МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ КАФИЛИ РУШДИ УСТУВОР

0 9

Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Бинобар ин бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия ва муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зиддикоррупсионии давлат ва ҷомеа, ба муборизаи зиддикоррупсионӣ ҷалб намудани тамоми мардум мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Тавассути барномаҳои фарҳангӣ ва нишон додани паҳлуҳои манфии амалҳои коррупсионӣ метавон ба раванди мубориза бо коррупсия таъсири мусбат расонд”. Қобили зикр аст, ки асосҳо ва усули асосии ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ дар Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла дар боби дуюми қонуни асосии кишвар ҳуқуқ ва озодиҳои табБии инсон ва шаҳрванд расман эътироф шудааст. Коррупсия дар низоми хизмати давлатӣ нақши муҳим доранд. Дар фасли дуюми боби сеюм таҳти унвони “Омилҳои муқовимат бо коррупсия ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти назораткунанда дар ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гуфта мешавад, ки коррупсия таносуби байни зерсохторҳои ҳокимиятро хароб сохта, боварии мардумро ба давлат коҳиш медиҳад, ҷудоии байни ҷомеа ва давлатро дучанд месозад ва барои пойдории давлат хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.

Бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия дар кишвар ва муттаҳидсозии талошҳои зиддикоррупсионии давлат, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар кори мубориза ва муқовимати мақсаднок бо коррупсия Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 дар хусуси таъсиси мақомоти махсуси зиддикоррупсионӣ — Агентии оид ба назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки вазифаҳои асосии он аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳамдиҳӣ ва ошкорсозии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, огмӯзиши ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалисозии маҷмӯи тадбирҳо оид ба сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ иборат буд.

Таҳлилҳои муқоисавӣ нишон медиҳанд, ки бо таъсисёбии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои коррупсионӣ ва хавфу хатари онҳо ба сиёсат, ҳуқуқ, иқтисодиёт, маънавиёт ва пойдории низоми давлатдорӣ ба андозаи назаррас коҳиш ёфтааст. Таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия яке аз дастовардҳои муҳими Тоҷикистон дар ин самт ба ҳисоб меравад. Ин ниҳод масъули назорати истифодаи дурусти маблағҳои буҷетӣ, амволи давлатӣ, таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон мебошад. Ташаббусҳо ва стратегияи тасвибнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он мусоидат намуд, ки чораҳои пешгирии зуҳури коррупсия дар ҳамаи самтҳо фаъол гардида, ба рушди нерӯи инсонӣ дар муқовимат бо коррупсия, роҳҳои пешгири ва коҳиш додани шиддати он мусоидат намуданд. Ҷиҳати баланд бардоштани дараҷаи шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳаи хизматӣ давлатӣ, муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳамагуна шаклҳои рафтори коррупсионӣ ва ошкору пешгирӣ намудани чунин амалҳо заминаҳои боэътимод фароҳам оварда шудаанд.

Вазифаҳои асосии мубориза бо коррупсия аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва татбиқи чораҳои пешгири кунанда иборат мебошад. Коррупсия ҳамчун падидаи маефӣ ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ халал мерасонад. Он боварии мардумро ба сохторҳои давлатӣ коста гардонида, адолатро зери хатар мегузорад. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия на танҳо вазифаи давлат мебошад, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Коррупсия хело решаҳои таърихии қадимӣ дорад ва имрӯз, дар баробари мушкилоти глобалӣ табдил ёфтааст.

Дар ин замина зарур аст, ки ба шаҳрвандон моҳияти ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва роҳҳои муқовимат ба он фаҳмонида шаванд. Моро зарур аст, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус кормандони соҳаи маориф ва дигар сохторҳо, бояд мубориза бо коррупсияро вазифаи шаҳрвандии худ донанд.

Ин таҷриба нишон медиҳад, ки танҳо бо қонунгузории қавӣ не, балки бо шаффофият ва иштироки ҷомеа метавон сатҳи коррупсияро коҳиш дод. Яке аз омилҳои асосии пешгирии коррупсия тарбияи дурусти ахлоқии ҷавонон мебошад. Барои самаранок мубориза бурдан бо коррупсия зарур аст, ки низоми электронӣ дар хизматрасониҳои давлатӣ густариш ёбад. Дар маҷмӯъ муқовимат бо корруасия раванди дарозмуддат ва душвор аст. Он ҳамкории давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрвандро талаб мекунад.

Дар хулоса, муқовимат бо коррупсия масъулияти муштараки давлат ва ҷомеа мебошад. Танҳо бо ҳамкории зич ва татбиқи чораҳои муассир метавон сатҳи коррупсияро коҳиш дод ва ҷомеа одилу пешрафтаро бунёд кард.

Дилбар Мирзоева

Раиси созмони ҷавонони МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода.Р.А»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.