Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи рушди устувор, таҳкими истиқлоли давлатӣ ва аркони давлатдории миллӣ қарор дорад. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намудааст, ки хариду фурӯши одамон, ки (онро трафик низ меноманд) дар шаклҳои гуногун зуҳури худ (истисмори шаҳвонӣ ва меҳнатӣ, ғуломии маишӣ худ мебошад. Ҷалб намудан ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва ғайра) яке аз шаклҳои барои инсоният хатарноки фаъолияти ҷинояткоронаи муташаккил ва вайронкунии ҳуқуқи инсон мебошад. Одамрабоӣ ё савдои одамон амалест, ки дар он шахс бо зӯрӣ, таҳдид, фиреб ё маҷбуркунӣ аз ҷойи будубоши худ бар хилофи иродааш. Савдои одамон дар миқёси байналмиллалӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф шудааст. Гурӯҳҳо ва ташкилотҳои муташаккили ҷинояткор бо мақсади роҳандозии ҳадафҳои ҷинояткорона ба савдои одамон даст зада, нафарони зиёдро бо ҳавасмандкунии молиявӣ, ҷалб намудан ба меҳнат ва музди маоши баланд дар давлатҳои хориҷӣ фирефта карда, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ менамоянд.
Пешгирии масъалаи мазкур зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо ин мақсад дар кишвар қонунгузории миллӣ такмил дода шуда, барномаҳои дахлдор қабул мегардад. Ҳамзамон корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ, махсусан ҷавонон, нақши муҳим доранд.
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ошкору пешгирии савдои одамон пайваста тадбирҳои судманду саривақтӣ меандешад. Маврид ба таъкидаст, ки дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” аз 26 уми июли соли 2014 мавриди амал қарор дорад. Маҳз, дониши баланди сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва огоҳ будан аз равандҳои ҷаҳонӣ, ки дар маҷмуъ зиракии сиёсӣ мебахшад, метавонад хатари ба доми ҳар гуна идеяҳои номатлуб афтоданро коҳиш диҳад.
Хариду фурӯши одамон шакли муосири ғуломдорӣ маҳсуб ёфта, дар он инсонҳо тавассути фиреб, зӯроварӣ ё таҳдид ба истисмор гирифтор мешаванд. Сабабҳои асосии паҳншавии ин амал гуногунанд аз ҷумла сатҳи паст будани дониш, камбизотӣ, бекорӣ, сатҳи пасти маърифат, муҳоҷирати меҳнатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки одамонро осебпазир мегардонанд.
Муқовимат ба одамрабоӣ ва хариду фурушӣ одамон бояд ҳамаҷониба сурат гирад. Пеш аз ҳама, баланд бардоштани маърифати аҳолӣ аҳамияти калон дорад. Шаҳрвандон бояд донанд, ки чӣ гуна аз фиребҳои эҳтимолӣ худро муҳофизат намоянд. Баргузории барномаҳои иттилоотӣ, дарсҳои омӯзишӣ ва паҳн намудани маълумот тавассути воситаҳои ахбори омма дар ин самт нақши муҳим мебозад. Бадбахтона раванди мазкур миллионҳо нафар одамонро дар саросари ҷаҳон фаро гирифтааст. Агар аз нуқтаи назари соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ андеша намоем, падидаи мазкур (савдои одамон) на танҳо мушкилии ҳуқуқӣ, балки мушкилии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ахлоқӣ низ мебошад.
Ҳар як шаҳрванд бояд ҳушёр бошад ва ба пешниҳодҳои шубҳаноки кор дар хориҷи кишвар бе санҷиш бовар накунад. Ҳамин тавр савдои одамон мушкилотест, ки мубориза бо он танҳо масъулияти як давлат ё як ниҳод нест, балки вазифаи тамоми ҷомеа мебошад. Танҳо бо огоҳӣ, ҳамкорӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи инсон метавон ин падидаи нангинро коҳиш дод ва оянда ҷомеаи солиму бехатарро сохт. Инсон мол нест, ки хариду фурӯш шавад. Савдои одамон ҷиноят бар зидди инсоният аст. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд дар мубориза бар зидди чунин падида бетараф набошем. Ин падидаи номатлуб на танҳо шаъну шарафи инсонро паст мезанад, балки ба амнияти иҷтимоӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлатдорӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Нақши оила, муассисаҳои таълимӣ ва воситаҳои ахбори омма дар мубориза бо савдои одамон хеле муҳим аст. Тарбияи ҳуқуқии ҷавонон, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани фарҳангӣ ҳуқуқӣ ба коҳиш ёфтани хатари гирифторшавӣ ба доми ҷинояткорон мусоидат мекунад. Ҳар як шаҳрванд бояд нисбат ба чунин ҳолатҳо бетараф набошад. Дар сурати мушоҳида намудани аломатҳои савдои одамон ё маълумот дар бораи ҳолатҳои шубҳанок, бояд фавран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дода шавад. Ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти давлатӣ метавонад барои ошкор ва пешгирӣ намудани ин ҷиноят нақши муҳим бозад.
Хулоса, савдои одамон таҳдиди ҷиддӣ ба амният ва рушди ҷомеа мебошад. Мубориза бо он танҳо дар сурати ҳамкории давлат ва ҷомеа самарабахш хоҳад буд. Аз ин рӯ, пешгирӣ ва муқовимат бо савдои одамон вазифаи ҳар як шаҳрванди бошуур ва масъулиятшинос мебошад. Танҳо бо эҳтиром ба ҳуққуқи инсон ва бетараф набудан метавонем ҷомеаи солим ва бехатар бунёд намоем.