ҶАВОНОН — НЕРӮИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

0 2

Санаи 20.05.2026 дар саҳни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» бахшида ба таҷлили бошукӯҳи «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» чорабинии фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони «Шукуфон бод айёми ҷавонӣ» дар фазои идона ва руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур ҷонишини директор оид ба таълим Нуруллоён Сарвиноз, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақа дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Дилшод, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб Абдуллоев Раҳим, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни коллеҷ иштирок намуданд.

Нахуст чорабиниро ҷонишини директор оид ба таълим Нуруллоён Сарвиноз ифтитоҳ намуда, ҳозирин ва тамоми ҷавонони коллеҷро ба муносибати «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» самимона табрик гуфтанд. Қайд гардид, ки сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар таҳти таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои рушди зеҳнӣ, маънавӣ ва касбии ҷавонон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа дар рушду пешрафти давлат нақши муассир дошта, имрӯзҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаъолона саҳм мегузоранд. Маҳз нерӯи созанда, ҳисси баланди ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва ташаббускории ҷавонон омили асосии пешрафти ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад.

Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақа дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Дилшод зимни баромади худ иброз доштанд, ки ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дорои ҷаҳонбинии муосир ва афкори нав буда, дар татбиқи технологияҳои замонавӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас доранд. Ҳамчунин, мавсуф қайд намуданд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи таълиму тарбияи ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоиди таҳсилу фаъолият таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Сипас, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз суханронӣ намуда, ҷавононро ҳамчун идомадиҳандаи роҳи созандаи миллат ва ояндаи дурахшони кишвар арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки ҷавонони саодатманди даврони истиқлол бояд бо ҳисси баланди масъулият, дониши замонавӣ ва муҳаббат ба Ватан дар рушду ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.

Дар доираи чорабинӣ бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» донишҷӯёне, ки дар озмунҳои фаннии дохиликоллеҷӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин дар мусобиқаҳои варзишӣ соҳиби ҷойҳои намоён гардидаанд, дар якҷоягӣ бо омӯзгорони роҳбарашон бо сипосномаҳо, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ин иқдом боиси баланд гардидани рӯҳияи ҷавонон ва ҳавасмандии бештари онҳо ба илмомӯзӣ, эҷодкорӣ ва варзиш гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки сарояндагони шинохтаи шаҳри Кӯлоб ва ҳунарнамоии донишҷӯёни фаъоли коллеҷ пешкаши ҳозирин гардида, ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хоса бахшид. Сурудҳои ватандӯстона, саҳнаҳои тарбиявӣ ва баромадҳои ҷолиби ҳунарӣ хотири иштирокчиёнро болида гардонида, чорабинӣ дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва руҳияи ифтихори миллӣ анҷом пазируфт.

Дилбар Мирзоева

Раиси созмони ҷавонони МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода.Р.А»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.