ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — РАМЗИ ШАРАФУ НОМОСИ ВАТАНДОРӢ

0 0

Санаи 25.06.2026 дар толори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ҷонишини директор оид ба таҷрибаомӯзӣ Эмомова Сайлигул, мудири бахши методӣ Абдураҳмонов Карим, сардори бахши сифати таҳсилот Набиева Нодира, инчунин омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Чорабинӣ аз ҷониби мудири кафедраи “Таърих ва ҳуқуқ” Давлатова Сайлонбӣ ифтитоҳ ёфта, ҳозиринро ба ин рӯзи фархунда шинос намуда, ҳамаи иштирокдоронро самимона табрик намуданд.

Мудири бахши методӣ Абдураҳмонов Карим дар баромади худ иброз доштанд, ки дар таърихи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурқимат мавҷуданд, ки аз иқдомҳои неку хирадмандона ба нафъи халқ ва Ватан башорат дода, барои наслҳои оянда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд.

Чунин саҳифаи заррин барои халқи тоҷик рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад, ки ҳамасола дар саросари кишвар бо эҳтиром ҷашн гирифта мешавад. Ин санади таърихӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид, паёми ҷонбахше аз фарорасии сулҳи деринтизор ба ҳисоб меравад. Он ормони деринаи халқи тоҷикро дар қолаби сулҳу ваҳдат таҷассум намуда, дар як муддати кӯтоҳ амалӣ гардидани ин ормон гувоҳи тинати сулҳпарварона ва заковати баланди мардуми тоҷик мебошад.

Сипас, донишҷӯи курси 2-уми факултети кори табобатӣ Қурбонова Марям баромад намуда, зикр кард, ки сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзи саодат мо роҳи тӯлонӣ ва душворро тай намуда, монеаҳои сангинро паси сар кардем.

Барқарор гардидани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар сарзамини мо истиқлолияти Тоҷикистонро боз ҳам устувор гардонд. Нури умед ба дили мардум роҳ ёфт ва Ҳукумати ҷумҳурӣ имконият пайдо кард, ки барномаҳои иқтисодиву иҷтимоиро босуръат амалӣ намояд.

Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯён бо маҳорати баланд шеърҳо дар васфи Ватан, Модар ва Ваҳдати миллӣ қироат намуданд.

Бояд таъкид кард, ки пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ заминаи асосии рушди устувори ҷомеа мебошад. Агар хоҳем, ки мамлакати мо боз ҳам тараққикарда бошад ва наслҳои оянда зиндагии сазовор дошта бошанд, бояд ҳамеша сулҳу оромиро ҳифз намуда, ба халалдор шудани он роҳ надиҳем.

Шуъбаи тарбияи МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.