Тоҷикистон имрӯз ба чаманистони ваҳдат табдил ёфтааст ва мардум аҳамият ва зарурати ин неъмати бебаҳо – ваҳдату ҳамбастагии миллиро ҳарчи бештар дарк намуда, барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ пайваста талош менамоянд.
Дар ҳақиқат, сулҳу ваҳдат, якпорчагӣ ва сарҷамъии мардум муҳимтарин омилҳои таҳкимбахши соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва рушди устувори он мебошанд.
Мо, ки имрӯз аз ваҳдат ва зиндагии осоиштаи мардум сухан мегӯем, пеш аз ҳама бояд аз таърихи пурифтихори сайъу талошҳои миллати тоҷик ва фарзандони бонангу номуси он, ки баҳри ба даст овардани ин неъмати гаронбаҳо ҳастии худро фидо кардаанд, огоҳ бошем. Пеш аз ҳама, мо бояд дар бораи саҳми арзандаи фарзандони фарзонаи миллат ва махсусан нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳарф занем.
Воқеан, дар роҳи пуршарафи расидан ба ваҳдати миллӣ ва таъмини рушди устувори Тоҷикистони навин нақши барҷастаи меъмори воқеии Ваҳдат ва бунёдгузори Тоҷикистони муосир, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хеле бузург ва нотакрор аст. Маҳз ҷасорат, садоқат, самимият, қудрату тавон, фидокорӣ, меҳру муҳаббати бузург ва қалби саршор аз меҳри Ватан буд, ки мардуми Тоҷикистон ба сулҳу ваҳдати комил комёб гардиданд.
Талошҳои шабонарӯзӣ, ҷонфидоиҳо ва сарсупурдагиҳои ин фарзонаи миллат омили асосии сарҷамъии миллати дар ҳоли парокандагӣ қарор дошта ва аз ҳолати фаношавӣ раҳо ёфтани давлати тоҷикон гардид.
Ба ваҳдати комил расидани миллати куҳанбунёди тоҷик роҳи пур аз шебу фароз, мушкилоту нокомиҳо ва ҷонфидоию истодагариҳо буд. Бояд қайд кард, ки дар чунин лаҳзаи ҳассоси таърихӣ танҳо шахсе метавонист зимоми давлатдориро ба даст бигирад, ки тақдири миллат ва давлатро аз тақдири шахсии худ боло гузошта бошад.
Сулҳофарӣ ва ваҳдатофарии миллати тоҷик, бахусус Пешвои миллат, дар таърих беназир аст. Дар марҳилаи хеле ҳассоси таърихӣ, ки истиқлолияти тоҷикон зери хатари ҷиддӣ қарор гирифта буд, маҳз хираду заковат, ватандӯстӣ ва садоқат ба халқу давлат боис гардид, ки вазъи мураккаби кишвар аз байн равад.
Дар ҳақиқат, қобилияти баланди сиёсӣ, хирад ва дониши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар раванди сулҳофарӣ ва ваҳдатофарӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор дорад. Танҳо устуворӣ ва матонати шахсии Пешвои миллат буд, ки миллати тоҷик аз вартаи мушкилиҳо ва санҷишҳои пешомада раҳо ёфта, ба ин рӯзҳои нек расид.
Бинобар ин, моро зарур аст, ки аз ин дарси бузурги сулҳу ваҳдатофарии Пешвои миллат ибрат гирифта, онро ба наслҳои ҷавон расонем. Заҳматҳои ин фарзанди ватандӯсту халқпарвар бояд мавзӯи омӯзиш ва тарбия барои ҳар як муассисаи таълимӣ ва ҳар як омӯзгор бошад.
Набояд фаромӯш кард, ки таҷрибаи сулҳофарӣ ва ваҳдатофарии тоҷикон имрӯз мавриди омӯзиши ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Қудратмандтарин сиёсатмадорон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аз сулҳу ваҳдатофарии тоҷикон сухан мегӯянд ва онро ҳамчун намунаи нодири ҳалли низоъҳои сиёсӣ арзёбӣ мекунанд.
Имрӯз кам нестанд халқу миллатҳое, ки орзуи сулҳу ваҳдатро доранд, аммо на ҳамаи онҳо ба ин неъмати муқаддас дастрасӣ доранд. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки шукронаи ин неъмати бебаҳоро ба ҷо оварда, барои таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар пайваста талош намоем.
Сулҳофарӣ ва ваҳдатофарии Пешвои миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намунаи барҷастаи ватандорӣ ва халқпарвариро таҷассум мекунад.
Ҳақ ба ҷониби нависандаи маъруф Чингиз Айтматов аст, ки гуфтааст:
Дар шароити таҳаввулоти босуръати ҷомеаи ҷаҳонӣ моро зарур аст, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат андешаи сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири фарҳанг ва ҳувияти миллӣ қабул намуда, барои таҳкими ҳарчи бештари ин неъмати бебаҳо саъю талош намоем.
Сулҳу созиш ва ваҳдати миллӣ барои кишвари тоҷикон омили муҳими дастоварду комёбиҳо гардидааст. Бо шарофати ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар арсаи байналмилалӣ мақому нуфузи бештар касб намудааст.
Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат ва сиёсати хирадмандонаи ин сиёсатмадори варзида ба яке аз кишварҳои ташаббускор дар ҳалли масоили глобалии ҷаҳон табдил ёфтааст.
Ҳамаи ин талошҳои Пешвои миллат ганҷинаи таҳкимбахши ваҳдати миллӣ мебошанд. Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки ҷонибдори сиёсати созанда ва ватандӯстонаи Пешвои миллат бошем.
Махсусан омӯзгорону мураббиёнро лозим аст, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат барои афзун гардонидани дастовардҳои бадастомада насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намоянд.
Чуноне ки Пешвои миллат таъкид мекунанд:
«Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватанию соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи ватани соҳибистиқлолро ба ҷо оварем, онро сидқан дӯст дошта, ба он ҳамеша содиқ бошем ва тамоми фаъолияти худро ба хотири пешрафту нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ равона созем».