«Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад».
Эмомалӣ Раҳмон
Мавҷудияти коррупсия, паҳншавӣ ва афзудани он сутуни давлатдориро заиф гардонида, обрӯ ва нуфузи давлатро дар арсаи байналмилалӣ коста мегардонад. Воқеан, коррупсия яке аз он падидаҳои номатлуби ҷомеа мебошад, ки тайи солҳои охир ба иқтисод ва ҳаёти иҷтимоии халқу миллатҳо хатари ҷиддӣ ворид месозад.
Агар мо ба таърихи пайдоиши ин зуҳуроти манфӣ назар кунем, таҳқиқотҳо пайдоиши онро ба марҳилаҳои хеле дури таърихӣ мансуб медонанд. Гузашта аз ин, худи мафҳуми «коррупсия» таъмаҷӯӣ, фасод, ришва, пора ва суиистифода аз мақом ва ҷойгоҳи ишғолкардаи шахсро ифода мекунад.
Чуноне ки коршиносон изҳор менамоянд, ин зуҳурот хеле хавфнок буда, афзоиши он ба пояҳои давлат зарба расонида, онро заиф мегардонад. Ин омили номатлуб пеш аз ҳама ба амну субот ва асосҳои иқтисодии давлат хатар эҷод намуда, дар ҷомеа нобоварӣ ва ноумедиро нисбат ба сохторҳои давлатӣ ба вуҷуд меорад.
Бинобар ин, зарур аст, ки дар муқобили ин омили хатарзо муқовимат дастаҷамъона анҷом дода шавад. Ин муқовимат бетарафиро эътироф намекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз он кишварҳое мебошад, ки дар мубориза бар зидди ин зуҳурот пайваста тадбирҳо меандешад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.
Аз ҷумла, бо мақсади ташкил ва амалӣ намудани чораҳои пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, инчунин ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2010 «Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия» таъсис дода шуд.
Коррупсия кирдоре мебошад, ки аз ҷониби шахс ба манфиати шахсии худ ё ба манфиати шахси дигар бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардани захираҳои молиявӣ ва ё манфиатҳои ғайримоддӣ содир мешавад. Ин падидаи зиёновар буда, дар рушди иқтисодию иҷтимоии ҳар як давлат мушкилот ва монеаҳои ҷиддиро ба вуҷуд меорад.
Дар ин росто аз солҳои 1980 сар карда, мубориза бо коррупсия яке аз масъалаҳои асосии сиёсати байналмилалӣ ва молиявӣ гардидааст. Дар асл, коррупсия падидаи мураккаби иҷтимоӣ мебошад, ки зуҳури он дар шаклҳои гуногун ва на ҳамеша ошкоро ба назар мерасад.
Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати пешгирӣ аз кирдорҳои коррупсионӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 таҳти №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳо дар соҳаи иқтисод» қабул гардид, ки яке аз тадбирҳои муҳими зиддикоррупсионӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Қабули санадҳои дахлдор аз ҷониби мақомоти қонунгузории мамлакат дар самти мубориза бо амалҳои коррупсионӣ иқдоми саривақтӣ дар таҳкими ин раванд буд. Бояд гуфт, ки коррупсия имрӯз яке аз масъалаҳои глобалӣ дониста мешавад, зеро он хатари воқеӣ ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон мебошад.
Мутаассифона, ин зуҳуроти манфӣ дар Тоҷикистон низ густариш ёфта, айни замон тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ талош доранд, ки онро маҳдуд ва пешгирӣ намоянд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки: «Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст».
Дар ҳақиқат, коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гардидааст.
Бо дарназардошти хавфу хатари коррупсия ба кишварҳои ҷаҳон, 31 октябри соли 2003 Созмони Милали Муттаҳид аввалин санади ҳуқуқии байналмилалӣ — «Конвенсия бар зидди коррупсия»-ро қабул намуд, ки 14 декабри соли 2005 мавриди амал қарор гирифт. Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 2006 ба ин санади муҳим ҳамроҳ гардид.
Бояд гуфт, ки мубориза бо коррупсия кори якҷоя ва дастаҷамъона мебошад ва дар ин раванд тамоми қишрҳои ҷомеа бояд саҳмгузор бошанд. Зеро танҳо тавассути кӯшишҳои дастаҷамъона метавон пеши роҳи ин падидаи номатлубро гирифт.
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат имрӯз нақш ва мақоми ҷавонон дар ҷомеа боло рафта, саҳми онҳо дар мубориза бо падидаҳои номатлуб, аз ҷумла коррупсия, афзоиш ёфтааст.
Ҷавонон имрӯз дар сафи пеши муқовимат бо кирдорҳои коррупсионӣ қарор доранд. Чуноне ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: «Ман ба ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи бузурги ояндасоз эътимоди комил дорам. Онҳо ҳамчун нерӯи қудратманд муқобили ҳама гуна зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа устуворона муқовимат хоҳанд кард».
Дар воқеъ, имрӯз вақти он расидааст, ки ҷавонони кишвар бо истифода аз донишу маҳорат ва ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри рушди ҷомеаи бидуни фасод содиқона фаъолият намоянд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бо коррупсия танҳо бо чораҳои ҷудогона мубориза бурдан кофӣ нест, балки дар ин самт бояд низоми пайдарпай ва мақсаднок татбиқ карда шавад.
Ҷавонони кишвари мо дарк мекунанд, ки коррупсия яке аз он зуҳуроти манфиест, ки барои давлату ҷомеа хатар эҷод намуда, дар пешрафти давлат монеаҳо ба вуҷуд меорад. Бинобар ин, муқовимат бо он вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар мебошад.
Тибқи қарори Созмони Милали Муттаҳид аз 9 декабри соли 2003 ҳар сол 9 декабр ҳамчун «Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия» таҷлил карда мешавад.
Мо ҷавонон ҳама гуна амалҳои дорои хусусияти коррупсиониро маҳкум намуда, барои решакан намудани он тамоми қувва ва дониши худро равона хоҳем сохт.
Латипова Омина Хуршедовна
Донишҷӯи бахши 1-уми факултети «Кори ҳамширагӣ»-и МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.