарӣ бо шири модар,

Бувад маҷмӯаи тадбири модар.

Забони модариро пос дорем,

Ки аз модар варо мерос дорем.

Шоир вассофи беназири Ватан, таърих ва миллат аст. Ифтихори миллӣ дар ашъории ӯ чун муҳаббати бепоён ба гузаштаи пурифтихор, эҳтиром ба модар ва ҳифзи арзишҳои миллӣ зуҳур карда, онҳоро ба қалби ҳар як хонанда бо садоқати том ҷой медиҳад.

Худовандо, худои хеш гардон миллати моро!

Муяссар кун бақои ҷовидонӣ давлати моро!

Ниҳоди кохи Ваҳдат баски бар хуни шаҳидон аст,

Нигаҳ дор аз шабохунҳои ваҳшат ваҳдати моро!

Бешубҳа, ашъори устод Лоиқ Шералӣ бо сермавзуӣ ва пурмуҳтавоӣ аз ашъори ҳамаи шоирони ҳамнаслаш тафовути бузурге дорад ва чун пешина дар имрӯзу дар оянда низ манбаи илҳоми шоирон хоҳад буд. Устод Лоиқ дарёи шеъру ғазал аст ва ҷовидона ҷорист. Худ чӣ зебо таъкид дошта:

Баъди мурдан ҳам нахоҳам рафт чун гард аз ҷаҳон,

Дар сари мижгони гул ҷои нишасте мекунам.

Бобошоева Ҳавасмоҳ

Китобдори МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.