МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

0 11

Ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шаборӯзии модар аст. Ҳамду сано ба зан — модар, ки муҳаббати ӯ интиҳо надорад ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои ӯст.

                                             Эмомалӣ Раҳмон

Агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас зан-модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода аст. Дар ситоиши зан-модар то имрӯз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зани тоҷик ҳанӯз дар аввалин китобҳои мардуми куҳанбунёди мо ҳамчун фарди озоданажоду озодихоҳ, зебову зебоипараст, донишманду фарҳангдӯст, диловару гурдофарид, ватандору ватанпараст ва ҳунарманду кадбону тасвир ёфтааст.

Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Тасвири зан – модар, ки қиматтарин неъмати дунёст, дар адабиёт мақоми хоса дорад. Образи зан дар адабиёти форс-тоҷик бештар матраҳ шудааст. Шоирону адибон симои воқеии ӯро дар шеър нишон додаанд ва дар адабиёти клсассикӣ шоире нест, ки дар ситоиши маҳбуба шеъре насуруда бошад. Дар адабиёти муосири тоҷик низ мавзӯи зан – модар бештар баррасӣ шудааст.

Дар андешаи Пешвои миллат бузургдошти зан-модар танҳо як анъанаи фарҳангӣ нест, балки масъалаи муҳими сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Маҳз зан аст, ки дар муҳити оила фарзандро ба камол мерасонад, дар қалби ӯ муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулиятшиносиро парвариш мекунад. Агар ҷомеа хоҳони насли босавод, ватандӯст ва инсонпарвар бошад, бояд пеш аз ҳама ба зан-модар эҳтироми баланд гузорад, шароити мусоид барои зиндагӣ ва фаъолияти ӯ фароҳам оварад. Ин андеша дар сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон низ инъикоси равшан пайдо кардааст, зеро дар солҳои истиқлолият ҳукумат ба масъалаҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, дастгирии иҷтимоии онҳо ва ҷалби занон ба идоракунии давлатӣ диққати махсус зоҳир менамояд.

Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки бе иштироки фаъолонаи занон пешрафти ҷомеа имконнопазир аст. Занон на танҳо тарбиятгарони насли наврасанд, балки неруи муҳими рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат низ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, дар Тоҷикистон барои таҳсили духтарон, ҷалби онҳо ба илм ва касбомӯзӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд.

Барномаҳои давлатӣ оид ба рушди таҳсилоти духтарон, дастгирии соҳибкории занон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо гувоҳи онанд, ки масъалаи мақоми зан дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор дорад.

Дар баробари ин, Пешвои миллат ба масъалаи тарбияи маънавӣ ва фарҳангии занон низ аҳамияти калон медиҳанд. Ба андешаи онҳо, зан бояд на танҳо босавод ва фаъол бошад, балки посдори арзишҳои миллӣ ва ахлоқии ҷомеа низ бошад. Маҳз тавассути тарбияи дурусти фарзандон зан-модар метавонад дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди ҷомеа саҳми бузург гузорад. Дар суханрониҳои худ роҳбари давлат борҳо аз нақши занон дар ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ёдовар шудаанд. Онҳо таъкид мекунанд, ки дар солҳои душвори таърихи навини кишвар маҳз сабру таҳаммул ва матонати занони тоҷик барои нигоҳ доштани устувории ҷомеа нақши муҳим бозидааст.

Яке аз масъалаҳое, ки Пешвои миллат пайваста ба он таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд мебошад. Дар ин раванд нақши модар махсусан муҳим аст. Модар метавонад бо меҳру муҳаббат ва ғамхорӣ фарзандро ба роҳи рост ҳидоят кунад, дар қалби ӯ эҳтиром ба калонсолон, дӯстӣ, инсондӯстӣ ва ватандӯстиро парвариш намояд. Агар модар дорои маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ ва ахлоқи нек бошад, фарзанд низ бо ҳамин рӯҳия ба камол мерасад.

Дар сиёсати давлатӣ низ масъалаи баланд бардоштани мақоми зан мавқеи муҳим дорад. Дар Тоҷикистон санадҳои зиёди меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ки ба ҳимояи ҳуқуқи занон ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар равона гардидаанд. Барномаҳои давлатӣ оид ба рушди оила, дастгирии занон ва баланд бардоштани нақши онҳо дар ҷомеа амал мекунанд. Ҳамаи ин тадбирҳо нишон медиҳанд, ки давлат ба масъалаи бузургдошти зан-модар аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дастгирии таҳсилоти духтарон мебошад. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки таҳсили духтарон барои рушди ҷомеа аҳамияти стратегӣ дорад. Зани босавод метавонад на танҳо зиндагии худро беҳтар созад, балки дар тарбияи фарзандон низ нақши муҳим бозад. Аз ин рӯ, давлат барои таҳсили духтарон имкониятҳои зиёд фароҳам овардааст, аз ҷумла додани квотаҳои махсус барои духтарони ноҳияҳои дурдаст, дастгирии таҳсилоти олӣ ва рушди муассисаҳои таълимӣ.

Маҳз модар аст, ки хотираи фарҳангиро аз насл ба насл интиқол медиҳад. Маънои ҷашнҳои анъанавиро бармало мефаҳмонад, эҳтироми нону намак ва гиромидошти меҳмон ва пиронсолонро меомӯзонад, иззату эҳтироми оиларо пос медорад. Кӯдак тавассути гуфтор ва рафтори худ дарк мекунад, ки забон на танҳо воситаи муошират, балки як ҷузъи рӯҳи мардум аст. Аз даст додани забон маънои аз даст додани иртибот бо гузаштаро дорад, аз ин рӯ забони модарӣ пояи ҳифзи фарҳанг мегардад.

Модар дар баробари омӯхтани забон, инчунин интиқолдиҳандаи урфу одатҳои аҷдодӣ низ мебошад. Дар ҷомеаи тоҷик ёд додани ҳунари дастӣ ва хонадорӣ ба духтарон ва омӯхтани ҳисси эҳтиром, масъулиятшиносӣ ва меҳмоннавозӣ ба писарон мисол шуда метавонанд. Аммо тарбияи асосӣ на бо сухан, балки ба воситаи ибрат пайдо мешавад. Сабру таҳаммул, меҳнатдӯстӣ, ғамхорӣ дар бораи наздикон барои кӯдак меъёри табиӣ мегардад. Фарзанд нахуст тавассути модар маънии неку бадро бештар дарк мекунад.

Занону модарони тоҷик тараннумгари зебоӣ, нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат ва идомабахши ойинҳои неки гузаштагон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, падару модар, эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба инсониятро ҷой медиҳанд ва чун боғбони насли одамӣ онҳоро парвариш менамоянд.

Рӯзи Модар муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад. Дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хоса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.

Зан – Модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад.

Занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа мебошанд. Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад. Яъне бӯйи биҳиштии модар ва лаззати шири поку сафедаш аз машоми фарзанд ҳаргиз зудуда намегарданд.

Мо умед дорем, ки занону модарони арҷманди мо рисолати муҳими иҷтимоии худро, чун ҳарвақта, амиқ дарк карда, барои ташкили оилаи солим, тарбияи фарзандони солеҳу хушахлоқ, соҳибмаърифату донишманд ва ташаккули ҷомеаи ободу озод ҳиссаи арзишманди худро мегузоранд.

Дар тамоми таърихи тӯлонии миллати тоҷик низ рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ, рӯҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибонаю одоби ҳамида ва муҳаббату садоқати бепоёни Зан – Модар дар осори бузургони гузаштаву муосири тоҷик ситоиш гардидааст.

Умед дорам, ки ҳар як фарди бонангу бономуси Ватан дар тарғиби арзишҳои муқаддаси оиладорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ саҳми муносиб мегузорад ва ба ин восита, мақоми Зан – Модарро, ки нуру зиёи ҳаёт ва асоси бахту нишоти зиндагӣ мебошад, боз ҳам баланд мебардорад.

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ҷомеаҳое, ки сиёсати устувори дастгирии модар ва кӯдакро амалӣ менамоянд, дар рушди иқтисодӣ ва суботи иҷтимоӣ натиҷаҳои беҳтар ба даст меоранд. Аз ин рӯ, масъалаи мақоми модарро метавон ҳамчун ҷузъи стратегии сиёсати рушди миллӣ баррасӣ намуд.

Дар ҷомеаи муосир нақши зан ва модар бо як қатор мушкилоти нав рӯ ба рӯ шудааст. Афзоиши иштироки занон дар бозори меҳнат, тағйири нақшҳои гендерӣ ва фишорҳои иқтисодӣ ба иҷрои вазифаҳои анъанавии модарӣ таъсир мерасонанд. Ин равандҳо зарурати мутобиқсозии сиёсати иҷтимоиро ба вуҷуд меоранд.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи баробарии зану мард ва ҳифзи ҳуқуқҳои занон танҳо як мавзӯи иҷтимоӣ нест, балки яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Давлат дар солҳои охир як қатор барномаҳо ва санадҳои муҳимро қабул кардааст, ки ҳадафи онҳо беҳтар намудани мақоми зан дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқҳои модарон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди оила мебошад.

Яке аз самтҳои асосии сиёсати гендерӣ, ин таъмини рухсатии модарӣ ва дастгирии иҷтимоии занон аст. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, занон дар давраи ҳомиладорӣ ва баъд аз таваллуд аз рухсатии пулакӣ бархурдор мебошанд. Ин тадбир ба онҳо имконият медиҳад, ки дар муҳити орому амн ба тарбияи кӯдак машғул шаванд ва саломатии худро ҳифз намоянд. Чунин дастгирӣ махсусан барои оилаҳои ҷавон аҳамияти калон дорад, зеро он ба устувории иқтисодии онҳо мусоидат мекунад.

Самти дигари муҳими сиёсати гендерӣ бошад дастрасии занон ба хизматрасониҳои тиббӣ ва маориф мебошад.

Имрӯз дар Тоҷикистон барои занон ва духтарон имкониятҳои баробар дар соҳаи таҳсил фароҳам оварда шудааст. Дастрасӣ ба муассисаҳои таълимӣ, бахусус дар деҳот, тадриҷан беҳтар шуда, шумораи духтароне, ки таҳсили миёна ва олӣ мегиранд, рӯ ба афзоиш аст.

н.и.педагогӣ дотсент Маҳмудзода Қумринисо Нурали

Муовини директор оид ба корҳои тарбиявии МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.