ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ ВА АРҶГУЗОРӢ БА ФАРЗАНДОНИ ФАРЗОНАИ МИЛЛАТ (25.05.2026)

0 0

​»Ҳадафи мо аз гиромидошт ва зинда нигоҳ доштани ном ва корномаи фарзандони бузурги миллати тоҷик ҳифз кардани таърихи пурифтихори худ мебошад.»

                                           Эмомалӣ Раҳмон

​Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” бо ташаббуси роҳбарияти муассиса дар ҳошияи маросими ба Ватан баргардонидани хокистари қаҳрамонони миллат конференсияи илмӣ-маърифатӣ баргузор гардид.

​Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ ва намоиши филми мустанад дар мавзуи “Эҳёи адолати таърихӣ ва арҷгузорӣ ба фарзандони фарзонаи миллат” оғоз ёфт.

​Сипас, муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ Маҳмудзода Қ.Н. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, доир ба корнамоиҳо ва ҷоннисориҳои фарзандони барӯманди миллат суханронӣ кард.

​Дар идомаи ҳамоиш маърӯзаҳои илмии устодони муассиса дар мавзуъҳои зерин пешниҳод гардиданд:

​Саидова Дилафрӯз — мудири кафедраи “Забон ва адабиёти тоҷик” дар мавзуи “Шириншоҳ Шоҳтемур ва саҳми ӯ дар ҳимояи манфиатҳои миллии тоҷикон”;

​Қурбоналиева Лайлӣ — мудири кафедраи “Забони русӣ” дар мавзуи “Арҷгузорӣ дар таърих ва қаҳрамонони миллат”;

​Ҳакимова Манзура— мудири кафедраи “Забони англисӣ” дар мавзуи “Эҳёи адолати таърихӣ ва арҷгузорӣ ба фарзандони фарзонаи миллат”.

​Маърӯзачиён таъкид намуданд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамасола рӯйдодҳои муҳими таърихиро дар саҳифаҳои худ сабт менамояд. Имрӯз мардуми шарафманди тоҷик дар атрофи як иқдоми неку беназири Пешвои миллат андешаронӣ мекунанд.

​Тавре маълум аст, 18–19 майи соли ҷорӣ рӯйдоди муҳиме дар таърихи миллат ба амал омад, ки таваҷҷуҳи ҷомеаро ба худ ҷалб намуд. Бо мақсади бартараф намудани ноадолатиҳои таърихӣ, барқарор намудани адолат ва таҳкими ҳувияти миллӣ, бо дастури бевоситаи Пешвои миллат хокистари се чеҳраи барҷастаи таърихӣ — Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад — аз қабристони шаҳри Маскав ба Ватан интиқол дода шуд.

​Ин абармардон дар марҳилаи ҳассоси ташаккули давлатдории тоҷикон барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими худшиносӣ ва бунёди давлатдории навин саҳми бузург гузоштаанд.

​Хотираи Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ҳамчун рамзи ҷовидонаи ватандӯстӣ, садоқат ва ҷасорат дар таърихи миллати тоҷик абадан боқӣ хоҳад монд. Зиндагӣ ва фаъолияти онҳо барои наслҳои имрӯза ва оянда мактаби бузурги худшиносӣ ва хизмат ба Ватан мебошад.

Дар анҷоми чорабинӣ, конференсияро сардори шуъбаи таълим Сафарзода Файзалӣ ҷамъбаст намуд. Мавсуф зимни баромади худ таъкид дошт, ки ҷавонони имрӯза, махсусан донишҷӯёни соҳаи тиб, бояд дар баробари омӯзиши илмҳои муосир, аз таъриху гузаштаи пурифтихори миллати худ ва корнамоиҳои чеҳраҳои барҷастаи он огоҳ бошанд. Вай афзуд, ки омӯзиши ҳаёти ин абармардон беҳтарин мактаби ватандӯстӣ ва худшиносӣ барои насли ҷавон аст ва онҳоро ба хизмати содиқона ба халқу Ватан ҳидоят менамояд.

​Маҳмудзода Қ.Н.

Муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалии МДТ «Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.