ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ ВА АРҶГУЗОРӢ БА ФАРЗАНДОНИ ФАРЗОНАИ МИЛЛАТ

0 3

Таърихи ҳар миллат аз корнома ва фидокориҳои фарзандони барӯманди он сарчашма мегирад. Миллатҳое, ки ба гузашта ва шахсиятҳои таърихии худ арҷ мегузоранд, дар роҳи ташаккули худшиносӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди давлатдорӣ ба дастовардҳои бузург ноил мегарданд. Барои миллати тоҷик низ пос доштани хотираи фарзандони фарзонае, ки дар марҳилаҳои сарнавиштсози таърихӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва бунёди давлатдории тоҷикон ҷоннисорӣ намудаанд, аҳаммияти бузурги маънавӣ ва сиёсӣ дорад.

Дар таърихи навини тоҷикон номҳои Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд. Ин шахсиятҳои барҷаста дар даврае ба майдони сиёсат ва ҷомеа ворид шуданд, ки масъалаи ҳастӣ ё нестии миллати тоҷик дар арсаи сиёсӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор дошт. Маҳз бо ҷасорат, иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии онҳо пояҳои давлатдории тоҷикон устувор гардида, роҳи ташаккули давлати миллӣ ҳамвор шуд.

Аввали асри ХХ барои халқҳои Осиёи Марказӣ давраи пуртазод ва сарнавиштсоз ба ҳисоб мерафт. Дар ҷараёни тақсимоти миллӣ-ҳудудии солҳои 1924–1929 масъалаи муайян намудани сарҳадҳо ва мақоми сиёсии халқҳои минтақа ҳал мегардид. Дар чунин шароити душвор намояндагони миллатҳои гуногун барои ҳифзи манфиатҳои худ мубориза мебурданд. Агар дар он замон фарзандони далеру бедордили миллат дар саҳнаи сиёсат ҳузур намедоштанд, эҳтимол тақдири миллати тоҷик ба таври дигар рақам мехӯрд.

Нусратулло Махсум яке аз чеҳраҳои намоёни сиёсии он давра буд. Ӯ ҳамчун роҳбари ҷавон ва ватандӯст барои ҳифзи манфиатҳои тоҷикон муборизаи беамон бурд. Мавқеи устувори ӯ дар масъалаҳои миллӣ, талошҳои пайвастааш барои таҳкими мавқеи Тоҷикистон ва ҳимояи ҳуқуқи тоҷикон дар саҳифаҳои таърих боқӣ мондааст. Ӯ аз ҷумлаи аввалин сиёсатмадороне буд, ки масъалаи ҳифзи манфиатҳои миллатро аз ҳама болотар медонист.

Шириншоҳ Шоҳтемур бошад, ҳамчун сиёсатмадори хирадманд ва муборизи роҳи давлатдории миллӣ дар ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ бозид. Ӯ барои баланд бардоштани мақоми сиёсии Тоҷикистон, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми бузург гузошт. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи ӯ Тоҷикистон тавонист мақоми баландтари сиёсиро соҳиб гардад ва ҳамчун воҳиди мустақили маъмурӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ҷойгоҳи худро пайдо намояд.

Дар баробари ин, Нисор Муҳаммад ҳамчун яке аз чеҳраҳои маъруфи фарҳангиву маорифӣ барои рушди маърифат, фарҳанг ва саводнокии ҷомеа хизматҳои арзанда анҷом дод. Ӯ аз ҷумлаи равшанфикроне буд, ки аҳаммияти илму донишро барои рушди миллат амиқ дарк мекард. Талошҳои ӯ дар самти таъсиси муассисаҳои таълимӣ, тарбияи мутахассисон ва густариши фарҳанги миллӣ дар рушди ҷомеаи тоҷик нақши муҳим бозиданд.

Аммо тақдири ин фарзандони фарзонаи миллат ба таври фоҷиабор анҷом ёфт. Солҳои 1937–1938, ки яке аз саҳифаҳои сиёҳи таърих ба ҳисоб меравад, онҳо қурбони таъқиботҳои сиёсӣ гардиданд. Ба онҳо туҳматҳои беасос нисбат дода шуда, ҳамчун «душманони халқ» маҳкум гардиданд. Бо вуҷуди ин, ҳақиқатро наметавон барои ҳамеша зери пардаи дурӯғ нигоҳ дошт. Замон нишон дод, ки онҳо на душманони халқ, балки фарзандони содиқ ва ҷоннисори миллат буданд.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ раванди эҳёи ҳақиқати таърихӣ оғоз гардид. Давлати Тоҷикистон ба омӯзиши саҳифаҳои пӯшидаи таърих рӯ оварда, барои барқарор намудани адолати таърихӣ тадбирҳои муҳим амалӣ намуд. Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ дубора эҳё гардида, хизматҳои онҳо мавриди қадршиносӣ қарор гирифтанд.

Қадрдонии Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» яке аз муҳимтарин иқдомҳои давлатӣ дар роҳи барқарор намудани адолати таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ин тасмим нишон дод, ки давлат хизматҳои фарзандони содиқи миллатро ҳаргиз фаромӯш намекунад ва барои пос доштани хотираи онҳо тамоми тадбирҳоро меандешад.

Дар ин радиф, иқдоми таърихии ба Ватан овардани муште аз хоки оромгоҳи Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аҳаммияти бузурги сиёсӣ, маънавӣ ва рамзӣ дорад. Ин рӯйдод на танҳо эҳтиром ба гузашта, балки намунаи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ мебошад. Маросими ба хок супоридани онҳо дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ҳамчун нишонаи эҳтироми давлат ва миллат ба фарзандони фарзонаи худ дар таърихи навини Тоҷикистон ҷойгоҳи хос пайдо намуд.

Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон бояд зиндагӣ ва фаъолияти ин шахсиятҳоро амиқ омӯзанд. Зеро маҳз тавассути шинохти корномаи чунин фарзандони барӯманд ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулиятшиносӣ дар қалби насли наврас ташаккул меёбад. Корномаи онҳо исбот мекунад, ки муҳаббат ба Ватан, садоқат ба миллат ва хизмат ба мардум арзишҳое мебошанд, ки ҳаргиз кӯҳна намешаванд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир ҳифзи хотираи таърихӣ аҳаммияти бештар касб мекунад. Миллате, ки гузаштаи худро фаромӯш мекунад, ояндаи худро низ аз даст медиҳад. Аз ин рӯ, омӯзиш ва тарғиби зиндагиномаи Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад на танҳо эҳтиром ба гузашта, балки рисолати ватандӯстона барои ҳифзи арзишҳои миллӣ мебошад.

Эҳёи номи неки ин фарзандони фарзонаи миллат имрӯз ба яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ табдил ёфтааст. Хотираи онҳо дар қалби мардум ҷовидона боқӣ мемонад ва корномаи онҳо барои наслҳои имрӯзаву фардо ҳамчун мактаби бузурги садоқат ба Ватан, хизмат ба миллат ва ҳифзи манфиатҳои давлатӣ хизмат хоҳад кард.

Номи онҳо ҷовидон аст, зеро онҳо барои миллат зиндагӣ карданд, барои миллат мубориза бурданд ва барои миллат қурбон шуданд.

Гулчеҳра Абдураҳмонова

Омӯзгори кафедраи «Таърих ва ҳуқуқ»-и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода.Р.А»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.