БА 20 НАФАР ДОНИШҶӮЁНИ ФАЪОЛ СТИПЕНДИЯИ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА Р.А. ТАҚДИМ КАРДА ШУД

0 8

     Санаи 28 феврали соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои илмӣ-педагогии МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» чорабинии тақдими стипендияи ба номи Раҳмонзода Р.А. ба донишҷӯёни фаъол баргузор гардид. Боиси тазаккур аст, ки соли чорум аст стипендияи мазкур аз ҷониби яке аз фарзандони олим Раҳмонзода Бузургмеҳр Раҳматулло ба донишҷӯёне, ки давоми соли таҳсил бо баҳои аъло таҳсил намудаанд, дар озмунҳо ва чорабиниҳои тарбиявӣ ва варзишии сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ иштироки фаъол намуда, ба дастовардҳо назаррас ноил гардидаанд тақдим карда мешавад. Дар ин сол низ ҳаҷми стипендияи номӣ 20 000 (бист ҳазор) сомониро ташкил дод ва он ба 20 нафар донишҷӯёни фаъол бо маблағи 1000 сомонӣ тақдим карда шуд.

     Пеш аз оғози чорабинӣ Бузургмеҳр Раҳмонзода аз осорхонаи профессор Раҳмонзода Р.А. ва синфхонаи фанни асабшиносӣ дидан намуда, оид ба мукаммал намудани он як қатор пешниҳодҳо намуд. Ӯ бо нақшаи ташкили осорхона, бахшида ба 70 солагии ошно гашта, иброз намуд, ки дар корҳои таъмирию таъминии он саҳм хоҳад гузошт.

     Зимни вохӯрӣ Бузургмеҳр Раҳмонзода донишҷӯёни бо стипендия сазовор гаштаро табрик гуфта, аз онҳо таъкид намуд, ки аз шароитҳои имрӯзаи дар коллеҷ мавҷудбуда, ки натиҷаи сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад истифода намуда, боз ҳам дар таҳсил фаъолтар бошанд ва мутахассиси хуб гашта, дар оянда дар нигаҳдории солимии аҳолӣ саҳмгузор бошанд.

    Аҳли роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ ба Раҳмонзода Бузургмеҳр Раҳматулло барои ҳамкорӣ дар беҳтар намудани заминаи моддию техникии коллеҷ ва дастгирии донишҷӯёни фаъол изҳори сипос менамоянд.

         Раёсати колеҷ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.