«Чунин ҳамоишҳои илмӣ-назариявӣ барои таҳкими донишҳои назариявӣ, такмили малакаи касбӣ ва густариши ҷаҳонбинии илмии омӯзгорону донишҷӯён аҳамияти бузург доранд. Онҳо на танҳо сатҳи дониши иштирокчиёнро боло мебаранд, балки дар ташаккули шахсияти мутахассиси масъулиятшинос ва ватандӯст низ нақши муҳим мебозанд.
Ҳар як донишҷӯ бояд дарк намояд, ки касби ҳамширагӣ танҳо як ихтисос нест, балки рисолати инсонӣ ва хизмати содиқона ба ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, омӯзиш, таҷрибаандӯзӣ ва такмили доимии маҳорати касбӣ бояд ҳадафи асосии ҳар як донишҷӯ бошад.»