АНТИБИОТИКҲО ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР ТИББИ МУОСИР 0 0 Мубодила кардан Антибиотикҳо яке аз муҳимтарин дастовардҳои тибби муосир ба ҳисоб мераванд. Ихтирои онҳо дар табобати бемориҳои сироятӣ инқилоби бузург ба вуҷуд овард. Пеш аз кашфи антибиотикҳо бисёр бемориҳое, ки имрӯз ба осонӣ табобат мешаванд, сабаби асосии фавти одамон буданд. Бо пайдоиши антибиотикҳо табибон тавонистанд бар зидди бисёр намудҳои бактерияҳо мубориза бурда, ҳаёти миллионҳо инсонҳоро наҷот диҳанд. Имрӯз антибиотикҳо дар тамоми ҷаҳон барои табобати бемориҳои гуногуни сироятӣ васеъ истифода мешаванд. Таърихи антибиотикҳо аз кашфи пенисиллин оғоз меёбад. Соли 1928 олими англис Alexander Fleming ҳангоми таҷрибаҳои илмӣ мушоҳида намуд, ки замбӯруғи Penicillium рушди бактерияҳоро бозмедорад. Ин кашфиёт асоси пайдоиши аввалин антибиотик гардид. Баъдан олимон намудҳои гуногуни антибиотикҳоро ихтироъ намуданд ва тиб ба марҳилаи нави рушд ворид шуд. Антибиотикҳо моддаҳое мебошанд, ки қобилияти нобуд кардан ё боздоштани афзоиши бактерияҳоро доранд. Онҳо метавонанд табиӣ, нимсинтетикӣ ва синтетикӣ бошанд. Бояд қайд кард, ки антибиотикҳо танҳо ба бактерияҳо таъсир мерасонанд ва барои табобати бемориҳои вирусӣ самара надоранд. Масалан, ҳангоми зуком, грипп ё дигар бемориҳои вирусӣ истифодаи антибиотикҳо фоида намеорад. Дар тиб гурӯҳҳои гуногуни антибиотикҳо мавҷуданд. Ба гурӯҳи пенисиллинҳо амоксициллин ва ампитсиллин дохил мешаванд, ки бештар барои табобати сироятҳои роҳҳои нафас истифода мешаванд. Цефалоспоринҳо, аз ҷумла цефтриаксон, барои сироятҳои вазнин истифода мегарданд. Макролидҳо, ба монанди азитромицин ва эритромицин, барои бемороне, ки ба пенисиллин аллергия доранд, тавсия дода мешаванд. Инчунин гурӯҳҳои дигар, аз ҷумла тетрациклинҳо, аминогликозидҳо ва фторхинолонҳо низ мавҷуданд, ки вобаста ба намуди беморӣ истифода бурда мешаванд. Тарзи таъсири антибиотикҳо гуногун мебошад. Баъзе онҳо девораи ҳуҷайравии бактерияҳоро вайрон мекунанд, баъзе дигар синтези сафеда ё фаъолияти ферментҳои бактерияҳоро бозмедоранд. Дар натиҷа бактерияҳо нобуд шуда, ё афзоиши онҳо қатъ мегардад. Маҳз ҳамин хусусият антибиотикҳоро воситаи муҳими мубориза бо бемориҳои сироятӣ гардонидааст. Антибиотикҳо имрӯз дар соҳаҳои гуногуни тиб васеъ истифода мешаванд. Дар терапия онҳо барои табобати ангина, илтиҳоби шуш ва сироятҳои роҳҳои пешоб истифода мешаванд. Дар ҷарроҳӣ антибиотикҳо барои пешгирии сироятҳои баъдиамалиётӣ аҳамияти калон доранд. Дар стоматология, гинекология, урология ва педиатрия низ антибиотикҳо мавқеи муҳим доранд. Бо вуҷуди аҳамияти калон доштан, истифодаи антибиотикҳо бояд хеле эҳтиёткорона бошад. Қабули онҳо танҳо бо тавсияи духтур иҷозат дода мешавад. Бисёр одамон антибиотикҳоро худсарона истифода мебаранд, ки ин метавонад боиси пайдо шудани таъсирҳои манфӣ гардад. Ҳангоми истифодаи нодуруст бактерияҳо ба антибиотикҳо мутобиқ мешаванд ва дору дигар таъсир намекунад. Ин ҳолатро муқовимати бактерияҳо ба антибиотик меноманд ва имрӯз яке аз мушкилоти асосии тибби ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Истифодаи нодурусти антибиотикҳо метавонад таъсирҳои номатлуб низ ба вуҷуд оварад. Аз ҷумла аллергия, дилбеҳузурӣ, дарди шикам, вайроншавии фаъолияти рӯда, зарар ба ҷигар ва гурдаҳо ба назар мерасад. Аз ҳамин сабаб бемор бояд ҳатман тавсияҳои мутахассисро риоя намояд ва давраи табобатро худсарона қатъ накунад. Дар истифодаи дурусти антибиотикҳо нақши фарматсевт низ хеле муҳим мебошад. Фарматсевт ба беморон тарзи дурусти истифодаи доруҳоро мефаҳмонад, муҳлати истифода ва шароити нигоҳдории онҳоро назорат мекунад. Инчунин ӯ мардумро аз худмуолиҷа ва истифодаи беасоси антибиотикҳо огоҳ менамояд. Баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ яке аз вазифаҳои муҳими кормандони соҳаи дорусозӣ мебошад. Хулоса, антибиотикҳо яке аз муҳимтарин воситаҳои табобати бемориҳои сироятӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳо дар ҳифзи саломатии инсон нақши калон доранд ва ҷони миллионҳо одамонро наҷот додаанд. Аммо барои нигоҳ доштани самаранокии онҳо истифодаи дуруст ва оқилонаи антибиотикҳо хеле муҳим аст. Риоя намудани тавсияи духтур, худдорӣ аз худмуолиҷа ва баланд бардоштани маърифати тиббӣ метавонад барои пешгирии мушкилоти марбут ба антибиотикҳо мусоидат намояд. Шарифамо Ҳамидова Омӯзгори кафедраи «Фарматсия»-и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» 0 0 Мубодила кардан