ВАҲДАТ – ПОЯИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

0 0

«Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт».

                                            Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдати миллӣ яке аз бузургтарин ва муқаддастарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ халқи тоҷик тавонист давлати навини худро бунёд намуда, ба сӯи рушду тараққиёт қадамҳои устувор гузорад. Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бо ифтихор аз Ваҳдати миллӣ ёд мекунад, зеро он барои миллати тоҷик неъмати бебаҳо ва сарвати гаронбаҳо мебошад.

Ваҳдат маънои иттиҳод, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдигарбахшӣ ва сарҷамъии мардумро дорад. Миллате, ки ваҳдат дорад, соҳиби нерӯи бузург буда, метавонад ба ҳама гуна мушкилот ғолиб ояд. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки парокандагӣ ва низоъ ҷомеаро ба ақибмондагӣ мебарад, аммо ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳод давлатро ба пешрафт мерасонад.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои бисёр вазнинро аз сар гузаронд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишвар, зиндагии мардум ва ояндаи давлат хисороти бузург расонид. Ҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданд, ҳазорони дигар муҳоҷир ва гуреза шуданд, бисёр оилаҳо аз ҳам пошиданд ва иқтисодиёти мамлакат ба буҳрони шадид рӯ ба рӯ гардид.

Дар чунин шароити бисёр ҳассосу мураккаб фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорат ва хирадмандии сиёсӣ роҳбарии давлатро ба уҳда гирифтанд. Сарвари давлат аз рӯзҳои нахустин барои барқарор намудани сулҳу оромӣ ва сарҷамъ намудани миллат тамоми кӯшишу талоши худро равона намуданд.

Бо ташаббус ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат музокироти сулҳи тоҷикон оғоз гардид. Ин музокирот дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Афғонистон, Эрон, Русия ва Покистон баргузор шуд. Ниҳоят, баъди гуфтушунидҳои тӯлонӣ ва заҳматҳои зиёд, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Имзои ин санади таърихӣ барои халқи тоҷик оғози марҳилаи нави давлатдорӣ гардид. Дар кишвар сулҳу субот пойдор шуда, мардуми парешон дубора сарҷамъ гардиданд. Гурезаҳо ба Ватан баргаштанд, зиндагии осоишта оғоз ёфт ва Тоҷикистон ба сӯи рушду пешрафт қадам гузошт.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар ва ором дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст. Дар даврони ваҳдат дар мамлакат садҳо муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, роҳу нақбҳо, неругоҳҳои барқӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ сохта шуданд. Ҳамаи ин пешрафтҳо самараи сулҳу ваҳдати миллӣ мебошанд.

Ваҳдати миллӣ на танҳо сулҳу оромӣ, балки заминаи асосии рушди давлат, таҳкими истиқлолият ва зиндагии шоистаи мардум мебошад. Маҳз ба шарофати ваҳдат имрӯз ҷавонони мо дар фазои ором таҳсил мекунанд, соҳибкасб мешаванд ва барои ободии Ватан саҳм мегузоранд.

Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки сулҳу ваҳдат ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои расидан ба ин неъмати бузург ҳазорон нафар ҷоннисорӣ кардаанд. Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Рӯзи 27-уми июн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон рӯзи сарҷамъӣ, рӯзи ифтихор ва рӯзи сипосгузорӣ аз сулҳу субот аст. Ин санаи таърихӣ моро водор месозад, ки ба қадри сулҳу ваҳдат расем ва барои пойдории он ҳамеша кӯшиш намоем.

Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи нодири сулҳофаринӣ аз ҷониби бисёр давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Ин далели он аст, ки халқи тоҷик бо сарварии Пешвои миллат тавонист роҳи дурусти сулҳу созиш ва ҳамдигарфаҳмиро интихоб намояд.

Ваҳдати миллӣ барои мо танҳо як калима нест, балки рамзи ҳастӣ, бақои давлат ва ояндаи дурахшони миллат мебошад. Агар ваҳдат бошад, давлат пойдор мемонад, иқтисодиёт рушд мекунад ва мардум зиндагии осоишта ба сар мебаранд.

Бинобар ин, мо – фарзандони Тоҷикистони соҳибистиқлол, вазифадорем, ки ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем, нагузорем, ки ҳеҷ нерӯи бадхоҳ ба сулҳу суботи кишварамон халал ворид созад ва барои ободию пешрафти Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.

Бигузор дар Тоҷикистони азиз ҳамеша сулҳу ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо бошад ва Парчами давлатии мо дар фазои сулҳу субот ҳамеша парафшон бимонад.

Бобошоева Ҳавасмоҳ

Китобдори МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.