ЧОРАБИНИИ БОШУКӮҲ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ 0 4 Мубодила кардан Имрӯз, 7 сентябри соли 2026, дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳу тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ директори муассиса, ни.т., Назарзода Ҷумахон Шамс, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозорзода Сафаралӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ иштирок намуданд. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори коллеҷ Назарзода Ҷумахон Шамс оғоз гардид. Номбурда ҳозиринро ба муносибати ҷашни фархундаи миллӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, оид ба аҳамияти Истиқлолияти давлатӣ дар таҳкими давлатдорӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, маорифу тандурустӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум суханронӣ намуд. Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим баромад намуда, Истиқлолияти давлатиро ҳамчун бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик арзёбӣ кард. Дар идомаи чорабинӣ Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозорзода Сафаралӣ низ суханронӣ намуда, аҳамияти сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва саҳми ҷавононро дар ободии Ватан таъкид намуд. Дар фазои тантанавии чорабинӣ як қатор омӯзгорону кормандони муассиса барои фаъолияти содиқона, меҳнати самаранок ва саҳми арзандаашон дар рушди соҳаи маорифу тандурустӣ аз ҷониби роҳбарияти муассиса бо Ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд. Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иштироки донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ва санъаткорони шаҳри Кӯлоб идома ёфта, бо суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу саҳнаҳои фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид. Маъмурияти МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» Пеш 1 то 7 саҳифа Баъдӣ 0 4 Мубодила кардан