АФЗАЛИЯТИ СОҲАҲО БЕШТАР МЕГАРДАД

0 2

Соҳаи маориф ва тандурустӣ ҳамчун соҳаҳои афзалиятдоштаи ҷомеаи муосири Тоҷикистон, зери таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ боқӣ хоҳад монд.

Аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 16.12.2025.

Дар урфият сухани пандомезе ҳаст, ки «Агар миллат солим бошад, давлат устувор аст» ва «Агар миллат соҳиби донишу маърифати баланд аст, таваҷҷӯҳ ҷалб мекунад».

Дар ҳақиқат, дар ҳама давру замон нафаре, ки соҳиби донишу савод аст, мақом ва ҷойгоҳи муайяни худро дар ҷомеа пайдо мекунад. Агар давлате бошад, ки миллаташ соҳиби донишу маърифати баланд бошад, онро дигар кишварҳо эътироф ва эҳтиром мекунанд.

Дар замони муосир, марҳилаи ҷаҳду талошҳои кишварҳои мухталиф барои пайдо намудани мавқеи худ дар сатҳи ҷаҳонӣ, мақоми илму дониш ва маърифати баланди инсонҳо эътибори бештар пайдо мекунад. Дар воқеъ, шароити кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо мекунад, ки дар ин марҳила ҳамон давлате муваффақ мебошад, ки миллаташ сатҳи баланди донишу маърифат дошта бошад. Ин андеша мазмуни хеле васеъро инъикос мекунад.

Чуноне ки Пешвои миллат таъкид мекунанд: «Мо бояд барои соҳиби маърифати баланд гардонидани мардум аз ҳама имкониятҳои ҷойдошта истифода барем».

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ, фазои ором ва суботи комил, соҳаҳои маориф ва тандурустии ҷумҳурӣ сол аз сол рушд мекунанд.

Тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ аз таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ афзалияти бештар пайдо намудаанд.

Аз ҷумла, дар солҳои соҳибистиқлолӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Хусусан, тибқи оморҳои пешниҳодшуда, дар соҳаи маорифу тандурустӣ тағйиротҳое ба вуҷуд омадаанд, ки рушди ин соҳаҳоро тезониданд.

То оғози соли 2025 дар соҳаи маориф (ҳамаи зинаҳои таҳсилот) шумораи мактабҳо, литсейҳо, гимназияҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин шумораи муҳассилин дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот афзоиш ёфтаанд.

Дар муқоиса ба солҳои аввали истиқлолияти кишвар, шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то 4037 адад, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ то 48 адад, шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ то 88 адад афзоиш ёфтанд. Ин дастовардҳои соҳа аз шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумат, ба хусус сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, ба даст омадаанд.

Бояд қайд кард, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустии кишвар низ хеле рушд ёфта, ба дастовардҳои бузург ноил шудааст.

Хусусан, дар ин солҳо, ба ғайр аз таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷудаи соҳаи тандурустӣ, дар натиҷаи тадбирҳои амалишуда, 3076 адад муассисаҳои нави тиббӣ бунёд ва ба истифода дода шудаанд, ки барои рушди ин соҳа заминаҳои мусоид фароҳам оварда, фаъолияти соҳаро хеле инкишоф доданд.

Дар ҳақиқат, агар мо ба фаъолияти ин соҳаҳо се даҳсола пеш назар кунем, маълум мешавад, ки соҳаҳои мазкур ба куллӣ тағйир ёфта, дастовардҳо дар ин самт назаррас мебошанд. Инчунин, шароит ва сифати хизматрасониҳо беҳтар шудаанд.

Чуноне ки Пешвои миллат зимни ироаи Паём иброз доштанд: «Ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад».

Бо ин хотир, масъулини соҳаи маориф бояд бештар барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва ворид намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим саъю талош намоянд.

Бояд зикр кард, ки соҳаи тандурустии кишвар сол аз сол рушд ёфта, сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба шаҳрвандон беҳтар мегардад.

Хусусан, дар асоси тадбирҳои давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба ворид намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ ва мутобиқ ба технологияҳои нав дар муассисаҳои тиббӣ, ташхис ва табобати беморон ба маротиб осон ва самаранок гардидааст.

Чуноне ки Пешвои миллат зимни ироаи Паём таъкид намуданд, бо вуҷуди ҳамаи дастовардҳо дар соҳаи тандурустӣ ҳанӯз ҳам мушкилотҳо ҷой доранд. Бинобар ин, зарур аст, ки масъулини соҳа дар бартараф кардани ин камбудиҳо чораҷӯӣ намоянд.

Ба хусус Пешвои миллат таъкид намуданд: «Яке аз вазифаҳои муҳими масъулини соҳаи тандурустӣ дар марҳилаи имрӯза аз тайёр ва омода кардани мутахассисони савияи баланддошта ва таъмини муассисаҳои тиббӣ бо мутахассисони соҳибкасб, инчунин рақобатпазир будани онҳо дар бозори меҳнат иборат аст».

Дар хулосаи ин андешаҳо гуфтан мумкин аст, ки мо, кормандони соҳаи тандурустӣ, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, бояд масъулияти худро бештар намуда, ҷиҳати рушди соҳаҳои мазкур ва таъмини солимии ҷомеа саҳми худро гузорем.

Ҳакимзода Мадина Аваз

Омӯзгори кафедраи «Кори ҳамширагӣ»-и МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.