ВОХӮРИИ ДОНИШҶӮЁН БО КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ ОГОҲОНӢ ВА ПЕШГИРИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ НОБОЛИҒОНУ ҶАВОНОНИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКМСТОН

0 10

Санаи 30 апрели соли 2026 дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» вохӯрии судманд бо иштироки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур лейтенанти калони милитсия Қодирзода Фирӯз — корманди Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Ҳамидзода Дилшод — нозири калони ГОПХНҶ, ҚМ РВКД ва сардори шуъбаи таълим Сафарзода Файзалӣ иштирок намуда, бо донишҷӯён суҳбати озоду судманд анҷом доданд.

Зимни баромади худ Қодирзода Фирӯз иброз доштанд, ки либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз либосҳои миллӣ, аз қабили атлас, адрас ва зардӯзӣ на танҳо дар дохили кишвар, балки дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун рамзи фарҳанги волои тоҷикон муаррифӣ мегарданд.

Таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванд, бахусус ҷавонон, бояд аз бегонапарастӣ ва хурофотпарастӣ дурӣ ҷӯянд ва ба арзишҳои миллӣ арҷ гузоранд. Дар ин замина, иқтибос аз суханони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оварда шуд: «Либоси миллӣ ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ ва нишонаи ифтихору ҳувияти тоҷикон мебошад».

Ҳамзамон ба ҷавонон ва бонувон тавсия дода шуд, ки дар интихоби либос масъулиятшинос бошанд ва фарҳангу анъанаҳои миллиро эҳтиром намоянд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Сафарзода Файзалӣ иброз доштанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи танзим ва риояи либоси миллӣ тадриҷан ба як меъёри фарҳангӣ табдил ёфта истодааст. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам на ҳамаи қишрҳои ҷомеа талаботи онро пурра риоя менамоянд.

Қайд гардид, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳё ва рушди арзишҳои миллӣ, аз ҷумла фарҳанги либоспӯшӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Яке аз намунаҳои барҷастаи ин фарҳанг чакани тоҷикӣ мебошад, ки имрӯз ҳамчун рамзи зебоӣ ва ҳунари миллӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст.

Дар умум, таъкид шуд, ки одобу ахлоқ ва сатҳи маърифат дар интихоби либос нақши муҳим дошта, ҳар як шахсро водор месозад, ки боандеша рафтор намуда, ҳувияти миллии худро ҳифз намояд.

ШУЪБАИ ТАРБИЯИ МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода.Р.А»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.